Бахшҳо

Коршинос: “Узбакистон шояд аз танишҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон истифода кунад”

Эсен Усубалиев – раҳбари Маркази таҳқиқотии Prudent Solutions, ниҳоди омӯзандаи равобити Тоҷикистону Қирғизистон, мегӯяд, мушкили миёни ин кишварҳо танҳо замоне ҳалли худро меёбад, ки раҳбарони ду кишвари ҳамсоя иродаи сиёсияшонро нишон диҳанд.

Усубалиев дар ин бора бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ суҳбат карда, афзудааст, барои ҳалли мушкили марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳавасмандию иродаи сиёсии раҳбарони ин ду кишвар лозим аст. “Вақте ҳавасмандӣ нест, Ваъдаҳо рӯи коғаз боқӣ мемонанд”,-изҳор доштааст ӯ.

Ӯ дар шарҳи ин гуфтаҳояш илова намудааст, аз аломатгузорӣ нашудани хатти марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва танишҳои сарҳадии ин ду кишвар қочоқчиён манфиатдоранду намехоҳанд, ин танишҳо аз байн равад. “Омили дигар ин ки ҳамсоякишвари бузурги мо – Узбакистон низ аз ин танишҳои марзии Қирғизистону Тоҷикистон шояд истифода кунад, аз ин рӯ, танҳо вақте ин мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд, ки раҳбарони давлатҳо иродаи сиёсияшонро нишон диҳанд”,-шарҳ додааст Эсан Усубалиев.

Раҳбари Маркази таҳқиқотии Prudent Solutions дар идома далели аслии ба дарозо кашидани мушкили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро набудани харитаи ягона хонда гуфтааст, “омили дигар ин набудани харитаи ягона, ки ҳар ду ҷониб онро қабул дошта бошанд. Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфт, мо дар ҳайати Русияи Шӯравӣ ва Тоҷикистон дар ҳайати Узбакистони Шӯравӣ буду харитаҳои гуногуне сохта шуданд, ки ҳоло омили ин баҳсҳо шуданд. Аз ин рӯ, имрӯз кори гуруҳҳои марбут ба масоили марзӣ пеш намераванду тасимимеро, ки дина гирифтаанд, имрӯз қабул надоранд.”

Ӯ бо таассуф мегӯяд, ҳоло намояндагони ҳукумати Қирғизистон, ки ба масоили марзӣ вобастаанд, миёни худ мавқеи ягона надоранд: “Бояд гуфт, дар ин гуна ҳолатҳо бояд равобити раҳбарони ҳар ду кишвар бисёр наздик ва гамр бошад, то тавонанд, дар робита ба ин масоил гуфтугӯ намоянд”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)