Бахшҳо

Боздошти Ҳумайнӣ ба иттиҳоми “салафигарӣ” ва даъват ба “тағйирот”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе хабар дод, ки ҳамчун узви фаъоли ҷараёни мазҳабӣ, аммо мамнӯи “Салафия” дар Тоҷикистон муаррифӣ мешавад.

Мақомот мегӯянд, Ҳумайнӣ Ғозиев рӯзи 15 августи соли ҷорӣ ҳангоми гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба иттиҳоми узвият дар “Салафия” ва даъват барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ дастгир шудааст. “Муайян карда шуд, ӯ дар давоми соли 2009 аз шаҳрванд Баҳром Олимов таълимоти динии равияи “Салафия”-ро омӯхта, аз ҳамон вақт то моҳи августи соли 2014 ҳамчун аъзои ин равияи динӣ иштирок кардааст”,-навишта шудааст дар торнамои расмии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои ин ниҳоди қудратӣ, гӯиё Ҳумайнии 25-сола дар масҷиди ҷомеи марказии пойтахт ба номи “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дар маъракаву маросими мардум ба фаъолияти сиёсӣва динӣ машғул будааст. “Ӯ шаҳрвандон: Наҷмиддин Ашӯров (1989), Аҳмад Зоиров (1986), Фирӯз Сатторов (1990) ва Намозиддин Шамсиддинов (1974) -- сокинони шаҳри Душанбе ва дигаронро ба равияи “Салафия” ҷалб намудааст. Нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад”,-омадааст дар торнамои ВКД.

“Салафия” ҷараёни тозапайдои мазҳабӣ дар Тоҷикистон аст, ки пайравонаш баъд аз соли 2005 дар кишвар фаъол шуда, бо тарзи намозгузорӣ, бахусус райъи ядайну баланд гуфтани омин, аз дигарон фарқ доштанд. Дар оғоз мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, пайравони “Салафия” ба қонун итоат мекунанд ва ба амнияти кишвар хатар надоранд. Аммо пас аз доманадор шудани баҳси салафиҳо бо рӯҳониёни суннатии Тоҷикистон ва афзудани саффашон дар масоҷиди кившар, соли 2009 Додгоҳи олӣ фаъолияти ин гуруҳро манъ кард. Дар пайи он даҳҳо тан ба ҷурми гароиш ба ин равияи динӣ, аз ҷумла Сироҷиддин Абдураҳмонов, маъруф ба домулло Сироҷиддин ва писари ӯ, зиндонӣ шуданд.
Мӯҳр
Инхо кам нестанд бояд инхоро решакан кард
Инхо дар Либоси Ислом даромадиян
Аслан инхо Терорист хастанд?

Чамшеди ориёи
Салафихо террористхои гузаро ва зархаридони шайххои араб мебошанд. Онхо аз хочагони худ дастур гирифтаанд, то ин мазхаби ифроти ва хурофотиро дар Точикистон пахн карда, кишвари азизи моро гуломи арабхо гардонанд. Дар хар кишваре, ки салафихо пайдо шуданд, онро хароб ва огуштаи хун карданд. Хукумат ва мусулмонони суннати бар зидди онхо бояд муборизаи беамон баранд ва онхоро решакан кунанд.

Протестант
Хазор сол зиёд бибиу бобоёни мо тинчу ором тавассути мазхаби Абу Ханиф ибни Собит аз аркони шариат барахвар шуда, сачда ба даргохи Хак мекарданд. Баъди хазор сол, нав акнун ин ВИНДЕРКИНДЕР чараёнхои тафрикаандози ахли чамоати Шайтония, мардума Ислому дин меомузонанд, ки ин хандаовар аст.

Боз ҳамон иштибоҳи маъруфи тоҷикӣ. Мо калимаи ҳумоюн, ҳумоюнӣ дорем, вале Ҳумайнӣ надорем. Ин навишти нодурусти калимаи Хумейнист, ҳарфи Х бояд истифода шавад, на Ҳ
Мамнун аз заҳамоти дастандаркорони сомонаи " Озодагон"

САЛАФИЯ ИН МАЗХАБ НЕСТ ИН СЕКТА АСТ,КИ ОНРО АНГЛИЧАНХО БАРОИ НИЗОИ МУСАЛМОНХО БО ШАЙХОНИ ФУРУХТАШУДАИ АЪРОБИ ТАРХРЕЗИ КАРДААНД. ВА МУТААССИФОНА ,БЕАКЛОНИ МО ОНРО КАБУЛ ДОРАНД.

Дар асл салафият ин ягон мазҳаб нест балки пайрави аз қурону ҳадис аст. Мо агар ба имомҳои мазҳоб назар кунем ҳаммаи онҳо гуфиаанд ки шумо пайрави аз қурону суннат кунед пас барои чи касоне ки парави аз қурону суннат мекунанд онҳо гунаҳгор зисобида мешаванд??
Шиаҳо ки тамоман динашор дигар аст онҳоро чаро ҳеҷчиз намегуед дар ҳоле ки шиаҳо моро кофир медонанд ва саҳобагонро дашном медиҳанд ва занҳои пайгамбарро туҳмат ба зино мекунанд...инҳо гунаҳгор нею як касе ки бо ҳадисҳои саҳеҳ амал мекунад у гунаҳгор.

АЗ ТАМОМИ БАРОДАРОНЕКИ ХУДРО ХАНАФИ МЕХИСОБАНД ХОХИШДОРАМ КИ ХАМИН ВИДЕОХОРО ТАМОШО КУНАНД!
https://www.youtube.com/watch?v=__te6pnQGmM
https://www.youtube.com/watch?v=RgmFWesaegU
https://www.youtube.com/watch?v=9X2C9pnnMNw

Dangharagi,
Dangharagi,
Бародари азиз хайрон нашаведу сурияву Яману Ирока бинед, душманони Куръону суннат чикор карда истодаанд? Худоё Точикистони азизамро нигах дор. Бузургони мо дуо мекарданд ки Худоё ончизе ки хак аст, ба мо хак нишон бидеху пайрави он шуданро ба мо хидояткун ва он чи нохак аст нохак нишон бидеху аз он дуршуданро ба мо хидоят бикун. Хозир ин дуоро касе намекунад. Кадом давлате ки бисёртар доллар резад, гапи у маъкул аст. Мутаассифона ахли суннати мо бехабар аз онанд ки дашноми сахобаро махкум куни шиахо туро ваххобиву салафи мегуянд

Абдулхамид,
Абдулхамид,хуб хам мефахмиди дия. При чём тут хумоюн?! Хумайн - ними мавзеъ аст.

Хуб мефахмилидаааааа

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)