Бахшҳо
27 авг 2014 09:42Тоҷикистон / Иқтисодӣ

"Договор"-и Алимардону Маматалиев барои бунёди роҳҳо ва пулҳои наздимарзӣ

Ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба раҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазири кишвар ва ҳамтои қирғизаш – Абдураҳмон Маматалиев ба сохтмони ду роҳи наздимарзӣ ва пулҳо тавофуқ кардаанд. Ин тавофуқ дар ҷаласаи рӯзи 26 август дар Бишкек ҳосил шудааст.

Бар асоси созиши ҷонибҳо, роҳи Кӯктош-Оқсой-Тамдиқ-Кишемиши Қирғизистон (аз рустои Тоҷикон убур намекунад) ва роҳи Исфара-Ворухи Тоҷикистон (аз деҳаи Оқсой намегузарад) сохта хоҳад шуд. Инчунин, ҳайатҳои Душанбеву Бишкек ба мувофиқа расидаанд, ки бунёди ду купрӯки нав ва сохтмони роҳи назди онҳо то 5 сентябр оғоз меёбад.

Дар ҷаласаи Бишкек ҳайатҳо ба натиҷае расидаанд, тамоми даргириҳое, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ ба ин сӯ дар марзи ду ҳамсоя иттифоқ уфтодааст, таҳқиқ бишавад. Барои ин, онҳо таъсиси як кумисюни муштарак аз ҳисоби кормандони мақомоти қудративу интизомиро пешниҳод кардаанд.

Ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ин ҷаласа мавзӯи мушаххас кардану аломатгузорӣ намудани марзҳоро баҳс намуда, пешниҳодҳо барои нуқтагузорӣ ба ин масъаларо ба баррасӣ гирифтаанд. Қарор аст, даври навбатии музокироти ҳайатҳо дар Душанбе баргузор шавад.
Мӯҳр
эээээ
МАРДАКА кичое пулай рои кнен кичо разбор роиш мекнен бо хамара нафуруша

Абулайс
Дар Сугд киргизхо ду точикро куштанд,6 нафар точики дигарро мачрух карданду у "намояндаи" точикхо хандида истодааст.Аз хамон киргизи дар пешат истода аккалан ибрат намегири.

Cатори
Алимардонов аз ухдаи ин кор намебарояд. Ягон нафари дигар ин корро рохбари бояд кунад.

Мухаммад
А бача ин Алимардона рангу руш мисли хамон киргизхояй ку

точик
Қиёфаи ҳарду чунон монанд, ки гуӣ аз як падару модаранд

985
Хам моро мекушанд дар асри 21-е хам мо чорхез ба пеши кушандахоямон равонаем чи хел фахмем ин амалро?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)