Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 23 апрел 2017, 16:48

ВИДЕО: Оғози тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав

3 сентябр 2014, 09:37

Мақомоти Русия ба тахриби кинотеатри “Тоҷикистон” дар Маскав оғоз карданд, ки соли 1982-юм бунёд гардидааст.

Ба иттилои мақомоти Маскав ба ҷои бинои сеқабатаи кинотеатри Тоҷикистон дар ноҳияи Строгино, маҷмааи бузурги фароғатию фарҳангӣ бунёд мешавад, ки ичнунин кинотеатрро низ дар бар хоҳад гирифт.

Дастуроти Сергей Собянин, раиси Маскав дар бораи тахриби Тоҷикистон ҳанӯз моҳи майи соли равон содир шуда буд.

Кинотеатри Тоҷикистон, ки дар кӯчаи Маршал Кутуков ҷойгир аст, зерсохтори “Московское кино” буда, чандест, ки ба сифати кинотеатр кор намекардааст. Ин кинотеатри иборат аз ду толор соли 1982 ифтитоҳ ёфта, ҳамчун кинотеатр то соли 2001 кор кардааст. Аз охири солҳои 90-ум бинои кинотеатр инчунин барои тиҷоратҳои гуногун ба иҷора дода мешудааст ва шӯру мағал дар ин бино боиси норозигии сокинони атрофи он шудааст.

Видеои оғози тахриби кинотеатри Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хоким

  • 3 сентябр 2014 10:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Намешуд хамонро хукумати ТЧ мехариду номаш мемонд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кадом хукумат мегуед,чандсол пеш як мехмонхона доштем дар маркази Москва натонистаанд гирифтаву,дар ВДНХ тамоми давлатхои шурави як корпусиии калон гирифтаанд хукуматчиёни мо натонистан гирифта, так что Хокимбой чимакак шинеду халал нарасонед ба кори хукуматдорон!
Посух додан
  • дахмардаи собик

  • 3 сентябр 2014 12:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хукумати авлодии бо забони руси ба таври бояду шояд муколама карда наметавонад ва дар фикри имичи милли нестанд, шиорашон пул, шикам, маишат. барои хамин тамоми ёдгорихоро чи дар дохил ва чи дар хорич аз даст додем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!