Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 24 октябр 2021, 17:16

КМИ: Довталабони курсии палатаи болоии парлумон ба 79 нафар расид

8 август 2014, 16:39

Теъдоди довталабони интихоботи намояндаҳои сенат (палатаи болоӣ)-и парлумони Қазоқистон ба 79 мерасад. Дар ин бора Владимир Фоос, муовини раҳбари Комиссияи марказии интихоботи Қазоқистон хабар додааст. “Аз 79 нафар 65 тан худпешбариянд. Миёни онҳо чор зан ҳам ҳаст”,-гуфтааст Фоос.

Муовини раҳбари Комиссияи марказии интихобот гуфтааст, чор довталаб депутатҳои амалкунандаанд: “33 тани дигар корманди мақомот, созмон ва муассисаҳои гуногуни давлатӣ, 28 нафар корманди ниҳодҳои тиҷоратӣ, 13 кас корманди илму фарҳанг ва тандурустӣ ҳастанд”. Ба ҳисоби миёна муддаиён 53 сол доранд, ҷавонтарини онҳо 37 ва солмандтаринашон 66-солаанд.

Интихоботи сенат 1 октябри соли 2014 баргузор мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бобулмандар

  • 9 август 2014 07:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар кишвари мо низ бояд парлумони касби шуруъ ба кор намояд.Ин парлумон монанд ба бузханда аст.Вакил пеш аз хама сиёсатмадор бошад.То чун Жирка Жириновскый кишвару рохбарашро тахкир кард чавоби босаводона ва нишонрас гуфта тавонад.На он,ки чун зани тарсу дар кунче хамуш нишинад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!