Бахшҳо

"Эхо Дидор" баъд аз "Didor"-и Душанбе дар Конибодому Панҷакент

Синамобазми шашуми байналмилалии “Дидор” дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 16 октябри соли ҷорӣ оғоз шуда, то 20-уми ҳамин моҳ идома хоҳад кард.

Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, дар фестивали имсола намояндагони Эрону Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бо филмҳои худ иштирок хоҳанд кард. Ба қавли ӯ, эҳтимол дар ин синамобазм Тоҷикистонро филми нави Носир Саидов, раиси Тоҷикфилм ва чанд филми кӯтоҳ намояндагӣ кунанд.

Оқои Ҳақдодов афзуд, дар синамобазми шашуми “Дидор” дар Душанбе китоби Комил Ёpматов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи кино, ки бо забони тоҷикӣ таҳия шудааст, муаррифӣ хоҳад шуд. Раиси синамогарони Тоҷикистон илова кард, баъд аз ҷамъбасти “Дидор”-и Душанбе ният доранд, фестивали “Эхо Дидор”-ро, ки он ҳам аз намоиши филмҳо иборат аст, дар Конибодому Панҷакенти вилояти Суғд баргузор намоянд.

Ёдовар мешавем, панҷумин синамобазми байналмилалии “Дидор” дар соли 2012 бо муаррифии Қомус ё энсиклопедияи синамои тоҷик оғоз гардида буд. “Қомуси синамои тоҷик”-ро, ки аввалин маҷмӯаи илмӣ ва таърихӣ дар соҳаи синамо аст, Саъдулло Раҳимов ва Галина Элбаум давоми чор сол таълиф кардаанд. Он аз 500 саҳифа иборат буда, бо пуштибонии молии Бунёд (Фонд)-и Сорос чоп шудааст.
Мӯҳр
Катун
Дар мукоиса ба кишвархои Осиёи маркази ва Ирону Афгонистон, ки дар маркази ягонаи фарханги карор доранд, синамогарони точик хело хам пассив хастанд. Номаш шабакахои телевизиони точик, аммо хамаи филмхои таблиггари фарханги Русу, Амрико ва Гарб. Дар шабакаи "Бахристон", ки дар хакикат шабакаи оилави шудааст, филмхои бачагони давраи Истиклол кариб ба чашм намерасад.Наход, ки мо акаллан аз афсонахои халки точик, ки теъдодашро хисоб кардан гайриимкон аст, ягон мультик истехсол карда натавонем. Кудакони мо бошанд, шабу руз: Маша и медвед, Том и Черри ва Ну погоди !

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)