Бахшҳо
22 авг 2014 12:00Тоҷикистон / Сиёсат

Зайд Саидов то моҳи октябр дар СИЗО хоҳад монд

Додгоҳи олӣ рӯзи 22 август бар асоси дархости нави Оҷонсии зидди фасоди молӣ қарор кард, ки Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии Ҳизби Тоҷикистони нав, то ду моҳи дигар дар СИЗО хоҳад монд.

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон хоста буд, то анҷоми санҷиши айбҳои наве, ки алайҳи Зайд Саидов баъд аз маҳкумияташ эълон шудаанд, ӯ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ шавад. Қаблан, моҳи июни соли ҷорӣ низ Додгоҳи олии Тоҷикистон иҷоза дода буд, Зайд Саидов ду моҳ дар СИЗО биистад.

Ҳоло ки муҳлати додаи додгоҳ ба анҷом расидааст, Оҷонсӣ мехоҳад, бори дувум ин муҳлат тамдид карда шавад. Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд ва ҳоло тафтиши он идома дорад. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.

Дар айбномаи нав Зайд Саидов ҳамчун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста мешавад. Дар ҳоле ки Исҳоқ Табаров, вакили ягонаи Зайд Саидов мегӯяд, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст.
Мӯҳр
точик
Бояд Зайдро то охири умраш хабс кунанд ва хешутабор оромакак дар фикри мероси кардани хукумат бошанд, вале фаромуш мекунанд ки ана хамин корхо заминаи сукути хукуматхо мешавад.

Занако меган. Зайд Саид. Нав чоша ёфтай

Рудаки
Ачаб номардихое хаст, наход набераи Сомониву Фирдавсиву Камол, наход мусулмон, пайрави Мухаммад (с) хамин кадар номард бошад. (Гуфти афанди "Бачам афсус ки ранги ма нарафти.."). Илтимос чоп кунед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)