Бахшҳо

Парвози аввалин гуруҳи зоирон ба Макка ва ҳалли мушкили шиносномаи биометрӣ

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, гуруҳи нахустини зоирони тоҷик рӯзи 10 сентябр ба Арабистони Саудӣ сафар хоҳанд кард.

Парвози ин гуруҳ тавассути ҳавопаймоҳои ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва “Сомон Эйр” аз фурудгоҳҳои Хуҷанду Душанбе анҷом мешавад. Сафари зоирони тоҷик дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан онҳо бо мушкили гирифтани шиносномаҳои биометрӣ мувоҷеҳ шуданд. Он вақт масъулони Кумитаи дин гуфтанд, бар асоси талаби Арабистони Саудӣ сафари зоирони тоҷик танҳо бо шиносномаҳои биометрӣ имконпазир аст. Афшини Муқим,сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло теъдоди зиёди зоирон шиносномаҳои биометрии худро дарёфт карда, ба сафари қарибулвуқуашон омодагӣ мегиранд. Вай афзуд, зоирони дигар ҳам дар чанд рӯзи баъд соҳиби шиносномаҳои биометрӣ хоҳанд шуд.

Шиносномаи биометрӣ се соли пеш омода ва роҳандозӣ шуда, муҳлати истифодаи он даҳ сол аст. То роҳандозии ин навъи шиносномаҳо паспортҳои одии хориҷӣ маъмул буд, ки барои панҷ сол дода мешуд. Мақомот ҳангоми роҳандозии шиносномаҳои биометрӣ гуфта буданд, шиносномҳои одии хориҷӣ ҳам то замони анҷоми муҳлаташон ба кор меоянд.

Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷи имсола 18 ҳазору 164 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид (боҷи шоҳӣ), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо дохил аст.
Мӯҳр
555
ин ки саъуди гуфта бощад ки бо паспорти биометри кабул мекунад аз эхтимол дур аст чун таъйини чигунагии паспорт ба ухдаи хамон кишвари фиристанда аст.
боз Худо доност шояд мо хато мегуем!

qosim
inho baroi kisai khud yo foida chunin amalhoro ravo mebinand va gar na bo hamon pasporti khorijii oddi meshavad rafta ba harkujoi dunyo
faqat baroi manfiati khudashon bas...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)