Ноҳияи Файзобод аз 80-солагии таъсисёбияш таҷлил намуд.
Баъди зуҳри 7-уми сентябр дар қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод бахшида ба 80-солагии таъсисёбии ноҳия ҷамъомади тантанавӣ сурат пазируфт. Дар ин ҳамоиш беш аз 200 нафар зодагони ноҳия, ки берун аз марзи он дар бахшҳои мухталиф кору фаъолият мекунанд, ширкат доштанд. Абдулло Ҳакимов, раиси ноҳияи Файзобод зимни нутқи табрикотӣ изҳор дошт, ки аслан теъдоди чунин афрод ба зиёда аз 800 мерасад, аммо бо сабабҳои мухталиф имкони пайдо ва даъват намудани онҳо пайдо нашуд. Дар робита Ҳакимов гуфт, «бо мақсади дар чорабиниҳои минбаъда гирди ҳам овардани теъдоди бештари ҳамдиёрон тасмим шуд, ки Шӯрои фарзандони ноҳияи Файзобод таъсис гардад». Раҳбарии шӯроро бар души Асрор Латипов, муовини раиси ҲХДТ вогузор карданд. Раёсати шӯрои фарзандони ноҳияи Файзобод дар ҳайати 12 нафар бо шумули Муҳиддин Кабирӣ, Сафаралӣ Раҷабов, Акбар Ҳакимов, Қиёмиддини Чақал, Қурбонназар Восеев ва дигарон таркиб ёфтааст.
Мӯҳр