Бахшҳо
02 сен 2014 17:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Баҳси амнияти президентҳо ва фаҳшу даллагӣ дар ҷаласаи вазир

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми сентябр бо баргузории як ҷаласаи корӣ, масъалаи таъмини амният зимни таҷлили 23-солагии Истиқлолият ва ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанберо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Тибқи итилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ генерал Раҳимзода ба тобеинаш дастур дод, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ғайриштатии милитсия корро пурзӯр намуда, дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳама гуна ҳуқуқвайронкунию қонуншиканӣ чора андешанд.

Манбаъ мегӯяд, зимни ҷаласа Раҳимзода инчунин таъкид намудааст, ки мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фоҳишагӣ, даллагӣ, занҷалобӣ, нигоҳдошти фоҳишахонаҳо ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 593 ҷинояти вобаста ба танфурӯшӣ, даллагӣ ва истисмори шаҳвониро ошкор кардаанд. Бар асоси иттилои Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ, дар ин шашмоҳа 1 ҳазору 777 фоҳиша дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 30 нафари онҳо ноболиғ будаанд. Манбаъ афзуд, теъдоди даллолону “соҳибон”-и фоҳишахона аз ин ҳам зиёдтар буда, 2 ҳазору 502 нафарро ташкил додааст.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои вазир бархе аз фоҳишаҳо дар ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пуштибонҳо доштаанд. Ба иттилои ӯ, тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 4 корманди пулис барои ҳимоят аз фоҳишаҳо аз кор озод ва 3 нафари дигар огоҳӣ гирифтаанд.
Вазир бо зикри пешбинӣ шудани ҷарима барои фоҳишагӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд, ки ният доранд, барои фоҳишаҳо аз 15 то 30 рӯзи ҳабсро таъин намоянд. Ин меъёр, ба гуфтаи ӯ, дар бисёре аз давлатҳои дунё роиҷ аст.

Вазири умури дохилӣ, инчунин, аз афзоиши ҳамҷинсгароӣ миёни занон дар кишвар хабар дод. Ӯ гуфт, “аз 259 ҳамҷинсгарое, ки тайи шаш моҳи аввали соли равон сабт шуданд, 49 нафарашон занон мебошанд.” Масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳамчунин 157 нафарро ба қайд гирифтаанд, ки ба интиқоли духтарон ба хориҷи кишвар бо ҳадафи истисмори шаҳвонӣ машғул будаанд.
Мӯҳр
алсу
диагар кор надорад вазир, вакат занакхо гухнакор, аз папорти стол то тюрмахо хама чазиру бардак.

Яъкуб. Душанбешахр.
Инхо аз гирдихамои мардум тарс доранд.

Каром
мегуянд, дар рузхои баргузории чаласаи ШОС хамон силсила барномахои муллохои сексологро такроран намоиш медиханд, рост аст? вакту соаташро маълум мекардед, хамон руз ягон диски турки гирифта антенаро аз паси телевизиор мекандем(хазл)

Посетитель
Яъкуб. Душанбешахр., ачибии кор дар он ки онхо аз газаби мардуми бечора огаханд .

донишчу
Бародар КАРИМ рост мегуй, ки дар рузхои баргузории чаласаи ШОС хамон силсила барномахои муллохои сексологро такроран намоиш медиханд? Ба рости ман, ки умуман телевизионхои Точикистонро тамошо намекунам, онхоро надидидам. Лекин афсус, ки онхоро дар доираи барномаи ахбор нишон медоданд. Пешниход мекардам, ки чунин эпизодхоро баъди соати 02.00 шаб бо грифи "то 18 сола тамошо манъ аст" нишон медоданд. Давоми хазл

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)