Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 ноябр 2017, 02:21

$3 миллиарди Арабистони Саудӣ ва Фаронса барои ҳифзи Лубнон аз ДИИШ

2 сентябр 2014, 11:40

Арабистони Саудӣ ва Фаронса барои интиқоли аслиҳа ба маблағи 3 миллиард доллар ба Лубнон қарордод имзо мекунанд. Ҳар ду кишвар аз фаъолшавии ҷангиёни Давлати Исломии Ироқу Шом ё “Давлати исломӣ” дар Ироқ ва Сурия, ки метавонад ба вазъи Лубнон ҳам бетаъсир намонад, хавф доранд, менависанд расонаҳо.

Дар мавриди мусаллаҳкунонии Лубнон президенти Фаронса - Франсуа Олланд ва шоҳзода - Салмон ибни Абдулазиз зимни як мулоқот дар Париж тавофуқ кардаанд. Олланд дар поёни ин мулоқот таъкид кардааст, ки “Лубнон кишварест, ки ба кӯмак ниёз дорад”.

Қаблан, Вазорати умури хориҷии Лубнон барои мубориза алайҳи ДИИШ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯмак хост. Ҳоло маълум нест, ки Фаронсаву Арабистони Саудӣ ба Лубнон чӣ силоҳу аслиҳае мефиристад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Justice

  • 2 сентябр 2014 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худи Фаронса Лубнонро бомбаборон карда харобазор кард ва акнун мегуяд, ки Лубнон ба кумак ниёз дорад.
Шохи Арабистони Сауди барои химои Лубнон ин кадар пул чудо мекунад, аммо барои химояи Фаластин чи?
Барои хуроквори 500 млн доллар чудо кард гуфтанд, оё рост бошад?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!