Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 18 июн 2019, 23:39

Латту кӯби милиса дар ҳоли мастияш ва баъд аз пахш кардани 2 пиёдагард

15 август 2014, 16:38

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як гуруҳи ҷавонон афсари пулисеро латту кӯб кардаанд, ки дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар як садамаи нақлиётӣ айбдор мешавад.

Навори видеоии ин ҳодиса ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфтааст, ки аз чи гуна муҷозоти ғайрирасмӣ ва ғайриқонунии ин афсари мақомоти интизомии Қазоқистон аз сӯи сокинон хабар медиҳад.

Тавре дар ин навор омадааст, ин афсари қазоқ маст буда, баъд аз зер намудани ду пиёдагард, аз сӯи як гуруҳи ҷавонон мавриди зарбу шатта қарор гирифтааст.

Пулиси шаҳри Остона мегӯяд, дар пайи садамаи нақлиётӣ бо иштироки афсар ду сокини ин кишвар захм бардоштаанд, ки ҳоло дар беморхона бистарӣ ҳастанд. Манбаъ дар шарҳи ин навори видеоӣ илова менамояд, ки шояд афроди ҳамлагар мехостанд, афсарро ғайрирасмӣ ё ба хости худ муҷозот кунанд.
Ба иттилои мақомоти пулиси Остона, ҳоло тафтиши қазия идома дошта, дар робита парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!