Бахшҳо

Тесак, сартарошидаи рус, ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд

Додгоҳи Кунтсевои шаҳри Маскав Максим Мартсинкевич, маъруф ба “Тесак”-ро, ки яке аз миллатгароҳои сарсахти рус ба ҳисоб меравад, ба панҷ соли зиндон маҳкум кард. Масъулони додгоҳ гуфтанд, “Тесак” барои барангехтани адовати қавмӣ ва паст задани шаъни инсонӣ айбдор мешавад ва муҳлати зиндонашро дар маҳбаси низомаш шадид паси сар хоҳад кард.

Далели додгоҳ барои айбдор кардани Мартсинкевич се навори видеоие будааст, ки тавассути телефон сабт ва баъдан ба интернет роҳ ёфтааст. Додгоҳ мегӯяд, дар ин видеоҳо “Тесак” робитаи занони рус бо мардони қафқозиро маҳкум маҳкум карда, ба мардуми ғайриславянӣ дар Русия таҳдид намудааст. Дар яке аз ин наворҳо дар бораи ҳалли мушкили муҳоҷират дар шаҳри Маскав ҳам сухан рафта, Максим Мартсинкевич пешниҳод кардааст, бояд тамоми муҳоҷирон аз қаламрави пойтахти Русия берун карда шаванд.

Аммо вакили мудофеъ Алексей Михалчик бо ин қарори додгоҳ розӣ нест ва гуфтааст, айби нафари таҳти ҳимояташ исбот нашудааст. Ӯ афзудааст, Тесакро танҳо барои мавқеи фаъоли шаҳрвандияш ба ҳабс фиристодаанд, на чизи дигар. Ин бори дувум аст, ки Мартсинкевич ба ҷурми барангехтани адовати қавмӣ зиндонӣ мешавад. Яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав моҳи январи соли 2008 ӯро барои се сол ба зиндон фиристода буд, ки баъдан ин муҳлат ба далели наворбардории қатли яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия аз тарафи ӯ ба як соли дигар тамдид карда шуд.

Ин миллатгарои рус соли 2012 бо даъвати фаъолони "Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" ба Душанбе омад, то бо вазъи зиндагӣ ва табиати кишвари мо ошно шавад. Вале баъд аз бозгашташ Максим Мартсинкевич таассуроти худ аз Тоҷикистонро дар радиои интернетияш нақл кард ва ба ҷои тарғиби меҳмоннавозӣ ва меҳрубониҳои тоҷикон, баръакс, дар гуфтаҳояш ҳамаи онҳоро ба риштаи тамасхур кашид.
Мӯҳр
аҳмадчон
дуъо мекунам ки ҳечгоҳ озодиро набинад то охири умраш дар паси панҷара бошад омин

.
Куми таи чавонони Точикистон хамин хайвонсифатро хамчун мехмони оликадр ба Точикистон даъват намуда уро хеле зиефат кард. Пас аз он ба хукумат отчет доданд, ки мо коргарони кумита дили скинхеди русро ба даст овардем ва у дигар ба гастрабайтерхои точик дар нахохад афтод. Хамин коргарони кумита ягон нангу номус доранд е не?

Нюренбург
Ин чи хел додгох.Инхел фашистора бояд якумра зиндони мекарданд.

ИН ТЕСАК ФАМИЛИЯАШ ЯХУДИ АСТ КУ.ИН ТЕСАКРО МАХСУС АМРИКОИХО ТАЙЕР КАРДААНД.

Muslim
Кали бешараф дар зиндон пусидарави ИншаАллох

Ин яхудии курнамакро ба зиндони Точикистон интикол додан лозим аст. Гар аз мехмоннавози ношукри кард то бичашад зиндонашро.

Кадом "Маркази имиҷсозӣ барои Тоҷикистон" ??? Дар кучо чойгир шудааст?

Маркази имичсози, пеш аз он ки ба коре икдом кунед, масъаларо бехтар омузед. Дар Интернет хамаш хаст ку. Ягон фашист бо хурдани нони "одами нажоди паст" фикрашро тагир намедихаду аз идеологияи худ намегардад. Ин як ахмаки буд, ки уро даъват кардед ва аз хомию тангназарии шумо хабар медихад. Касе ки гумон дорад, мо барои фашистон хамхуну хампо хастем, хато мекунад. Ин танхо афсонае буд барои такон додани буну бехи Шурави. Мо хам барои онхо пастони олудахунем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)