Бахшҳо
27 авг 2014 15:32Тоҷикистон / Сиёсат

Боздошти ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия ба гумони куштори “таксист”-и тоҷик

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ду сарбози пойгоҳи низомии 201-и Русия дар кишварро ба гумони даст доштан дар қатли Раҳимҷон Тешабоев -- як ронандаи таксӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздошт кардааст.

Масъулони ВКД мегӯянд, афроди боздоштшуда -- Сахапов Илдар Масхутович, собиқ сардори гурӯҳи қисми низомии 31691-и пойгоҳи Русия ва Басимов Федор Рифанович буда, таҳқиқи қазия идома дорад. Дастгир шудани ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия ба гумони куштори Тешабоев 26 августи соли ҷорӣ, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, ҳоло афроди гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гуфт, онҳо макони кушторро наворбардорӣ ва ҳарфҳои афроди гумонбарро сабт кардаанд. Ӯ афзуд, куштори Раҳимҷон Тешабоев, сокини шаҳри Душанбе, 19 августи соли ҷорӣ дар лаби кӯли деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ иттифоқ уфтодааст.

“Дар дохили автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» рақами давлатиаш ТҶ 07-19 АН 01 ҷасади шаҳрванд Тешабоев Раҳимҷон, соли таваллудаш 1978, бо аломатҳои марги маҷбурӣ, ҷароҳатҳо дар қисмати гардан бо истифода аз олоти халандаву бурранда дарёфт карда шуд”,-гуфт Ҷалолиддин Садриддинов.
Мӯҳр
Содик
Дардисарихои баъдиро аз сарбозони ин кисми низомии ачнаби дар оянда низ интизор бошед. Онхо чун депутат статуси дахлнопазири доранд ва худро чун хокими ин кишвар тасаввур мекунанд. Бояд помидоршап карда онхо аз хоки кишвар берун намуд, он гуна ки депутати худи, Кабириро кардед. Зури мо факат ба худихо мерасад. Боре тасаввур кардед, ки хамин амалро агар яке аз сарбозони точик дар каламрави Москав анчом медод, холаш чи мешуд? Бовар кунед то вазири мудофиаамонро ба чавобгари мекашиданд!

саррбоз
Баъд аз оне, ки чиноят ошкор шуд сарбозони Россияро озод намоед, аз ду сар аз дастатон хеч чиз намеояд......

бародарон ба фикри ман ки хамин таксиист как мамароза дар хамин руссо кор мекардай.духтарои точика мебурдай мефурухтай капидан касдша кадом ака йо додари кадомеш грфтай.барои ки гуфта бдан ки арус мебурдай ба камандирора.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)