Бахшҳо

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон набояд гузашт кунем”

Муҳаммад АМИН

Дар пасманзари баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки ахиран зиёд ба вуқӯъ пайваста, то ба тирпарониҳои сарҳадбонони ду ҷониб мерасад ва чанд кушта ҳам бар ҷой гузоштааст, хабарнигори “Озодагон” бо Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси масоили сиёсӣ суҳбате анҷом дода, нахуст пурсид, омилҳои ин муноқишаҳоро дар чӣ мебинад?


Рашид Ғанӣ Абдулло: “Омили аслии сар задани муноқишаҳои марзӣ дар ҳаллу фасл наёфтани мушкили байни ду кишвар аст. Тоҷикистону Қирғизистон чанд сол боз давлатҳои мутақиланд, вале то имрӯз натавонистаанд баҳси марзиро ҳал намоянд. Мушкили марз душвор аст ва доду гирифт атрофи он як солу ду сол давом намекунад. Аммо ҷонибҳо агар ҷиддӣ ба ин кор машғул шаванд, метавонанд ба ҳалли мусбӣ бирасанд. Гуфтушунид ҳамон вақт самара медиҳад, ки ҳарду тараф имконоти баробар дошта бошанд. Яқин аст, ки имрӯз Тоҷикистон аз Қирғизистон вобаста аст: бо ин кишвар роҳи кашондани колоро дорад. Ҷониби Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба ин барои ҳалли мушкили марзӣ чандон саросама нест.

Ду тараф ҳамон вақт метавонанд ба чизе бирасанд, ки мавқеи баробар дошта бошанд. Имрӯз мавқеи Тоҷикистон нисбат ба Қирғизистон нисбатан заъиф аст. Аз кадом лиҳоз, ки Бишкек аз Душанбе вобастагӣ надорад. Мо бидуни муносибати ҳасана бо Қирғизистон наметавонем ба самти Шимол бор кашонем, ягона роҳе ки моро ба Шимол мепайвандад, роҳи Қирғизистон аст. Онҳо дар ҳамин мавқеъ дастболоянд ва аз шартҳои худ намегарданд. Дар Бишкек ҳоло низоме ҷорӣ нашудааст, ки сухани раиси ҷумҳур барои ҳама ҳарфи ниҳоӣ бошад. Онҷо муборизаи сиёсӣ миёни чеҳраҳои сиёсӣ ва нерӯҳои мухталифи сиёсӣ давом дорад ва ҳар яке ҳаракат мекунад аз қазияи сарҳадҳо барои худ дастаке бисозад. Яъне, бо истифода аз вазъи сарҳадот мехоҳанд холҳои сиёсии худро дар Бишкек зиёд кунанд ва ин мушкилот як навъ фишанг дар муборизаҳои дохилӣ аст”.

Озодагон: Аз рӯзе ки муноқишаҳо сар зад ҳукуматҳои ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ созмон дод. Бархе таҳлилгарон бар инанд, ки кори комиссия чандон назаррас нест. Бо ин андеша розиед?


Рашид Ғанӣ Абдулло: “Кори комиссия аз ҷониби Тоҷикистон муассиртар аст, чунки дар Тоҷикистон низомест шаклёфта, аммо дар Қирғизистон чунин нест. Тақрибан вазъияти имрӯзаи Қирғизистон мисли авзои солҳои 1993-94-и Тоҷикистон мебошад. Мавқеъгирии ҳар вакили мардумиашон аз қумондонҳои мо фарқе надорад. То замоне ки онҷо як тартиби муайян ҷорӣ нашавад, ба пешравии кор шак дорам. То замоне ки вобастагии мо аз Қирғизистон кам нашавад ва онҷо низоми ягона ташкил нашавад, вазъият ҳамин тавр идома мекунад”.

Озодагон: Вале Қирғизистон талабҳои ҷиддӣ пеш гузоштааст, монанди сохтани роҳу гирифтани қисмате аз заминҳо. Ин ба мақомоти маҳаллӣ бастагӣ дорад ё мақомоти сутуҳи болооии он кишвар?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Ҳар нафаре, ки аз Қирғизистон барои ҳалли мушкили марз меояд, худро ҳомии манфиатҳои миллии стратегии кишвараш меҳисобад ва дар фикри ҳалли мушкили марз нест. Ин нафар тавассути вонамуд кардани худ ҳамчун ҳомии манфиатҳои миллии кишвараш мавқеи худашро дар муборизаи сиёсие, ки дар Бишкек ҷорист, баланд карданӣ аст. Масалан, дар аввали сол муовини сарвазираш омад ва рӯйи рост гуфт, ҳеҷ кас дар ин минтақа дар ғами таъмини манфиатҳои кишвар нест. Ман омадаму ҳама корҳоро дидаму бекор кардам. Манзури ӯ ин аст, ки аз паси таъмини манфиатҳои миллии худам ҳастам”.

Озодагон: Аммо дар мо чӣ? Оё раҳбарон дар фикри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳастанд?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Албатта, агар чунин намебуд гуфтушунид идома намеёфт. Аммо мушкилии Тоҷикистон дар он аст, ки онҳо дастболоянд ва гапҳои оқилонаро гӯш кардан намехоҳанд. Чун медонанд, мо роҳи баромад ба олами беруна ба ҷуз тавассути Қирғизистон надорем. Агар вазъият дар минтақа тарзе тағйир ёбад, ки қирғизҳо аз мо вобаста шаванд, он гоҳ мавқеашон ҳам дигаргун мешавад.

Ба андешаи ман ҷое ки имкон дорад, масъаларо бояд ҳал кард, аммо ҷое ки ҳал кардани мушкил душвор аст, бояд вазъ ба ҳоли худ гузошта шавад. Танҳо як низоми муайянеро барои ҳалли он пеш гирифтан лозим аст ва он мушкил ягон вақт ҳал мешавад. Ду пойро дар як муза андохтану мушкилро ҳаминҷо ҳал мекунем бигӯем, шиддати буҳрон тез мешавад. Бояд роҳҳои дар дигар ҷо ҳал кардани мушкилро пеш гирифт. Дар минтақаҳои даргир як низомеро бояд ба роҳ монд, ки мардуми одӣ рафту омад ва тиҷораташро анҷом диҳад”.

Озодагон: Шумо гуфтед, ҳалли муноқишаҳои марзӣ танҳо ба вазъи сиёсии Қирғизистон вобаста аст. Фикр мекунед бо шакл гирифтани як низоми қавӣ дар ин кишвар мушкил ҳал мешавад?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Ба ҳар ҳол имкони ҳал шуданаш зиёд мешавад.Чаро? Чунки ҳама чиз аз марказ меояд ва қарори марказро поён иҷро менамояд. Имрӯз агар сарони давлатҳо бо ҳам ба қароре биёянд, мо гуфта метавонем, ки он имкони татбиқ дорад, чунки низоми давлатдорӣ сохта шудааст. Вале бо далели ягона набудани низоми дохилии Қирғизистон намешавад сад дар сад ба он кишвар итминон баст. Зеро раиси ҷумҳур як гап мегӯяд, нафари дигар дигархел. Баъзе нафарон қариб соҳиби қудрату нерӯи мустақил ҳам ҳастанд. Вақте дар давлат чандин қудрату марказҳои нерӯҳои мустақил мавҷуд бошад, муайян кардани хатти сиёсии қудрати марказгаро хеле мушкил аст”.

Озодагон: Баъзе коршиносон мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон дар баҳсҳои марзӣ чандон муваффақ нест?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Ҳукумат низ намехоҳад масъала тарзе ҳал шавад, ки зарар бинад. Тоҷикистон такя мекунад ба харитаи солҳои пешин, Қирғизистон бошад ба харитаи солҳои охир. Ҳамин хел ҳолат рӯй дода буд, ки заминхое, ки Тоҷикистон барои истифода ба қирғизҳо дода буд аз пайи баргардонии онҳо нашуд. Ба назари ман барои паст кардани шиддати муноқиша дар қисмате ки кор пеш нарафта истодааст ва ба тавофуқ расидан мушкил аст, бояд механизми муваққатии истифодабарии имконоти тарафайн барои табодули вазъ сохта шавад”.

Озодагон: Тоҷикистон бо Чин ҳам баҳси марзӣ дошт, ки бо додани замин ҳалли худро ёфт, дар ин баҳс ҳам Тоҷикистон бояд гузашт кунад?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Гузашт аз гузашт фарқ дорад. Дар ин дунё ҳеҷ кас бо Чин баҳс карда наметавонад. Ин як воқеият аст. Агар имконоти Тоҷикистон бо имконоти Чин муқоиса кунем, ҳеҷ илоҷе набуд, ғайр аз гузашт кардан, агар мехостем худро ором эҳсос кунем. Дар муқобил Чин низ гузашт кард. Дар баҳси марзӣ бо Қирғизистон набояд гузашт кунем, аммо бояд механизме пайдо кард, то мушкили бавуҷудомада ҳаллу фасл гардад”.

Озодагон: Идома кардани муноқишаҳои марзӣ боиси дахолати тарафи сеюм намешавад?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Давлаҳои Осиёи Марказӣ шароитро барои дахолати тарафи сеюм муҳайё месозанд ва табиист, қудратҳо аз ин истифода мекунанд. Ҳар кадоме аз кишварҳои абарқудрат аз Амрико то Чину Русия аз ин фурсат истифода мебарад. Яке аз манфиатҳои Русия он аст, ки намехоҳад нуфузи Амрико инҷо зиёд шавад. Дар ин масъала бо Хитой ҳампаймон ҳастанд. На танҳо Русия, балки ҳар кадоме аз давлатҳои абарқудрат манфиатдоранд. Хоҳед, ки ором бошед, мушкили дохилии худро насозед. Бояд сарварони кишварҳои Осиёи Марказӣ дарк кунанд, ҳар қадар ки муноқишаҳои дохилии онҳо кам мешавад, ҳамон андоза дахолати неруҳои дигар заъифтар мегардад. Вале ташаккулёбии ҳар давлат бе мубориза ва тарошидани симои душманон сурат намегирад, ин ҳатман буданаш мумкин ва ҳаст. Ҳамин тавр Тоҷикистон дар минтақа ягон дӯст надорад, дӯсташ танҳо худаш аст. Давлат дар қиболи рӯёрӯи бо давлати дигар ҳувияти худашро таҳким мекунад, мардумашро муттаҳид месозад, давлатро давлат месозад.

Озодагон: Дар робита ба тирпаронии 25 август Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ирсоли нотаи эътирозие гуфт, дар сурати такрори ҳаводиси монанд аз неру истифода мешавад. ба назари Шумо ин ҳушдор ба равобити ду кишвар то чӣ ҳад таъсир мерасонад?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Ин нота нишон дод, ки мавқеи Тоҷикистон ҳамин аст. Дигар аз ин мавқеъ бар намегардем. Агар матбуоти қирғизро хонед, онҳо худро қурбонӣ мегӯянд, гӯиё тоҷикон ҳар рӯз ба онҳо ҳуҷум мекунанд, заминҳояшонро мегиранд. Дар симои Тоҷикистон таҷовузкорро мебинанд ва ҳукуматашонро сарзаниш мекунанд, ки чаро мавқеи худро нибат ба Тоҷикистон нишон намедиҳад. Танқиди ВАО-и Қирғизистон аз ВАО-и мо даҳҳо маротиба тундтар аст. Онҳо роҳбарони худро муттаҳам мекунанд, ки дар назди тоҷикон гузашт мекунанд. Дар Қирғизистон рӯзномаҳо мустақил нестанд, аз ҷониби гуруҳҳои сиёсӣ ҳимояти молӣ мешаванд. Ва табиист аз онҳо пуштибонӣ мекунанд ва ҳарфи онҳоро мегӯянд”.

Озодагон: Фикр мекунед расонаҳои мо дар инъикоси баҳсҳои марзӣ то чӣ ҳад роҳи дурустро интихоб кардаанд?

Рашид Ғанӣ Абдулло: “Расонаҳои мо кӯшиш мекунанд, манфиати кишварро ҳимоят кунад. Хусусан расонаҳои мустақил, агарчи дар баъзе ҳолатҳо бо сохтори мавҷудаи давлатӣ розӣ набошад ҳам, дар масъалаи таъмини манфиатҳои умумилии Тоҷикистон бо он дар як поя қарор мегирад. Расонаҳои мо дар маҷмӯъ як ҳизбӣ сиёсиянд. Чунки функисияи ҳизбҳоро иҷро мекунанд. Маслаъаҳоро матраҳ месозанд ва аз паси ҳалли он мешаванд. Дар мо ҳизбҳои сиёсӣ ба ин кор машғул нестанд. Расонаҳо имрӯз ягона воситаеанд, ки султаро бо ҷомеа мепайванданд”.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Чаноби Рашид Гани Абдулло офарин хеле фикрхои мантикиву илми

булбулбеков
ин одам гапи задагиша худуш намефаҳмад таҳлила ёд бгиЯк бандаи Худо,

рост намобояд гузашт кунем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)