Бахшҳо
19 авг 2014 14:28Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳақиқати воқеаҳои февралии 1990 дар сӯҳбати Бӯрӣ Каримов

Бӯрӣ Каримов, роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои узви ИДМ (СНГ) ва ҷавонтарин вазири тоҷик дар охирин рӯзҳои Шӯравӣ, дар маҳфили навбатии Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ҳақиқати баҳманмоҳи хунин суҳбат хоҳад кард. Ин маҳфил рӯзи 22 августи соли ҷорӣ дар толори маркази тиҷории “Пойтахт” дар Душанбе баргузор мешавад.

Иброҳим Усмонов, раҳбари Бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо” мегӯяд, дар ин суҳбаташ Бӯрӣ Каримов бештар дар бораи ҳақиқат ва овозаи ҳодисаҳои февралии соли 1990 ҳарф хоҳад зад. Оқои Каримов, ки он вақт ба ҳайси муовини раҳбари Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ кор мекард, ба ташкили бетартибиҳо дар пойтахти кишвар муттаҳам мешуд. Баъд аз он воқеа ӯ аз вазифаҳои давлатӣ канор рафт ва то кунун берун аз кишвар, дар Русия, кору зиндагӣ мекунад.

Бӯрӣ Каримов донишгоҳи техникӣ ва давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳоло доктори илмҳои техникӣ, профессор, академики Академияи нақлиёти Русия ва Академияи байналмилалии улуми иҷтимоӣ ва узви Иттиҳодияи рӯзноманигорон ва адибони Тоҷикистону Русия аст.

Ӯ соли 1987 дар 29-солагияш вазири сохтмон ва нақлиёт ва баъди ду сол раиси Госплан таъин гардида буд. Ҳоло дар Тоҷикистон созмони “Боргоҳи сухан” амал мекунад, ки муассисаш Бӯрӣ Каримов аст ва дар гузашта ҷоизаи таъсисдодаи ин маҳфилро Муҳаммадҷон Шакурӣ, Фарзона, Бозор Собир ва дигарон соҳиб шудаанд.
Мӯҳр
Хуб..гирья карданашро ки аз хизбу вазифа озодаш накунанд....накл кунад.хуб...агар чи як иштрокчии вокеиаи фочиавор бо тараканхои худ дар калааш накл мекунад.....чи фоида

Гила
Бурида донишу тачрибашда гапш кокаи. Лекин часуру богайрату миллатдуст мешуд, бо мо мемонд ва дар пастиу баландиёи миллат шарик мешид. Ин хел дар пахлуи Путин рост истода, хушомадгуи намекард.

Облокул Бах
Точик бе ин хам кадре надорад.Фахр кунед,ки як точики боакл дар сатхи СНГ вазифа дорад ва уро хурмат карда точик мегуянд.Вокеъан ин пантуркистон точиконеро,ки босаводанд чашми дидан надоранд!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)