Бахшҳо

Раиси ҷумҳур: “Аз хешутаборбозӣ даст кашеду афроди шоистаро ба кор гиред”

Ҳасан Руҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон аз раҳбарони шаҳру вилоятҳои кишвараш хост, аз хешутаборбозию қавмгароӣ даст кашанду афроди шоистаро ба кор гиранд.

Ӯ дар як суханронии худ рӯзи 7 август, гуфтааст, кишварро дигар бо роҳи хешутаборбозӣ, фасодкорӣ, ҷиноҳбозӣ, ҳизббозию тоифагароӣ намешавад пеш бурду бояд муттаҳид шуд ва корҳоро ба афроде вогузор кард, ки шоистаи онанд. Рӯҳонӣ аз раҳбарони шаҳру навоҳии Эрон даъват кардааст, зери таъсири ҳеч ҳизбу ҷиноҳ қарор нагиранду ҳар кас лоиқи мақому вазифа аст, ба кор даъват кунанд.

“Ҳангоми ҷалб намудан ба кор набояд зану мард, мазҳаб ва тоифа авлавият дошта бошад”,-изҳор доштааст ӯ.

Ҳасан Руҳонӣ дар идома бори дигар бо як лаҳни тунд аз ҳукуматдории Маҳмуд Аҳмадинажод – раиси ҷумҳури пешини ин кишвар норозигӣ карда, масъулини он вақтро барои азхудкунии пули мардуму давлат ва беақлӣ муттаҳам кард. Ӯ мегӯяд, "дар давлати қаблӣ таҳти шиори давр задани таҳримҳо нафтро ба иддае доданд, бурданду хӯрданд ва мардуми Эронро давр заданд.”

Руҳонӣ бо зикри ин нукта, ки бархеҳо барои рӯпуш кардани расвокориҳои он вақт бозиҳоеро ба миён меоранд, афзудааст: “Қасди даъво бо касеро надорем, аммо мардум бояд бидонад, ки дар солҳои пешин чӣ корҳое алайҳи онҳо кардаанд.”

Ба гуфтаи Ҳасан Руҳонӣ, омили аслии гирифтор шудани Эрон ба таҳримҳои Ғарб беақлии ҳукуматдорони он вақти кишвараш мебошад: “Меӯянд, чӣ дорад он кас, ки ақл надорад ва чӣ надорад, он кас, ки ақл дорад? Бо беақлиҳо коре карданд, ки онҳо биёянду нафти моро таҳрим кунанд.” Ин изҳороти тунди Руҳонӣ дар ҳолест, ки ӯ чанд моҳи қабл низ давраи ҳукуматдории Маҳмуд Аҳмадинажодро зери тозиёнаи танқид қарор дода, гуфта буд, “бархеҳо таҳти шиори мубориза бо абарқудратҳо даст ба ҷайби мардум заданду пулу моли онҳоро ғорат карданд.”
Мӯҳр
Чамик
Ахсан ба Ахмади Нажод, ки хангоми хукумрониаш аз тамоми мамлакатхои исломи аз чумла аз Фаластин пуштибони мекард ва мардум нисбати давлати Эрон умедхои зид доштаанд! Лекин аз вакти Хасани Рухони сари вазифа омадааст хамуширо авлотар донистааст.

Тамаддун
Рухони - Ирони наверо ба чомеаи чахони муаррифи мекунад. Муаффак бошад.

Амир Темир
Хасан Рухони одами боимон ва Худотарс менамояд.Бигзор гуфтааш ба амалаш мувофик гардад.Офарин чаноби Рухони.

Сухроб
Ахсан ба шумо Чаноби Хасан Рухони Кошке дар Чумхурии Точикистон хам Хешутабори Вазифа Таксимкуни Аз байн равад

Ҳасан Руҳонӣ – раиси ҷумҳури Эрон аз раҳбарони шаҳру вилоятҳои кишвараш хост, аз хешутаборбозию қавмгароӣ даст кашанду афроди шоистаро ба кор гиранд.

Ӯ дар як суханронии худ рӯзи 7 август, гуфтааст, кишварро дигар бо роҳи хешутаборбозӣ, фасодкорӣ, ҷиноҳбозӣ, ҳизббозию тоифагароӣ намешавад пеш бурду бояд муттаҳид шуд ва корҳоро ба афроде вогузор кард, ки шоистаи онанд. Рӯҳонӣ аз раҳбарони шаҳру навоҳии Эрон даъват кардааст, зери таъсири ҳеч ҳизбу ҷиноҳ қарор нагиранду ҳар кас лоиқи мақому вазифа аст, ба кор даъват кунанд.
Кош ин суханонро ба чои Президенти Эрон - дар кишвари азизи худамон Точикистон мегуфтанд. Хамаи ин суханхо танхо барои пешрафти чомеа ва иктисодиёти кишвар кайд шудааст. Яъне у дар фикри бехбуди кишвараш кушиш намуда истодааст.
Ахсан.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)