Бахшҳо

“Кайфу сафо”-и язнаи президент ва ҷӯраҳояш дар Душанбе

Торнамои “Хроника Туркменистана” аз ҷузъиёти то ин дам норӯшани “омодагӣ ба сафари расмӣ”-и моҳи майи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури Туркманистон, ба Душанбе матлабе ба чоп расондааст. Манбаъ мегӯяд, язнаи Бердимуҳаммадов гӯиё дар пойтахти Тоҷикистон 100 000 доллар харҷ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, дар остонаи сафари президенти Туркманистон ба Душанбе, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифта буд, шавҳари яке аз хоҳарони Бердимуҳаммадов ба пойтахти Тоҷикистон омадааст. “5-6 май сафари расмии президенти Туркманистон дар Тоҷикистон сурат пазируфт. Қабл аз ин, 29 апрел гӯиё барои ҳал кардани масъалаҳои омодагӣ ба ин сафар язнаи президент бо панҷ дӯсташ ба Душанбе рафтаанд”,-навиштааст торнамо.

“Хроника Туркменистана” менависад, харҷи ин шаш нафар аз ҳисоби буҷаи Туркманистон пардохта шудааст. “Дар ҳоле ки дар Душанбе сафоратхонаи Туркманистон мавҷуд аст ва метавонад (бояд) тамоми масъалаҳои марбут ба сафарро ҳал кунад”,-мегӯяд манбаъ.

“Ҳамон шаб, (29 апрел) язнаи президент ҳамроҳи дӯстонаш ба клуби шабонаи маъруфи Душанбе “Девятый вал” рафта, то субҳ 16 000 доллар масраф кардаанд. Ба ҷуз аз харҷҳо барои ғизо ва нӯшокӣ, ин ҳайат ба мутрибон ҳам саховатмандона пул додаанд, бо дархости онҳо ду бор дар васфи Ашқобод ва се бор дар мавриди мустақилияти Туркманистон суруд иҷро шудааст”,-навиштааст “Хроника Туркменистана”.

Тақрибан бо ҳамин усул язнаи раиси ҷумҳури Туркманистон ва дӯстонаш чанд рӯзу шабро дар Душнабе сипарӣ карда, ба маблағи наздик ба 100000 доллар масраф кардаанд. “Оё ин харҷҳо ба нафъи сафари расмии президенти Туркманистон анҷом шуданд, ё не то ҳол номаълум аст”,-хулоса кардааст “Хронике Туркменистана”.
Мӯҳр
Ал-масраф
“Девятый вал” Счёт 16000 доллар: суруд ду бор васфи Ашқобод ва се бор мустақилияти Туркманистон. Это нормально, дар рохи Ватан ва васфи Истиклолият.

Аз паша фил сохтаанд ку

бояд кумитаи андоз барои тафтиш мутахассисони худро ба “Девятый вал” бифиристад. ва аник гардонад ки андоз аз 16000 доллар супоридаанд е на =))

Дусти туркман
Мо туркманхоро хамчун халке сохиби давлат ва хамчун миллат мешиносем аммо Узбакистонро хамчун мамлакат шинохтан чиноят аст ва хиёнат он кишвари маснуъи ватани асосии хар точик хаст, ки ба ишгол даромад наздик ба 100 соли пеш.. зулмро кабул кардан гунох аст ва золим будан хам. точикони тамоми дунё бо рохи конуни бояд ватани ачдоии худро сохиб шаванд..

кумитаи андоз,
кумитаи андоз махсусан нохияи фирдавси ба гайр аз бозори корвон хамон контенерхоое ки уйгуру точикоанд ду катор тафтиш кардан дигар чоро намедонанд безор кардаанд рузи дароз меги хар гум кардаанд ба доду чавр омадем хайрият ягон корхона надорам е мини сех агане дилу чигарата мехуран наход лачомашонро хеч кас накашад то хато калонхояшон омохта шудаанд ба худо касам бо карз кор мекунем лекин ин бевичдонхо намефахманд ба маош зиндагии шохона охир беезор шудеме чи балоааст илтимос озодагон як бор чопаш бикун

Адвакат
Акаи Фаттох Саидов аз ин кор хабардор бошанд? Парванда кунанд бо иттихоми тачовуз.

Аброр
Барои ин кишвари кашшоктарини дунё чаро пул сарф мекардаанд. Хайфи ин миллату ин кишвар.

боз як хайкалу - хайкалтарош.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)