Бахшҳо

Нопадид шудани ректори донишгоҳ, дӯсти духтари президент

Бо гузашти якуним ҳафта аз ғайб задани ректори Донишгоҳи давлатии Урганҷ ба номи Ал-Хоразмии Узбакистон ҳанӯз аз ӯ дарак нест, хабар додааст Ҳаракати мардумии Узбакистон.

Якбора нопадид шудани Рӯзимбой Эшҷонов, доктори улуми биологӣ сару садоҳои зиёдеро ба миён овардааст. Тибқи бархе овозаҳо, ӯро кормандони амниятӣ бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ниҳоят калон боздошт кардаанд. Аммо чунин иттилоъ низ ҳаст, ки Эшҷонов қабл аз он ки дастгир шавад, тавониста қаламрави Узбакистонро тарк намояд.

Прокуратураи вилояти Хоразм тасдиқ кардааст, ки алайҳи ректор парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. “Бино ба маълумоти раёсати Хадамоти амнияти миллӣ, Эшҷонов пайваста пора гирифта, онро дар ҳисоби бонкияш дар бонкҳои Аврупо мегузоштааст. Ба ҷуз ин, ӯ дар Фаронса, Белгия ва Швейтсария манзилҳои боҳашамат харидорӣ кардааст”,-гуфтааст як корманди прокуратура.

Торнамои Ҳаракати мардумии Узбакистон аз нақли ин корманди додситонӣ гуфтааст, раёсати амният ва прокуратура қаблан аз ҷиноятҳои ректор огаҳ буд, аммо бо далели дӯстияш бо Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон алайҳи ӯ чорае намеандешид. “Эшҷоновро худи Гулнора Каримова ҳифз мекард. Ректор ҳангоми сафари духтари президент ба Хоразм пайваста ӯро ҳамроҳӣ мекард ва бо ин васила муносибаташро бо вай мустаҳкам намуд”,-афзудааст манбаъ.

Рӯзимбой Эшҷонов моҳи январи соли 2007 ректори Донишгоҳи Урганҷ таъин шуд.
Мӯҳр
Диктатураи Исломи Каримови точики узбакшуда, боз сари як нафар олими сохаи биология ва рохбари як муассисаи бонуфузи таълимию илмиро мехурад. Аз номи олим эхтимол меравад, у низ точик аст. Дод аз дасти диктатураи хамояи берахму шафкат........

ин мард шакли Тоҷик дорад ва ҳеҷ ба Yзбак монанд нест. Ин шахс шояд дар yмраш пора нагирифта бошад вале қурбони сиёсати золимонаи Каримов ва амниятиҳои хyнхори ин кишвар шyдаст. Дод аз инхел низоми зиди инсони

Аз Хучанд
Ин хоразмихо точикони забонгумкарда хастан як кисмаш ва кисми дигараш туркманхо ки дар паспорташон узбак навишта шудааст.. дар Россия дида будам ки туркманои хоразм узбакора бад медиданд..

точик
Ahmad,
хамин хеле гуфти бародар, ки "как будто" точикон пора намегиранд. як духтарчаамро ба садик мондам, то дар се-чор чо пора надодам масъалааш хал нашуд. Дар Точикистон Худо кунад, ки ин аъмоли бад пурра дар хама сатххо аз байн биравад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)