Бахшҳо
19 авг 2014 15:27Тоҷикистон / Сиёсат

Шикояти Зоиров аз болои Абдуфаттоҳи Ғоиб ба Раҳмон

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов ҳимоят мекунад, бо номаи дувум ба раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст.

Оқои Зоиров дар ин номааш, ки 19 август навишта шуда, нусхааш ба Додситонии кул ирсол гардидааст, аз зиёдаравии Абдуфаттоҳи Ғоиб – раҳбари Оҷонси мубориза бо коррупсия шикоят карда, аз раиси ҷумҳур хостааст, раванди тафтишот ва баррасии парвандаи нафари таҳти ҳимояти ӯро зери назорати қатъии худ бигирад. “Риояи бечунучарои Конститтусия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро ҳамчун ҳомии онҳо таъмин намоед. Ба саволҳои гузошташуда мехостам посухи равшан; ба гуфтор, рафтор ва амали раиси Оҷонсӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”,-тақозо шудааст дар номаи раиси ҲСДТ аз президент Раҳмон.

Аммо Раҳматилло Зоиров дар оғози номаи наваш аз он изҳори ташвиш кардааст, ки бо вуҷуди гузаштани бештар аз ду ҳафта аз мактуби якуми ӯ ба раиси ҷумҳур то ҳол ҷавобе нагирифтааст. “То ҳоло ягон посух ва сигнале дар бораи дастрас шудан ё нашудани муроҷиати мазкур нест”,-навиштааст ӯ. Муроҷиати аввали оқои Зоиров 3 августи соли ҷорӣ ба номи Эмомалӣ Раҳмон ва Шерхон Салимзода ирсол гардида буд.

Зоиров навишта буд, Абдуфаттоҳи Ғоиб, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди молии кишвар дар робита ба қазияи муовини боздоштшудааш, вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ба қонуншиканиҳо роҳ дода, зиёдаравӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, раиси Оҷонсӣ дар нишасти хабарии 30 июли ниҳоди зертобеаш ҳангоми суҳбат дар бораи зерҳимояи ӯ ба қонуншиканӣ роҳ дода, меъёрҳои конситутсионӣ, аз ҷумла талаботи моддаи 15-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар мавриди эҳтимолияти бегуноҳиро зери соул бурдааст.

"Ин хабар ва таъкиди раиси Оҷонсӣ моддаҳои 5, қисми 5; моддаи 6; 9 қисми 2; моддаи 10 қисми 2; моддаи 14, 17 қисми 1; моддаи 20, 42 ва хусусан моддаи 64-и Конститутсияи кишварро, моддаҳои 9-12, 16, 21-22 хусусан моддаи 15-ро (эҳтимолияти бегуноҳӣ) вайрон месозад. Аз ҷумла, моддаи 9 Конститутсия эълом дорад, ки “Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонқунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад”. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ба ҳокимияти иҷроия ворид мегардад, на ба судӣ. Тибқи қисми 1 моддаи 20 Конститутсия “Ҳеч кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад”. Аз ин бар меояд, ки Абдуфаттоҳи Ғоиб худро аз қонун ва суд болотар мегузорад, яъне ҳокимият ва ё тасарруфи онро ба миён овард. Тибқи қисми 5 моддаи 6 Конститутсия “Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст”, ки ҷавобгарии ҳуқуқиро тақозо менамояд",-гуфта шудааст дар номаи Зоиров.
Мӯҳр
Мухтараи Зоиров!Вакти кимати худтона бехуда сарф кардестен.

Зоиров худро хукукдон муаррифи намуда, мехохад хамаро ба игво андозад? Охир рохбари як макомоти кудратиро ки Хукумат ба вазифа гузоштааст, наход аз конунгузори бехабар бошад?! Шояд Зохиров бо навиштани номахо худро хамчун окилу доно муаррифи кардан мехохад?

Артист менамояд ин Зоирф. Шашмаком бхона зур меша

abdu
yagon zarra sharmu hayo dori yo ne? ba hama malum ast kori in sudu prakraturai meguftagiat fasodzadatarin soxtori davlati in sudu prakror meboshad

Ы
чаро дар муддати ду хафта то хол посухи чавоб ест? Оли ба фикрам дар андешаанд, ки чи тавр мактубкабулкуниро бас кунем! Мумкин аст ки дар муддати наздит парламент дар бораи мактубравонкунии сокинон ба президентро кабул кунад ва бо хамин рох дигар бо чаноби оли хеч кас арз карда наметавонад! Читавре, ки муфти дар бораи чанозахони конун кабул кард ва аз Эшони Нуриддин тарсид! Дар Точикистон дигар кор нест!

in
Баъзехои шумора чи зур омадай. Ба Сиёсат
Дахолат мекунед. Шухрат бояд. Овозша баланд
Намебаровард. Барое ки кори у фойда надора?.

абду,
Бигзор Зоиров то чое нохак ва игвогар бошад Мо аз ин нигох бояд ба риояи конун бахо надихем Гунахкор бояд чазои худро сазовор бошад аммо ин манои онро надорад ки конун аз чониби касе поймол гардад хох кабир бошаду хох сагир Химоят аз конун химоят аз шахси бегунох аст Имруз ки гуфта метавонад ки фардо тухмату балое ба сари худ намеояд дар чое ки аз хунукназарии ахли чомеаи мадани накзи конун ва бози ба такдири инсон як кори мамули гаштаю хамагонро бепарво ва дар канор гузоштааст

Domullo
barodar Zoirov, agar qavi boshedu khohed dar tya'rikhi khalqi tojik hamchun peshsafi digargiunihoi qadid boshed, bo Kabiri mutahhid shuda yak nagqai amali jiddiro pesha namoyed. kam kam baromad kardani shumo dar somonai interneti natijai nochize doda istodaast! doda istodaast!

Ангрен
Зоиров чо мени ами гапора, дар пеш 9 сентябр- чашни Истиклоли миллат,
Суруди миллира аз ёд кун, Парчаму Нишони миллата атрофаша тоза нигох дор.

самад
эй бародари Абдуи бесавод Зоиров худашро доно нагирифтааст, балки он чизеро зикр намудааст, ки тубаин гуп-гуп медонеду амал намекунад ёдовар шуда хакикатро гуфтааст. Лекин дар мо хакикат нестку!!!

беном
вай артист бошад, хукуматдорон хачвнигоранд

Коно
dono, Мебахшед итари бадам неда, акай Доно хамара ба як шохчоруб руфтан чоиз нест. фиску фасодии ин химоятчии маълуму машхур ба минтакахо пахн шуд. Дасгиру тахкику тафтишро макомоте шуруъ кард, ки аз суду прокурор хам ваколатхои баланд дорад. Пас биёед замини гап занем ба хама дар заминаи гунохои худаш тозиёнаи танкидро раво бинем. Ё ки Шумо аз кадом прокурор ва ё судя аламу дарди сахт пазируфтаед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)