Интизор меравад, рӯзҳои наздик раиси феълии САҲА, вазири корҳои хориҷии Литва Аудронюс Ажубалис ба Тоҷикистон биёяд.
Тибқи иттилои дафтари душанбегии ин созмон сафари Ажубалис бо мақсади муҳокимаи масъалаи беҳтар намудани дастгирӣ ва кӯмаки Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ба Тоҷикистон сурат мегирад.
Гуфта мешавад, дар Душанбе Ажубалис бо шахсони расмӣ, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон, бо вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Шукурҷон Зуҳуров мулоқот хоҳад кард. Барномаи ташрифи дурӯза инчунин аз вохӯриҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат аст.
Мӯҳр