Бахшҳо
08 авг 2014 12:15Тоҷикистон / Сиёсат

Баъд аз шаш сол... Ислом Каримов ба Тоҷикистон меояд

Қарор аст, Ислом Каримов -- раиси ҷумҳури Узбакистон бо як сафари корӣ ба Душанбе биёяд. Масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло санаи дақиқи сафари Каримов маълум нест, аммо ӯ бояд дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой (ШОС) иштирок бикунад, ки 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафари раиси ҷумҳури Узбакистон, дидору мулоқоти як ба яки ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷикаш, дар назар аст. Мулоқоти хоси Каримову Раҳмон ҳанӯз чаҳор соли пеш, дар ҳамоиши сарони кившарҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой дар Тошканд сурат гирифта, раиси ҷумҳури кишвари ҳамсоя шаш соли пеш ба Душанбе омада буд.

Тоҷикистону Узбакистон ҳарчанд кишвари ҳамсоя ва ба ҳам наздиканд, аммо баъд эълони мустақилият муносибати онҳо ба сардӣ гароида, то ҳол нармиш пайдо накардааст. Узбакистон яке аз мухолифони ашаддии тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон аст ва иддао дорад, дар сурати бунёди садди 335-метрии обанбори ин нерӯгоҳ кишварҳои поёноби минтақа ташналаб хоҳанд монд. Инчунин, Тошканд борҳо алайҳи корхонаи алёминиюми тоҷик, ТАЛКО, баромад карда, фаъолияти онро ба муҳити зист зараровар хондааст.
Мӯҳр
Р
Пайи кадами шумашро нагзорад бехтарар аст.

Антигузбак
Агар хазор бор бо мулокот кунанд хам хеч натичаи дурусте барои мардуми точик нахохад буд, виза бекор нахохад шуд, рафту омад сабуки нахохад ёфт, зеро давлати Узбакистон сарзаминхои моро ишгол кардааст ва масали дуздро шабхо хобаш намебарадро ба ёд меорад, дар камтарин холат бояд Самарканду Бухороро баргардонад.. баъдан эхтимол муносибатхо то як андоза бехтар шавад.. ё тамоми мардуми точики Узбакистон бояд сиратану суратан узбак шаванд то ки хотири узбакхо дар он холат чамъ мешаваду дар ин чо хеч точике нест гуфта ба мардуми дунё исбот мекунанд ва мо хам ба гузашта салавот мегуему.. аз паи кори худ мешавем..

Гес
Хатман дипломатияи точик бояд кор кунад инчо!Аъло!

Беафсала
Ки медонад, шояд дар сари пириаш аз мардуми точику узбак бахшиш мепурсад.

Антилули
Антигузбак,
ты сперва отвоюй нынешних территории у китайцев.

кухзод
ХУШ КЕЛБСИЗ!!!!!! ИН руз хам муясар будааст ку ,

Тахмина, Хучанд
Ислом Каримов ин ободиву сулху салохи мо-точиконро аз ВАО-ю чосусонаш шунида, бовариаш наомада, бо сад алам шояд худаш меояд.

Чаноби Ислом Каримов мохи сентябр ба шахри мо ташриф меоранд. Хуш омадаанд. илохо хама ба хуби анчом ебад ва Душанбе бо Тошканд мисли як даврони пештара дуст шаванд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)