Бахшҳо
26 авг 2014 09:54Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳалокати Нуъмонҷон ва Азамат ҳангоми тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистон

Дар пайи тирпаронии 25 август дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд -- Нуъмонҷон Набиев ва капитан Азамат Азимов ҷон бохта, 5 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, тирпаронӣ бегоҳи 25 августи соли ҷорӣ дар наздикии деҳаи марзии Овчӣ-Қалъачаи ин минтақа рух додааст. Ба қавли онҳо, марзбонони қирғиз замоне оташ кушодаанд, ки онҳо мехостанд монеи оғози сохтмони як пул шаванд.
Радиои Озодӣ менависад, ин пул аз болои рӯди Хоҷа Боқирғон мегузараду бар асоси тавофуқи гуруҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба умури марзӣ ҳоло он бояд сохта намешуд. Вале сокинони ин минтақаи марзии кишвар гуфтаанд, мақомоти Қирғизистон чанд рӯзи охир мешавад, барои азсаргирии бунёди ин пул бидуни мувофиқаи ҳамтоёни тоҷики худ талош доранду ҳангоми муқобилият нишон додани онҳо марзбонони қирғиз оташ кушодаанд.

Ба қавли шоҳидони ҳодиса, дар нуқтаи аввалӣ бо фармони афсари низомии қирғиз сокинони осоиштаи ҷамъомадаи Тоҷикистон ҳадафи тири марзбонони кишвари ҳамсоя қарор гирифта, сарбозони тоҷик аз аз кушодани оташи ҷавобӣ худдорӣ кардаанд. Аммо ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки тирпаронӣ нахуст аз тарафи марзбонҳои тоҷик сурат гирифта, онҳо ҷавобашонро додаанд.

Ин бори аввал нест, ки сокинони осоиштаи Тоҷикистон ҳадафи тири марзбонони кишвари ҳамсоя қарор мегиранд. Рӯзи 10 июли соли ҷорӣ низ як гуруҳи сокинони Ворухи ноҳияи Исфара дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳадафи тири марзбонони ин кишвар қарор гирифта, дар пайи он Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шуда буданд.

Тоҷикистону Қирғизистон тӯли 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз он 567 километраш аломатгузорӣ шудаасту бас. Ин номуайянӣ боис мегардад, ки миёни сокинони наздимарзӣ мунтазам даргириҳо сурат мегиранд.
Мӯҳр
Сын Великого Отца
Э халки бузург дар чи холат зади? Э бародаро биёен чавоби кори ин киргизхоро дар Масква медихем! Наход ин киргиз халки точикма азоб дихад?

Ну это ясно что они убивают наших граждан а вы чо так припрёрлись пусть эту проблему решает государство. Провителсьтво чо слобак?

як анклав ика бетартиби мекунад.

Чангандоз
Сын Великого отца!Магар Москва-шахри бедарвоза аст?Ефтй чои чангкуниатро!Зур бошй,рафта дар он чо чанг кун!!!

Афсарон чон мебозан аммо раисони шикам гавс дар фикри замин фуруши мебошан, яктош раиси чамоъти мо , мо дар як хавли шаш оила зиндаги дорем як нафари мо афсари харби хамикадар аризаю зори кардем касе ба мо замин надод , аммо барой савдогар замин хаст ! Дигар чи орзуи ватанро мухофизат кардан мемонад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)