Бахшҳо

Духтари президент: Бо мо аз саг ҳам бадтар муносибат мекунанд

Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури Узбакистон - Ислом Каримов бо ирсоли паёми аудиоӣ ба Би-би-сӣ гуфтааст, ӯ ва духтарашро “бадтар аз саг” нигоҳ медоранд. Би-би-сӣ ин наворро шоми 21 август нашр кард. Дар он Гулнора Каримова аз вазъи бади ҳабси хонагии худу духтари 15-солааш -- Имон нақл мекунад.

Духтари президент бо забони англисӣ мегӯяд, “мо аз касе наметавонем посух бигирем, ки барои чӣ моро дар хона нигоҳ медоранд, мисле ки дар зиндон бошем. Барои чӣ духтари ман аз ҳаққи иртибот маҳрум аст, ҳар хонанда дар синни 15 бояд имкони ба мактаб рафтан ва суҳбат бо дӯстонашро дошта бошад. Ман дар бораи худам намегӯям. Мо ба кумаки тиббӣ ниёз дорем”.

Духтари президент меафзояд: “Моро дар хона нигоҳ медоранд ва наметавонем ҳатто як қадам аз он берун бароем. Моро дар шароите нигоҳ медоранд, ки аз шароити саг бадтар аст. Онҳо кӯшиш карданд, ангуштонамро бишкананд, ба ман фишори равонӣ оварданд, хонаи мо пурра муҳосира шудааст”.

Ба иловаи навори савтӣ, Би-би-сӣ ҳамчунин навори видеоиеро дарёфт кардааст, ки дар он дида мешавад, Гулнора ҳамроҳи писараш - Ислом ва духтараш – Имон талош мекунанд, ба бӯстонсарое дар Тошканд ба ҳузури Ислом Каримов дароянд. Ин навор зоҳиран дар зимистон бардошта шудааст ва гуруҳи мардони низомипӯш пеши роҳи онҳоро мегиранд. Садои Гулнора баланд мешавад: “Бубинед, онҳо чӣ кор мекунанд”. Баъдан садои мардонае, ки зоҳиран писараш Ислом аст шунида мешавад: “Имон, ба навор бигир”.

Вақте Гулнораро бо зӯр аз роҳ мегардонанд, фарёд мезанад: “Падар, падар”. Баъдан мегӯяд: “Ман фаҳмидам, сар деҳ” ва илова мекунад: “Аз ду сар ман ба наздаш медароям!”

Гулнора Каримова, ки баъди Ислом Каримов дуюмин чеҳраи Узбакистон маҳсуб мешуд, тирамоҳи соли сипаришуда якбора ба нокомӣ рӯбарӯ гардид. Тиҷоратҳояшро гирифтанд, радиову телевизионҳояш баста шуданд ва тайи шаш моҳи ахир дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ӯ дар чанд мактубаш унвонии расонаҳо модараш Татяна ва раҳбари Кумитаи амнияти миллии кишварашро сабабгори бадбахтияш гуфтааст.
Мӯҳр
Шак
Вообше ами Ислом Каримов зиндаву саломатаи, ё ягон двойники сангдилаш дар богчасарои карор дорад, ки духтару набероша ин кадар азоб додесаи.

Гулнора чи кадар галат бошад хам чигарбандаш мебошад . Худованд дар Куръони Карим мегуяд , ки нисбати фарзандаш бояд дилсуз бошед . Сад офари ба мухтарам Эмомали Рахмон , ки нисбати фарзандонаш гамхор мебошад , вале Ислом Карим аз тарс Гулнораи зеборо бо духтаашон махбаси намудааст

хол
darbori
ба 30 миллион халки узбекистон мисли пашша муносибат карди то хол - акнун хайрон мешави ки чаро ба ту мисли саг муносибат доранд??

фируз
Акбар!!!! ғамхорӣ ин нест ин хубии хирсона аст!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)