Бахшҳо

Ба ҷои Рустами Ҷонӣ дар “Ориёно Медиа” Худоёри Валӣ омад

Худоёри Валӣ, сармуҳаррири пешини радиои “Садои Душанбе”, ки чанде пештар ба нишони эътироз аз вазифаи худ даст кашида буд, раҳбари ширкати “Ориёно-Медиа” таъин гардидааст. Ин ширкат, ки шомили "Ориёно" ва "Радиои Имрӯз" мебошад, ба Ҳасан Асадуллозода, раҳбари “Ориёнбонк” ва додарарӯси раиси ҷумҳури Тоҷикистон марбут дониста мешавад.

Худоёри Валӣ дар ин симат ва ё ба гуфтаи худаш “масъулият” Рустами Ҷониро иваз кардааст. Ҳарчанд оқои Ҷонӣ то ҳол далели барканорияшро шарҳ надодааст, аммо раҳбари нави “Ориёно Медиа” дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ гуфт, “нияти ягон тағйироти ғайричашмдоштро надорад ва фақат мехоҳад, иттилоъ бидуни шикасту рехт ба мардум бирасад”.

"Ин роҳбарӣ нест, ҳамагӣ як масъулият аст. Ҳамавақт ҳадаф як чиз аст: беҳбуд бахшидан ба фаъолият ва нафъ расондан ба ҷамъият. Аз ин ҳам дигар зиёд чизе карданӣ нестем",-афзуд ӯ.

Рустами Ҷонӣ тайи тақрибан даҳ соли охир, шуруъ аз "Русское Радио-Ориёно" то "Радиои Имрӯз"-у таъсиси нашрияи "ИмрӯзNews" ба ҳайси мудири "Ориёно Медиа" фаъолият дошт. Ӯ то замони омаданаш ба медиа-ҳолдинги Ҳасан Асадуллозода дар Радиои Ватан ва аз он пештар дар Телевизиону Радиои Тоҷикистон кор мекард. Рустами Ҷонӣ муассиси "ИмрӯзNews" нахустин нашрияест, ки ҳар рӯзи корӣ, аз душанбе то ҷумъа, нашр мешавад.
Мӯҳр
Акнун маълум шуд, ки хамааш тибки накша будааст. Худоёри Вали ки уро касе дар олами радиожурналистика намешиносад ва тачрибаи якрузаи кориро дар расонаи мустакил надорад, чаро аз симмати сармухаррири радиои давлатии "Садои Душанбе" бо ном "истеъфо" додааст.
Ин тоифа хар кучо ободиро дид мераваду мезанаду мегираду мепароканад!
Рустами Чони кадри нотакрор дар олами журналистикаи муосир аст. Хар ёр ёре наметавонад кори уро анчом бидихад!

Муборак дусти азиз. Худо ёру мададгорат бошад. Мо хамавакт бо шумоем. Мардони кор аз назари Худованд дур намемонанд ва кош дар Точикистон азизи мо сафи мардони нексиришт ва дилсузи Ватан хазорону хазорон гардад.
Акаи Рустамбек, Гулрухсор, Малика, Зоиршо, Фируз, Нуриддини Курбон ва чамъи кормадони Идораи барномахои Иттилоотии Шабакаи якум!

Плани планкашидашуда. Барои унсурони хукуматй Худоёри Валй (Валиев Худоёр) барин одамони "сарсупурда", чандруя ва "худй" даркор. Дар арафаи интихоботи вакилони Мнмочт ин "амри вокеист".

Махфи
Шукри Худован. Акаи Худоёр муборак шавад. Ин бехтарин хабари хуш. Муборак шавад Худоёр кош чашми душманот кур шавад омин.

Шунаванда
Ин субх радиои "Имруз"-ро пахш кунам "Худат гул, баданат гул"..хондост.. Буху бугард Худоерчон аку хама гулай..

Одамшинос
Охооо и Худоёр боз радиои Имрузро хам хароб кардании чи???? Тамоми кормандони радиои имруз хамдардии маро кабул кунед. Ман медонам ки акаи Орзу Исоев ончост ва дуо мкунам ки Валиев ба у монеа эчод намекунад. Вале хеч бовар надорам ки Валиев дар унчо муддати зиёд кор меунад. Аку радиои Имруз шунавандагонашро аз даст медихад ё шояд барои Худоёр тачрибаи пештарааш даср мешавад ... Орзу дорам чи чунин шавад, вале боз...

Журналист
Ман Валиевро аз наздик надидааму намешиносам, аммо уро гоибона мешиносаму дар бораи маълумот дорам. Худоёр мутахассиси касби нест, намедонад, ки журналсит бояд чи гуна бошад ва тачрибаи кофи хам надорад, вале у метавонад худро дар сохаи кишоварзи ё чорводори санчад чунки бо чунин хислату рафтор ва тачрибаи кориаш метонад комёб гардад.

Аз радиои Точикистон
Муборак акаи Худоёр барор мехохем.

Ясмин
Типер воопше радио Имруз невозможно слущать и за токой директора ((((( Как он может стать директором если воопше нерозбирается в радио или журналистике. Просто кошмар

Орзу аллакай аз кор рафт ва максади овардани Худоёри Вали ин бастани радиои Имруз аст.....

Мушохидакор
Кормандои Озодагон ихлосамро нагардонед!!!!!!!!!!!! Барои чи коментхои маро пурра нашр накардед, тахрир мекунед пурра тахрир кунед набошад. Калимахои саросема ва хато навиштаамро ислох накардеду гапхои мухимамро намондед. Озодагон андешаи озоди мардумро нашр кун, plizzzzzzzz!!!!!!!

Журналис
Озодагон Шумо дар бораи Худоёр дигар гап назанед, тадири минбади Рустами Чониро гуед, ки чи мешавад? Уро ягон вазифаи дигар интизор аст? Охир мардаки бо савод аст. Шояд инро Хукуматдорон ба назар мегиранд!

ба худоери вали чунин насихат аз калонсолон: бештар классикаро мутолиа кунед ва чидди мутолиа кунед он дар оянда ба шумо лозим хохад шуд. ва бештар иншо нависед тачрибаи журналистика инро талаб мекунад. ва мафкураро васеъ кунед холо асри 21 аст. характер ва гуфтори кишлокиатонро аз худ берун кунед, замона инро талаб мекунад , хулоса дар хама чихат цивилизованно и культурно говорите и рассуждайте. инчунин сабукиро аз худ бадар кунед.

рустам
Худоёри Вали бехтарин журналист аст касе ки дар фаъолияташ шак дорад вай аз руйи бахили сухан мегуяд. Барои вазифа муборакбод мегуям!

Диловар
Ба Рустам
яке ту журналисти бехтариниву яке хамун Худоёрт! То шамол нашавад дарахт намечунба. я кас хато мега ду кас бад хама хато мегад худоёрт журналист нест ва набуд хам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)