Бахшҳо
27 авг 2014 09:47Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти ҲНИТ аз монеагузориҳои мақомот барои баргузории ҷаласааш

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, мақомоти маҳаллӣ дар бархе навоҳии кишвар дар рафти баргузории ҷаласаҳои ин ҳизб халал мерасонаду масъулини бахшҳои онро баҳудаву беҳуда мавриди бозҷӯӣ қарор медиҳанд.

Раҳматуллоҳи Раҷаб - раиси шуъбаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ, ки ҳоло дар ноҳияи Рашт қарор дорад, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар асоси барнома қарор буд, ҷаласаи онҳо дар ноҳияи Ҷиргатол баргузор шавад, аммо мақомот қабл аз шурӯи он раиси бахши ин ҳизб дар минтақа - Қурбоналӣ Саидмуродовро ба шуъбаи амният даъват кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, раиси бахши ҲНИТ дар Ҷиргатол замоне ба Шуъбаи амнияти ноҳия даъват карда шудааст, ки баргузории ҷаласа бидуни он имкон надоштааст.

“Маъмурини амният ин даъвати ногаҳонӣ худро ба даъвои раиси "Тоҷикматлубот"-и Ҷиргатол рабт додаанд. Дафтари ҲНИТ дар ин минтақа дар бинои Тоҷикматлубот қарор дораду раиси он хостори бекор кардани шартномаи худ бо мо дар бораи иҷораи дафтар шудааст”,-мегӯяд ӯ.

Раҳматуллоҳи Раҷаб афзуд, ба далели даъват шудани Саидмуродов ба шуъбаи амният тасмим гирифтаанд, ҷаласаи худро дар яке аз навоҳии минтақаи Рашт баргузор кунанд. Инчунин, ба гуфтаи оқои Раҷаб, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод низ, ки қарор буд, дар ин ҷаласа иштирок кунад, ба шуъбаи умури дохилӣ даъват шудааст: “ШКД-и ноҳия далели даъвати худро ба кадом як мушкили ҳамсоягӣ рабт медиҳад.”

Масълини шубаи ҲНИТ дар навоҳии тобеи марказ, ки ҳоло дар доираи як сафари корӣ дар минтақаи Рашт қарор доранд, мегӯянд, онҳо ҳатто дар роҳ низ аз сӯи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бозҷӯӣ мешаванд.
Мӯҳр
Кабири
Тахаммул кунед, биродарон, тахаммул.

тура
ин хукумат дигар сабрашон намонд то интихобот холо 6 мохидигар аст хамаи корхоро монда факат ба хнит мубориза мебарад холоки дар марзи киргиз факат точикхоромекушан инхоро инсофнамондааст

nfxbkb
амният чи кор ба дафтар дошта боша суд чи кор мекарда боша моненшон чаласашона кардан гиран инам хизбай ку чи метонан карда

САЙФ
БАРОДАРОНИ НАХЗАТИ ХАР КАС БОЯД КОРИ ХУДРО КУНАД МУСО КОРАШ РО КУНУНАД ФИРАВН КОРИ ХУДАШРО ИН МУШКИЛОТИ ЗИЁД ДОРАД ВАЛЕ САРБАЛАНДИ ДАР ДАСТИ ИСЛОМ ВА МУСАЛМОНОН АСТ 80/ ДАР САД МАРДМ БО НАХЗАТ АСТ.

ВАТАНДОР
ХАЗОР ШАРМАНДАГИ БА ЧУНИН ХУКУМАТИ ТАРСУВУ БЕЧОН. КИ МУШКИЛОТИ БУЗУРГ ДАР ДАВЛАТ МОНДАГИ БАЧОИ ОНХОРО ХАЛ КУНАНДУ ВАЗЪИ МАРДУМИ БЕЧОРАИ ТОЧИКРО ХУБ КУНАНД БА МУБОРИЗА АЛАЙХИ ЯК ХИЗБИ СИЁСИИ РАСМИ ШУДААНД. МИСЛИ ЗАНАК МЕЧАРХЕД ДАР МАЙДОНИ СИЁСАТ. ШАРМАНДАХО. ПУЛИ ХАМИН МАРДУМРО КАЙФУ НУШ КАРДА ХУРДА ИСТОДАЕН ВАЛЕ БАЧОИ БА ФИКРИ ШАРОИТИ КОРУ ЗИСТАН МУХАЁ КАРДАН БА МУБОРИЗАИ ХАМВАТАНОНИ ХУД ПАРДОХТАЕД. САД ХАЗОР АФСУСИ ИН МИЛЛАТ. ХУДО ЯК РУЗ НЕ ЯК РУЗ ОХИ ИН МИЛЛАТИ ШАРИФ ШУМОРО ДОМАНГИР ХОХАД ШУД ИНШОАЛЛОХ.

ВАТАНДОР
ОЗОДАГОН. АЗ. ОЗОДИ. МАХРУМ. ШУДЕН КИ. ХАМАРО. ЧОП. НАКАРДА ИСТОДАЕН ???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)