Бахшҳо

Насли Раҳмон, шукрона, мардикор ё зулмоту каммасраф?

Сайф САФАР

Мушоҳида мешавад, одамон бо як ибора аз замону насли худ ёд мекунанд. Возеҳтар, падида ё равандҳои дигаре, ки дар давраи ҷавониашон маъмул буд ва рӯи зиндагиашон таъсир дошт, насли худро бо он ном мебаранд. Дар зер чанд мисол меорем ва меравем дунболи насли худ.

Дар Эрон истилоҳи “насли сӯхта” сари забонҳост. Таърих ва далели пайдо шудани ин ибора бармегардад ба инқилоби соли 1979 ва ҷо уфтодани режими исломӣ, ки мунҷар ба бунёд ёфтани Ҷумҳурии Исломии Эрон шуд. Аз он оғоз ин сохтор писанди ҳазорҳо эронӣ нашуд ва шуморе аз онҳо, ки ин таҳаввулот дар айни ҷавониашон рух дод, қисмашон зиндониву муҳоҷиру ва ҳатто қатл шуданд. Ва ҳоло ин насл, ки низоми нав мувофиқ бар хостаҳояшон нест аз худашон “насли сӯхта” ном мебаранд.

Шоири шаҳир, Гулрухсор Сафиева дар як мусоҳиба аз худу ҳамдаврҳояш “насли қишлоқии шаҳрофар” ном мебараду изофа мекунад, ки “мо аз қишлоқ омадему шаҳр офаридем”. Хуш ба ҳолатон! Хушиқбол будаед! Ҷавониатонро дар давроне сипарӣ кардаед, ки бароятон фурсат доданд, ки шаҳрофаринӣ кунед ва кунун тавони онро доред бо як ибора аз насли худ ном бубаред.
Вале, чунон дар сардаргумӣ ба сар мебарам, ки бо ту чӣ гӯям. Ва кунун ман аз:

НАСЛИ КАММАСРАФ?

Давлатмардони кишвари ман азбаски натавонистанд ба раияташон рифоҳу арзонӣ биоваранду шароите фароҳам кунанд, ки дар он метавон хуб зиндагӣ кард, зеҳнияти аввомро бо каммасрафиву парҳез аз исроф банд карданд. Дар ниҳоят, ин иқдом амалӣ шуд ва ҳоло бояд донем, ки дар суру сӯгамон чанд шодишарику дареғогуй дошта бошем.

НАСЛИ ШИОРУ ФАХР?

Саҳеҳтар, насли даврони шиорзанӣ ва фахрфурӯшӣ, ки тӯли 20 соли истиқлол дар зеҳни ҷавонони пасошӯравӣ ҷой шуд, чун шахсан талош кардам камтар ба ин тамоюл дода шавам. Аз чизе фахр кардан бад нест, вале ба ҳадди ифрот расондани он нохушоянд аст, махсус фахр кардан аз гузашта, ки дигар бадарднахӯр аст.

НАСЛИ ШУКРОНА?

Дар ин банд зиёд намегӯем, танҳо ба он иктифо мекунем, ки чӣ паёме зери ин “роҳбурд” нуҳуфтааст. Аз диди ман, даъвати мардум ба шокир будан ҷилавгирӣ аз зиёдталабӣ ва саркаш шудани он аст. Гуфтанианд, аз шеъри шоири маҳбубатон кор гиред:
Аз ту ман сарват намехоҳам ватан ҳастӣ бас аст!
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст!


НАСЛИ МАРДИКОР?

Қарор буд, ки дар зери ин банд “no comment” бинависам, чун дар ин бора чунон гуфтанд, ки чизе боқӣ намонд, ба ҷуз аз худаш. Аммо, муҳоҷират бо тамоми пайомадҳои номатлуби худ ба ҳадде расид, ки омӯзгоре пешниҳод кард, то дар макотиб дарси муҳоҷират роҳандозӣ шавад.

НАСЛИ ЗУЛМОТ?

Беш аз 10 сол аст, ки мардуми Тоҷикистон ним солро дар торикӣ ба сар мебаранд. Маҳдудияти барқ сол то сол шадидтар мешавад.Солҳо аз ваъдаҳои роҳбарон мегузарад, вале вазъ ҳамчунон то ҳол боқист.

НАСЛИ РАҲМОН?

Оре, ман аз насли Эмомалӣ Раҳмонам. Аз он рӯзе, ки ба фарқ кардани сиёҳу сафед расидам, ҳамин оқои Раҳмонро мебинам, ки бо ҳисоби хеле баланд барандаи интихоботҳо мешавад. Ҳоло, ин хуб аст ё бад мавзӯи мо нест. Танҳо бо усули мардумсолорӣ ё ҳамон демократия муғойират дорад, ки сохтаи худашон аст. Дар ҳоле ки ҳамсоли ман дар Амрико такя задани панҷ раиси ҷумҳурро бар курсии Кохи сафед таҷриба кард. Яқин медонам, мегӯянд қиёс кардани Тоҷикистон бо Амрико зуд аст, вале ин ҷо бояд аз қоидаи шатранҷ кор гирифт; ҳамеша бояд бо рақиби аз худ қавитар бозӣ кард.
Мӯҳр
.
Шукрона кун бародар, ки хамин хел президент дорем, флагштоки аз хама баланд дорем, скоро чойхонаи аз хама калон ва масчиди аз хама калон бунед мешаванд. Боз чи лозим аст?

хамшахри
Дангара
акаи Сайф САФАР офарин ба и суханоту неки мардум ай гуфтана безор шид

Dui
Насли "мардикори шукронагу"

Андарз аз н.Шугнон
Гапотон андаке хак аст. Вале то кай тамасхур мекунем, бо хамин хам обод мешавад. Худи мо чи кардаем барои ин сарзамин? Ин нотавони аст нола кардан, шикоят кардан, агар шеърхои ватандустонаи Б.Собирро эрод мегиред, ё ба шумо макул нест аз ашъори инкилобии бузургони дигар ба монанди А.Лохут, м.Икбол. Фирдавси ва дигарон истифода кунед. Ба гуфти Лохути:
Хар шаб зи худат бипурс, агар ту марди,
К-имруз чи хидмате ба мардум карди.

зебо
Шукрона кунед, ки чунин ватани азизу махбуб доред. Шукрона кунед, ки хануз барои нафас гирифтан аз хавои он ба касе пора намедихед

махина
мурдани шумо барин омузгор бехтар аст, ки пешниходи дар макотиб дарси мухочират чори карданро доред. шумо омузгор бояд диккати насли имрузаи моро бештар ба хондану омухтани илм чалб намоед, на ин ки ба мухочират...! ин мухочираи касб нест ки бояд онро омухт шармандаги аз ин зиёд намешавад вакте ки давлати дигар фахмад ки дар Точикистон дарси мухочират мехонанд холо онки шумо бояд таклифу пешниходхое, ки барои тараккиёти минбаъдаи кишварамон мусоидат мекунанд, пешниход намоед...давлатхои хорича ба кайхон парвоз мекунанд рушдёфтаву номдоранд шумо бошед чи???мухочирони мо имрузхо чи азобхои доранд дур аз ватану дур аз ёру диёр. худо нишон надихад, миллати аз вартаи мухочирати рахо кунаду душмани моро мухочир нанамояд!Эй Худочон. хама мардум бо чашми сар дида истодаанду хун мегирянд барои вазъияти мухочирон, боз шумоён алами мардуми бечораро дахчанд намоед аку! хайфи шумо барин омузгор бо ин пешниходатон!

Хакикат
Бехтарин Президент Чаноб,тинчи бошад хамааш хуб мешавад бародаро...

гиребономон дарид ай шукронакунира неке руз ба руз зиндаги кимату душвор шуда истодааст! и чита камерахай и чи нарху навояй и чи намуд андозу гумрукай и чи сатхи зиндагияй и чи инкадар милисаву гаиву паияй????? дар Давлатхои хорича роххои пулаки гаи надоранд дар давлати хорича камера ки насб кардан гаиро даф мекунан хам камера штраф дора хам гаи! аз Созишномаи Шахри бехатарии хорича амал ки дорен дар ончо Навишта шудааст, ки шафёрхо метавонан тирезахои мошинашонро бе ягонхел пардохт сиёх кунан чонтона гардым бас кынене мардума чафидана. Назди Аллох чи чавоб меген ба иккадар махлукоша азобу золими?????

кулоби
ОФарин Сайф Сафар, Худованд аз ин хам зиёдтар кувватат дихад!!!

ватандор
Ахсан бародар вакти ба амал татбик кардани суханхоятон наздик

Офарин!!! як ҷаҳон ташаккур, хеле мақолаи хуб боз ҳам як ҷаҳон ташаккур.

Dev
Fikr mekunam un mardumi kishlokii shahrofar digar bud, holo mardumi kishlokii shahrvajronkun pajdo shud

Ismaili
Салом. Иншоаллох насли оянда аз ин зулмат озод хохад шуд.

Зард
Э бародар Худо ай тинчию ороми дихад лекин тинчиву амони гуфта хапу дам хам шинем намещавад Охир 18 сол шуд тинчу оромем Лекин Ягон пешрави нест

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)