Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 12:27

ВИДЕО: Нақли ҷавоне, ки мехост дар назди Қасри президент худро оташ занад

12 август 2014, 10:38

Абдураҳмон Давлатов - сокини ҷавони ноҳияи Рӯдакӣ, ки шоми 11 августи соли ҷорӣ дар назди Қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон қасди худсӯзӣ дошт, дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ин қазияро шарҳ дод.

Давлатов мегӯяд, дар пайи як ҳодисаи дуздие, ки якуним соли пеш иттифоқ уфтодаву Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ ӯро ноодилона айбдор ва ба пардохти 4 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф кардааст, барои додхоҳӣ ба назди президент рафтааст. “Ба Қасри раёсати ҷумҳурӣ рафтам. Ариза доштам, супоридам. Ман чӣ кор кунам? Наметавонам. Се фарзанд дорам, зӯрам намерасад. Ин чаҳор ҳазор сомониро аз куҷо супорам?”,-афзуд Абдураҳмон Давлатов.



ВИДЕО: Нақли ҷавоне, ки мехост дар назди Қасри президент худро оташ занадИн ҷавон нақл кард, ҳангоми ба назди Қасри президент рафтанаш “солярка” гирифта будааст ва қасд доштааст дар сурати бо Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон вохӯрда натавонистан худро оташ мезанад. “Дар он ҷо муҳофизон буданд, гуфтам, бояд аризаро супораму ҷанобро бубинам. Онҳо гуфтанд, пеши ӯ даромадан мумкин нест. Воқеаро вақте фаҳмондам, пурсиданд, ки дар халтаат чӣ дорӣ? Гуфтам: солярка ва агар раиси ҷумҳурро дида натавонам худро оташ мезанам. Онҳо гуфтанд, худатро ба даст гир ва дар тӯли даҳ рӯз Ҷаноби Олӣ аризаатро мебинад”,-ба ёд меорад мусоҳиби мо.

Ӯ дар идома гуфт, “баъдан ду маъмури пулис омаданду маро ба шуъбаи корҳои дохилии Исмоили Сомонӣ бурданд. Мардак шав гуфтанд. Лекин гуфтам, шароити коркунӣ надорам. Баъдан ба шуъбаи корҳои дохилии Рӯдакӣ занг заданд ва маъмурони пулиси ҷои худамон рафта, маро гирифта берун бароварданду дарҳол ҳақорат карданд ва як мушт ба рӯям ҳам заданд”.

Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ тахминан чаҳор моҳи қабл Абдураҳмон Давлатовро дар дуздии чорвое муттаҳам кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи Давлатов, мақомот чорворо аз дасти каси дигар, ки аз ӯ Саидбег ном гирифт, пайдо кардаанду худаш ҳангоми содир шудани ин ҷиноят дар ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон қарор доштааст ва ҳатто дар ин бора далел низ дорад.

Қасди худсӯзӣ намудани як ҷавони тоҷик дар эътироз ба ноадолатиҳои додгоҳӣ бори аввал нест. Қаблан, рӯзи 27 марти соли ҷорӣ, Шавкат Раҳмонов - сокини 74-солаи шаҳри Душанбе, низ дар рӯбарӯи қасри раёсати ҷумҳури Тоҷикистон худро оташ зада буд. Он замон Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия дар торнамои расмияш навишта буд, ки Шавкат Раҳмонови 74-сола “дар назди мағозаи “Варзишӣ” дар маркази Душанбе ба қасди худкушӣ худро оташ задааст. Сабаби даст ба ин кор задани Раҳмоновро мақомот муноқишаи оилавӣ оид ба тақсими манзил дониста, ҳатто ӯро бемори рӯҳӣ муаррифӣ карданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сталин

  • 12 август 2014 10:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама дуруг Шавкат Рахмонови 74 сола худро барои он дар назди магозаи варзиши оташ зада буд ба хама малум аст кадоме писари уро бо автомашинааш зер кард у ба халокат расид.........ки медонад????..хеч кас дар ин холат мо хама бояд куру гунг шавем
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бечора,. ба ин шахс кумак бикунед.
Посух додан
  • Сино

  • 12 август 2014 12:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
и чавон дузд нест!
Посух додан
  • Ман

  • 12 август 2014 15:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агентии зиддифасод кучоро нигох мекуни? Зури ту факат ба мухолифон мерасад. Чаро аз ин чавон барои хеч гунохаш пора талаб мекунанду ту куру гунг хасти???
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход дар ин кишвар дигар рохи ёфтани адолат намонда бошад ки ин мард даст ба худкуши задааст? Ба назарам кадри инсон дар ин давлат хеле вакт боз то ин дарача поен нафаромада буд. Хайфи инсонСталин,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фаркаш чи дар магазин ё дар хона оташ зад акикат хамин ки бечора аз алам ба хамин кор даст зад акнун ягон кас парвои гузаштаро надорад агар гап дар бораи сум равад хама кордор мешавад.
Посух додан
  • рашид

  • 12 август 2014 20:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
агенти факат зураш ба бухгалтеро мерасад дигар ба ягон каси дигар намерасад АДОЛАТ дар Точикистон нест пул дори АДОЛАТ дар дасти туст
Посух додан
  • Хамро

  • 12 август 2014 22:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё ба доди ин бандаат бирас
Посух додан
  • Justice

  • 13 август 2014 11:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МошоАллох, боз оилааш пайравони хакикии Ислом будаанд. Худованд молу мулки ин бародарро садхо маротиба зиёд гардонад, агар ки ба фоидааш бошад. Омин!
Посух додан
  • Сатор

  • 13 август 2014 16:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агенти Зиди фасод Шумо кучора нигох мекунед акаи Абдурахмон Давлатов хешу табори Зайд Саидов мебошад Барои чи акалан 10 сол паси панчара накардеш
Посух додан
  • ba nomus

  • 17 август 2014 02:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
IN QI ZULMU SITAM AST BOLOI SARI KAMBAGALON OH BEQORA AI KUJO ONKADAR PULRO PAIDO MEKUNAD KI BIYOVA BIYORATON м
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оё вичдони касе, ки ин тухматро ба ин шахси бечора раво донистааст ором мегузошта бошад? Агар ха - вичдон дар онхо намондаст. Худо панох дорад аз тухмати ногахон.
Посух додан
  • парвиз

  • 25 август 2014 06:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нурик,
дигар чои гап нест..факат мубориза бар зидди ин золимон....духтари эмомали нами точикистона ай худ кардай тамоми корхонахоро мачбури гирифта байни фарзандош таксим кардай.суд чиба икдом намекуна.таърих гувох аст.хусни муборак ба амрико такя дошт лекин дар охир худи амрико уро ба дор овехт.бо такягох доштани путин чандон хушхол набошанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!