Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 21:35

Бӯрӣ Каримов: “Барои худам не, барои Бозор Собир ду бор ба дарбор рафтам” (ВИДЕО)

22 август 2014, 17:00

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Бӯрӣ Каримов, роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозони кишварҳои узви ИДМ (СНГ) ва ҷавонтарин вазири Тоҷикистони Шӯравӣ, ки баъд аз ҳодисаҳои хунини баҳманмоҳи 1990 кишварро тарк карда, ҳоло дар Маскав кору зиндагӣ мекунад, ба чанд суоли хабарнигори “Озодагон” посух дод. Ӯ дар ин суҳбаташ дар бораи мушкили муҳоҷирони кории тоҷик, боздошту зиндонӣ шудани Зайд Саидов, бозгашти Бозор Собир ва маҳалгароиву фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳарф зад.


Озодагон: Ҳоло ки дар Тоҷикистон қарор доред, вазъи кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Бурӣ Каримов: “Бояд дарк намоем, сулҳу ваҳдат дар кишвар то он замоне идома меёбад, ки мардум аз норозигии хеш дарак намедиҳанд. Вақте иқтисод хуб тараққӣ намекунад, вақте мардум зиндагии сазовор надоранд, ҳамин хел шуданаш ҳам мумкин аст, ки сулҳ халалдор шавад. Аз ин нуқтаи назар бояд роҳбарони зинаҳои гуногун тавре кунанд, ки мардуми қобили меҳнати Тоҷикистон соҳиби кор бошанд. Дар ягон давру замон, ягон роҳбар каланду болғаву доси касеро гирифта, ба ҷои ӯ кор накардааст. Роҳбарон ягона коре, ки мекунанд, фазову муҳити созгоре барои кору андеша кардан фароҳам биёранд, то мардум аз пайи пиёда сохтани орзуву омоли хеш бошанд.”



Озодагон: Шумо дар хориҷ ҳастед. Дар берун перомуни сармоягузорӣ дар Тоҷикистон чӣ мегӯянд, оё фазои кишвар барои рушди сармоягузорӣ мусоид аст?
Бӯрӣ Каримов: “Дар ҷое, ки ман кор мекунам, дар онҷо ҳам вақте ки давлат кӯшиш мекунад сармояи касеро гирад, пеши роҳи тиҷораташро гирад,таъсири манфии ӯ куллан ба ҷомеа мерасад. Вақте мебинанд соҳибкореро гирифтаанд ё ки молу амволашро гирифтаанд ё ки намонданд кораш пеш биравад, дигарон фикр мекунанд: мо ин корро кунем ё накунем. Вақте чунин мисолҳо дар кишвари мо зоҳир мешаванд, он вақт сармоягузорони берунӣ кушиш мекунанд ба Тоҷикистон сармояи хешро ворид накунанд. Дар ҳолати умумӣ имрӯз аз сармоягузорони хориҷӣ дида, зиёдтар сармоягузорони дохилӣ барои пешрафти иқтисоди кишвар кӯшиш карда истодаанд. Соҳибкорӣ бояд аз тарафи роҳбарони калон хуб дастгирӣ карда шавад ва раҳбарони калон дар навбати худ бояд тавре кунанд, ки тиҷорат аз давлатдорӣ дур бошад. Соҳибкории хурду миёна ва калон бо давлатдорон омехта нагардад. Дар акси ҳол, баръзеҳо бурд мекунанд, яъне наздикони давлатдорон соҳибкориашон пеш меравад ва онҳое, ки мехоҳанд мустақил башанд, нав ба соҳибкорӣ оғоз менамоянд, онҳо алтернатива шуда наметавонанд. Яъне, онҳо дар ҳошияи соҳибкорӣ қарор мегиранд. Ҳарчанд шумори нафароне ки банди соҳибкории миёнаву хурд ҳастанд, зиёд шавад ҳамон қадар хуб аст”.

ФАЗОИ САРМОЯГУЗОРӢ

Бӯрӣ Каримов: “Барои худам не, барои Бозор Собир ду бор ба дарбор рафтам” (ВИДЕО)Озодагон: Вале назаратон дар бораи фазои сармоягузорӣ дар кишвар чӣ гуна аст?
Бӯрӣ Каримов: “Мутаассифона, баҳодиҳӣ гуногун ҳаст. Дар ҳолати умумӣ худро нодида гирифтан лозим нест. Агар гӯем, ки муҳити хубе барои ҷалб кардани соҳибкорону сармоягузорони дохиливу беруни воқеан ҷой дорад, ин тавр гуфта наметавонам. Барои воқеан ҳам ҷой доштани ин ҳолат, яъне истифода ҳам аз сармоягузори дохилӣ ва ҳам берунӣ бояд ҳамон муҳити созгорро ба миён биёрем, ки пеш аз ҳама бояд дар кишвари мо суди мустақил ё озод бошад, воситаҳои ахбори омма мустақил бошанд, Шӯрои олӣ шӯрои арзанда бошад ва дигар органҳои дахлдори кишварамон ҷавобгӯи вақту замон бошад. Барои он ки сармоягузорӣ берунӣ наҳаросида, маблағи худашро биёрад, инҷо сарф кунад ва натарсад, ки фардо маблағи худашро баргардонда гирифта наметавонад. Яъне, он қоидаву қонунҳое, ки дар кишвари мо ҳастанд, ҷавобгӯйи вақту замон бошанд. Агар ба истилоҳ Абдураҳмонов ё Иванов сармоя гузошт, натарсад, ки фардо сармояи вай ғасб карда мешавад ё аз тарафи касе кашида гирифта мешавад. Дар он ҳолат кишвари мо пеш меравад. Аз ин нуқтаи назар, ҳоло тамоми корҳое, ки мо анҷом медиҳем, аз нигоҳи ҳуқуқӣ созгори ҷомеаи шаҳрвандӣ нест. Бо ин сабаб рушд дар кишвар то андозае суст аст. Рушд ҳаст, вале ҷавобгӯи вақту замон нест. Аз ин нуқтаи назар, раҳбарони зинаҳои гуногун - ҳам ҳукумат, ҳам дастгоҳи президент ва зинаҳои поёнӣ - бояд пайваста кор кунанд, то ки чунин як фазои солим дар кишвар ба миён ояд, сармоягузорони дохилӣ ва берунӣ аз пайи ободии кишвари мо ва ба даст овардани фоидаҳои хеш гардад.”

БА ЗАЙД САИДОВ ГУФТАМ, КИ...

Озодагон: Баъзеҳо мегӯянд, боздошту зиндонӣ кардани Зайд Саидов, соҳибкори шинохта, як навъ сармоягузорони хориҷиро гурезондааст. Фикри Шумо чист?
Бӯрӣ Каримов: “Чунин мисолҳое, ки аз он ҷумла бо Зайд Саидов рух додаанд, албатта, ба рушди Тоҷикистони мо кумак намекунад. Баръакс, таъсири манфӣ мерасонанд. Шахсан Зайд Саидовро аз наздик намешиносам, вале медонам. Як чиз ба ҳама маълум аст, ки солҳои зиёд Зайд Саидов ҳамкор ва узви ҳукумати Тоҷикистони мо буд. Аммо дар хусусигардонии моликият як нафар ягон хел роли муҳиме намебозад. Ҳарчанд вориди сиёсати калон намешавам, вале то андозае дар сиёсат гурги борондида шудаам ва дар ин қазия бӯйи сиёсат эҳсос мекунам. Ба назар чунин мерасад, ки вақте Зайд Саидов даъвои ташкили ҳизби мустақилро кард, боздошт шуд. Даъвои раисии ҳизб кардан то ҷое ворид шудан ба ҳукумат ва ба зинаҳои баландтар рафтанро ҳам дорад. Мумкин ба баъзе роҳбарон ин чиз нафорид. Лекин ба назари ман ин кори хато буд. Мо бояд на танҳо ба Зайд Саидов, балки ба дигарон ҳам мехоҳанд чун мо хостори зиндагии сазовор дар кишвари мо бошанд, имкон бидиҳем, ки ҳизбҳои худро ташкил кунанд. Агар соҳибкор бошанд, кори худро давом диҳанд. Дар умум ба назари ман чунин аст, ки дар рушди Тоҷикистони имрӯза Зайд Саидов симои мусбат дошт ва корҳои мусбат мекард. Ин, албатта, ба рушди соҳибкорӣ дар кишвар ва муҳите, ки дорем он қадар созгор нест ва халал ворид мекунад. Дар телевизион нишон доданд, ки ӯ ба корҳои нодуруст даст зад, аз ҷумла муносибат доштан бо кадом духтари ноболиғ. Ба назари ман, чунин одамон муҳтоҷ ба чунин муносибат нестанд. Як чизи муҳимро мехоҳам бигӯям, ҳамин бародари азизе, ки имрӯз пушти панҷара аст, мо намедонем ба он кас чихел кумак кунем. Вақте хабари боздошташро шунидам, надонистам, ки чӣ хел ба бародар Зайд Саидов кумак кунам. Ба ман гуфтанд, ин кӯшишҳое, ки Шумо мекунед, бефоида аст. Ӯ дар азои модари ман иштирок кард ва ин таъзия ба ташкили ҳизбаш мувофиқ омад. Ҳамон замон дар ҳузури чанд вазири собиқ ва дӯстонаш арз доштам, ки бародари азиз бубахшед ин ҳизби Шумо супоришӣ аст ё аз таҳти дил ташкил карданиед. Зайд Саидов гуфт, ҳизбе аст, ки ман худам шахсан ҷонибдори ташкил карданаш ҳастам. Ман суханашро бурида гуфтам, бародари азиз, дар муҳите, ки имрӯз қарор дорем, Шумо хато мекунед. Баъд аз эълони таъсиси ҳизб ба он бародар гуфта будам, ки оқибати нек ба бор намеорад. Афсӯс, ки ба ин бародар чунин ҳолат рух додааст ва ман ҳамчун як инсоне ки худамро шинохтаам, ба зиндагиномаи ӯ ва ба рафтори ӯ баҳои мусбат медиҳам”.

БОЗОР СОБИР ВА ДАРБОР

Озодагон: Фазои сиёсии Тоҷикистонро чи гуна мебинед? Бархе сиёсатмадорон аз шиддати фишори ҳукумат болои мухолифин нигаронӣ доранд? Ин моро ба куҷо хоҳад бурд?
Бӯрӣ Каримов: “Андеша дорам, чунин ҳолат агар ҷой дошта бошад, барои кишвари мо чизе намедиҳад, ҷуз бадӣ, ҷуз ҳолати манфӣ. Бубинед, ҳазрати Муҳаммад (с) мегӯянд, ман дар се ҳолат ба ҳоли кофарон гиристам. Яке ба Нӯшервон барои адлаш. Подшоҳ бояд адл дошта бошад. Тамоми ниёгони мо классикони мо гуфтаанд, дин, оини подшоҳ муҳим нест, муҳим адлаш аст, барои ҳамин ҳам дар кишвари мо бояд адл пойдор бошад. Асли адл ин аст, ки ягон гунаҳкор беҷазо намонад. Ман фикр мекунам, роҳбарони мо сари ин мушкилҳо андеша мекунанд. Масалан, бинед солҳои зиёд шоир Бозор Собирро даъват накарданд, ҳарчанд ман он касро аз Маскав ду бор даъват карда овардам. Шоир Бозор Собир мехост, даъваташ кунанд, даъват нашуд. Аз ман пурсид, чӣ кор кунем, ки ба Ватан биёям, ду бор ба хотири ин шоир ба дарбор рафтам, ягон бор барои худам нарафтам. Бо намояндагони амният суҳбат кардам, ки агар ин шоир дар ғурбат фавт кунад мардум механданд, мегӯянд шоирашонро соҳибӣ накарданд. Оқибат дар арафаи интихобот шоир даъват шуд, ягон чизи бад нашуд-ку? Агар ин кор пештар мешуд фоидааш зиёдтар мерасид, мумкин Бозор Собири пешина мемонд, на Бозор Собире, ки имрӯз аз бединӣ ҳарф мезанад, зидди Худову суннати пайғамбарон ҳарф мезанад. Бозор Собире мемонд, ки барои мо зиёдтар зарур буд, вале ин шоир бояд донад, бонишону бенишон дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун шоири миллатозор, худобезор ва кӯрнамаки тоҷик мемонад”.

НАФЪУ ЗИЁНИ МУҲОҶИРАТ

Озодагон: Аз вазъи муҳоҷирон огоҳӣ доред? Бисёре аз мардум аз беҳуқуқии худ шикоят мекунанд. Роҳи ҳал кадом аст?
Бӯрӣ Каримов: “Аз ҳолати онҳо хабардор ҳастам. Солҳои пеш бо раҳбарони ҷамъиятҳои ҷудогона дар Русия будам, кӯшиши худро дареғ намедоштам. Мутаассифона, маҳалгароие, ки дар кишварамон доштем, ба Маскав бурдем. Ҷамъиятҳои кӯлобӣ, қаротегинӣ, зарафшонӣ, ҷамъиятҳои дарвозӣ, помирӣ ва ғайра ба миён омаданд, ки барои ман бисёр миёншикан буд ва барои аз байн бурдани ин раванди номатлуб ва баҳам овардани онҳо, сохтани як ҷамъияти тоҷикона дар кишвари Русия кӯшишҳо ба харҷ додам. Муҳоҷират барои имрӯза ҳокимон ва кулли Тоҷикистон дар мадди аввал фоидаи мусбат дорад. Онҳо мераванд бо азоб маблағ ба даст меоранд ва ин маблағ аз буҷаи кишвари мо зиёдтар аст. Онро вориди кишвар мекунанд ва барои зиндагишон сарф мекунанд. Агар зиёдтар бошад, барои рушди воқеии кишвар сарф мекунанд, андоз месупоранд. Аз ин ҳисоб барои давлатдорон ва умуман Тоҷикистон хуб аст. Вале оқибати бадиаш ин аст, ки онҳо аз назди модарони хеш, аз назди зану фарзанди хеш дур ҳастанд. Баъзеҳо, узр мехоҳам, мегӯянд, барои мо ду президент ҳаст, президенти Тоҷикистон ва президенти Русия. То андозае онҳо ҳақиқатро мегӯянд, вале ин тавр бояд набошад. Мо бояд як президент, як ватан, як модар дошта бошем ва дӯст дорем. Мо барраи думодара шудаем. Бараи думодара чӣ мешавад? Гург мехӯрад. Дар умум, тарафи манфии муҳоҷирати кории тоҷикон аз мусбаташ зиёдтар аст.”

ДАРДИ МАҲАЛ

Озодагон: Шумо гуфтед, маҳалгароии тоҷикон ба Русия ҳам кӯчидааст. Фикр мекунед, чаро ба ҷои муқобила бо ин падида, баръакс, талоши рушди онро мекунанд?
Бӯрӣ Каримов: “Зидди он ҳастам, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар интихоб ва ҷойгиркунии кадрҳо ҳастам. Бадахшон, Ҳисор, Хуҷанд, ҳама хоки Тоҷикистон аст, мулки Худо аст. Мо ба доираи давлатдорӣ бояд беҳтаринҳоро бигирем. Фарқ надорад аз Мастчоҳ аст, ё Бадахшон аст. Дар он ҳолат кишвари мо тараққӣ мекунад. Мо бояд бо кадрҳо шӯхӣ накунем. Якеро паси панҷара барем, якеро аз вазифа озод кунем, мо бо ин роҳ кишварро ба пеш бурда наметавонем. Ба ҳама имкони баробар додан даркор аст.”

СИЁСӢ ШУДАНИ ДИН

Озодагон: Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба шиддат аз сиёсӣ шудани дин, бахусус Ислом нигарон аст ва тамоми талошашро мекунад, то ҷанбаҳои манфии рӯҳониятро нишон бидиҳад, ки намунаи он равобити маҳрамонаи нафароне ба ном муллоҳост. Назари Шумо дар бораи сиёсӣ шудани Ислом дар кишвар чист ва фикр мекунед роҳи дуруст кадом аст?
Бӯрӣ Каримов: “Қариб дар тамоми кишварҳо кӯшиш мекунанд, дин аз давлат ҷудо бошад. То андозае ин дуруст аст, вале дар инҷо ҳамон рафтори нозуке дар миён бошад, ки мо ба иззати нафси диндор нарасем. Мо дини мубини худамонро хор накунем. Хушҳол ҳастам, ки шахсан надидам, лекин базӯр-базӯр бовар мекунам, ки чунин як наворе ҳаст. Чунин як беақле чунин рафтор кардааст. Барои чанд нафаре шуда, ба дини мубини Ислом иснод овардан лозим нест. Вақте чунин чизҳоро як бор нишон медиҳем, ба хайр, як бор ду бор менависем ба хайр, вале барои шуҳрат шуда, пайи ҳам чоп мекунем ё нишон медиҳем, аз назари ман ин паст задани худи мо, дини мо аст. Ҳамаи ин амалҳои охир сояи сиёсӣ дорад. Агар ҳукуматдорон аз Ҳизби наҳзати исломӣ ё диндорони дигар шубҳа кунанду ҳаросанд ва ба хотири шубҳаву ҳарос ин корро кунанд, онҳо бояд тавре кунанд, ки ба ҷомеа зарар нарасад. Аз чаҳорчӯба берун баромадан ва бар зидди онҳо мубориза бурдан гуруҳҳои радикалиро ба вуҷуд меоварад.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сотиволди

  • 22 август 2014 12:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Бури хов-пов дида бошад? Кадом аблах Путина президенти Точикистон мегуд. Мохон президенти худамона бо номи мубораки чахоншумул Эмомали Рахмон дорем.
Посух додан
  • Боря

  • 22 август 2014 14:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Базехо не 95 % фисади мардуми Точик Путинро рохбари худ медонанд. Рохбари одилу донову зирак...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИН БУРИБОЙБАЧА ХОВ ДИДАЙ.БОЗ ОРЗУИ ПРЕЗИДЕНТИ ДОРАД ЧИ?
Посух додан
  • Хамшахр

  • 22 август 2014 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман бовар дорам , ки ин шахс агар имкон пайдо мекарданд ва бо тахассуси худ кор мекарданд, мутахассиси хуб буданд. Вале бисёр чавон ва зуд дар макомхои баланди сиёси ва давраи хассос кор карданд. Ва ин таъсири манфи расонд ба Бури Карими чавон, вакте ки сухбаташро гуш мекуни ва китобашро варак мезани дар машомат буи худпарасти, шухратпарасти ва хамон насталгия аз давраи дар макомотхо кор ва фаъолияташонро хис мекуни. (Хато хамин сухбаташонро (видео) агар таваччух кунед, худаш дасти худашро ламс мекунад). Ба фикри ман бисёр шахси худпараст ва шухратталаб аст!
Посух додан
  • Муршид

  • 22 август 2014 16:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Маскав ягон супориш додагишаи чи, рафта дар ватант тренировка букун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин устод Бури Карим. Халолат бод!
Посух додан
  • Вахдат аль- вучуд

  • 22 август 2014 17:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мардаки хуб бисёр фалсафарони накуну биё дар кору амал, худата ба миллатат нишон дех. Тинчи ки шуд, баъд хама пайдо мешаваду,панду насихатба мегузаранд.
Посух додан
  • Серый

  • 22 август 2014 17:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамшахр,
Бовар кун ин фикри ту нест. У дар хакикат шахси худпараст аст. Ягон чой бошад, ки рафта аз боло нишинаду суханрони кунад. Хамун Бозорам барои он дум-думаш мегашт, ки рузноманигорон бо бинанд ин шахсрову кам-кам номаш дар рузномахо пайдо шавад. Худаш танхо ба хеч кас даркор нест. Ягон рузноманигори сок пайдо нашуд, ки пурсад: дар хамон россия ин кадар зиндаги кард, ба чанд точик кумак кард? чаро аз зани худаш ру гардонду як духтараки арманиро ба зани гирифт? Ана ин суолхои ачоибанду чавобашам ба мо бисёр писанд меафтод.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рост гуфтед чаноби Бури Каримов ман шахсан 100% тарафдори шумо! Дар бораи президент ман Путинро президентои худ медонам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
каментнависо аз бахили як точики мукими маскав ки бе ерии ягон кас кору фаъолият мекунад дида наметоне аз бахили намедоне чи гуе як таекча гирену аз кафои якдигарат гардед вой бар холи зортон
Посух додан
  • Махмуд

  • 22 август 2014 18:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости то инчониб шуморо хамчун шахси босавод ва олим эхтиром мекардам. Ва интизор набудам ки дар хаки устод Б.Собир чунин харфхоро аз Шумо шунавам. Ба ёд оред солхои курбонихои сиёсиатон. Хатто тавба кардед аз хатогихо, харчанд шумо гунох надоштед. Дар дунё хеч кас бе хато намешавад. Хатто хамон муллохои дар бухоро хондаву эшонхои бологузар. Ба эхсосот додани Б.Собир ин маънои онро надорад, ки у миллатозор бошад. Миллати худро дуст доштан у алакай дар давраи шурави собит намуда буд.Инро аз ман хубтар медонед. Ман хам суханхои зидди динии уро пайрави намекунам. Лекин устод вокеан мехохад мусалмон пешрафт бошад дар пайрави дигар динхо. Имруз бубинед мусулмонхои арабро.Миллиардхои Арабистони саъуди ба яхудихои амрико маблаг медиханд то ки ба мусулмонхое, ки дар итоати амрико нестан бомбарон кунанд. Имруз мо пайрави дини ислом хастем. Бубунед дар амал оё мо муттахид хастем, дасти якдигаро мегирем, не харгиз не. Аз дастамон ягон бало намеояд. Ягон чиро ихтиро карда наметавонем. Боз Шумо мегуед худобезору курнамаки точик. Ин чо бахси доманадор аст. Факат хаминро мегуям, ки ба Шумо барин шахсони шинохта шояд чавонони хозир ягон маълумоте аз Шумо надоранд ва намешиносанд айбчуи намезабад.
Посух додан
  • Саидчон. Якутия

  • 22 август 2014 19:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин суханхо. Аслан ман шахсан чаноби Бури Каримов хаиинро интизор будам. Ахсант!!! Ва дигар бародари ё хохари бо номи Сотиволди он хоб надидаанд аз рост хам росттар гуфтаанд.
Посух додан
  • Чура

  • 22 август 2014 19:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аклхое чун Бӯрӣ Каримов дар айни замон барои кишвари мо нихоят заруран. Дар ягон гушаи хукумат ба у чой дихед, бовар кунед сохаи худашро баъди 5-6 ба куллаи балантарини тараккиёт мерасонад, ин шо Аллох. Дар сиёсат пуфта, гуфти мардум "гурги борондида" шудаанд. Афсус, аммо барои хукуматдорони мо шахси босавод писанд нест.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
сад фоиз дуруст , тавонистааст фикрашро хело фахмо баен намояд! лекин барои чи мастчохро мисол овардааст ?
Посух додан
  • Sher

  • 23 август 2014 09:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап назаркадахои худованд Шоху Президент мешаванд..Дар чехраи ин БУРИБОЙБОБО ягон зарра нишонаи гуфтахои болоиро намебинам...Ин назари инфиродии ман...Боз Шоири миллатро тахкир хам кардааст...Хамин Бозор Собири бечора аз дасти туву хаммаслакони ту ба ин руз зад. Акнун оромаш гузоред, ки акаллан чонаш ба хуши барояд...Офарин ба РАХМОН, ки БОЗОРРО ба ВАТАН овард. Шумо бехонааш карда будед..Ё боз шайтон васвасатон дора, ки ягон номаъкулии дигрро сар кунед. Ин Хукумат Хукумати соли 1990 нест...Мардум хам он мардуми гумрох нест...
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!