Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:57

Бозорҳои “Шоҳмансур”, “Саховат”, “Қарияи боло” ва “Деҳқон” мизбони иди “Асалу харбуза-2014”

20 август 2014, 07:47

30 август дар бозорҳои "Шоҳмансур”, “Саховат”, “Қарияи боло” ва “Деҳқон”-и шаҳри Душанбе иди “Асал ва харбуза-2014” баргузор мешавад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ба иди асалу харбузаи шаҳри Душанбе онҳое маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд, ки дар минтақаҳо ғолиб дониста шудаанд. Ба қавли манбаъ, 24 августи соли равон иди “Асал ва харбуза-2014” дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ гузаронда мешавад: “Ғолибони чорабинии мазкур барои иштирок дар ҷашни “Асал ва харбуза-2014”, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ доир мегардад, роҳхат мегиранд. Вазорати кишоварзӣ ба беҳтаринҳо туҳфаҳо тақдим мекунад”.

Манбаъ меафзояд, дар иди “Асал ва харбуза-2013” бештар аз 115 тонна асал ва зиёда аз 187 тонна навъҳои гуногуни харбуза пешниҳоди меҳмонону сокинони пойтахт гардида буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Асалмох

  • 20 август 2014 08:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ид болои Ид. Ташаккур барои гамхори. Дар хакикат асалпарвари рушд кард.
Посух додан
  • Мухочир

  • 20 август 2014 09:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман итминон доштам, ки баъди ин хама интикодхои пайвастаи хукумат аз чониби мардум дар мавриди хамин идхои бемаъниву бефоида, давлатмардон калахоро кор мефармоянду аз харочотхое, ки дар идхои мазкур менамоянд, даст бардошта, дар он пулхо бахри бехдошти хаёти мардум кораке мекунанд, вале афсус. Маълум шуд, ки хокимони мо умуман дар фикри халк нестанд. Такроран мегуем мо аз ин идхои бемаънии шумо безор хастем! Ба мо чои кори муносиб фарохам созед, то аз гурбат ба Ватан пеши фарзандонамон рафта кору зиндаги намоем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!