Бахшҳо

Гилаи Маҳмадалӣ Ҳайит аз чашмпӯшиҳои САҲА (ОБСЕ)

Маҳмадалӣ Ҳайит – муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мулоқот бо Марчин Валетский - раиси шуъбаи Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА оид ба масоили демократия ва сиёсати гендерӣ аз мавқеъгириҳои ин ниҳоди байналмилалӣ нисбат ба интихоботҳои кишвар интиқод кардааст.

Муовини раиси ҲНИТ, ки ҳамзамон раҳбарии ситоди интихоботии ин ҳизб дар интихоботи парлумонии соли 2015-и кишварро бар дӯш дорад, аз раванди назорати интихоботҳои қаблии Тоҷикистон аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои ҳомии демократия, аз ҷумла САҲА норозигӣ карда, гуфтааст, онҳо танҳо бо нашри баёнияву изҳорот ва тавсияҳо иктифо менамоянд.

Раҳбари ситоди интихоботии ҲНИТ изҳор доштааст, ки созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА дар ҳоле бо нашри изҳорот ва ироа тавсияҳои худ барои демократисозии ҷомеа ва баргузории интихоботҳои шаффофу озод кифоя мекунанд, ки он аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.
Тавре Маҳмудҷон Файзраҳмонов – сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” хабар дод, мулоқоти Муҳаммадали Ҳайит бо Марчин Валетский рӯзи 20 август дар қароргоҳи маргазии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Ба гуфтаи Файзраҳмонов, ҷонибҳо дар ин мулоқот вазъи қабл аз интихоботии Тоҷикистонро баррасӣ карда, инчунин омодагӣ ба ин чорабинии сиёсӣ ва иштироки ҷавонон ва бонувон дар интихоботро ба баҳс кашидаанд.
Мӯҳр
ВОй бар холи Хаит.....у намедонад магар ки созмонхо ва сафоратхо танхо метавонанд...."изхорот ва тавсияхо" кунад....тамом..Бародарони исломи пеш аз вохури бо дипломатхо салохияти онхоро бояд донед...

Комил
дар хакикат ин созмонхои хоричи максадашон чанг андохтани кишвархои заиф мебошад. барои хамин факат оппозциянерхоро хадафи худ мегиранд. Охир САХАро чиву вохуриш бо ХНИТ чи даркор. чаро бо корхонахои ва партияхои дигар вохури намекуни??? Мардум хушёр шавед, он инхо бо истифода аз мардуми "боакли" худамон дар байнамон чанг меандозанд

Черчел
ҲНИТ - хизби догматико, ки асосашро на акидахои милли, балки кавму авлод, хешу табор ва манфиатхои гурухи, ташкил медихад.Хамчун хизби созанда, умедбахш нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)