Бахшҳо

Даъвати муфтӣ барои қадрдонии Раҳмон дар арафаи ҷашни Истиқлол

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имрӯз, 5-уми сентябр зимни намози ҷумъа дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе аз намозгузорон хост, ношукрӣ накунанд ва хидматҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишварро қадр кунанд.

Абдулқодирзода, ки дар бораи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ҳарф мезад, гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дубора ҳукмфармо шудани сулҳу субот дар кишвар ҷони худро ба хатар гузошта, мардуми муҳоҷирро аз зери тиру тӯп ба Ватан баргардондааст.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ таъкид кард, “ҳеч ҷои муболиға надорад, ин ҳақиқат аст, ки сарвари давлат зери тамоми хавфу хатарҳо рафт, то ин оромиро ба вуҷуд орад. Бо кӯмаки Парвардигор, маҳз ҳамин шахс сабаб шуду ин ваҳдати миллӣ ва оромӣ дубора дар кишвар насибу рӯзӣ гашт.”

Ӯ дар идома аз сафарҳои Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нооромии Тоҷикистон ёдоварӣ карда, аз сокинон даъват кард, ки ба хотири ҳифзи суботи кишвар бетараф набошанд, чун ин оромӣ дар пайи ҷонбозиҳои ин ҷавонмардон ба даст омадааст: “Вақте бори аввал ба шаҳри Кобул мерафт, миёни ду ҳизби исломӣ тиру тӯп меборид, аммо ба хотири мардуми ин кишвару ин мусулмонҳо зери ин тӯпу тир рафту мардумро аз зери тир ба Ватан баргардонд.”

Абдулқодирзода вазъияти кунунии Афғонистонро ба намозгузорон мисол оварда гуфт, “мо ҳамеша дуо мекунем, ки кишвари ҳамсояи моро оромӣ фаро гирад, аммо мутаассифона, дар ин кишвар то ҳол нооромӣ асту ваҳдати миллии мо пойбарҷо мебошад.”

Ин даъвати муфтӣ дар арафаи 23-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон садо дод, ки 9-уми сентябр таҷлил мегардад.
Мӯҳр
суханони муфти таърихи хакики аст. Чавонон бояд оиди чанги шахрванди дар Точикистон маълумоти бештар дошта бошанд. Калонсолон, ки дар он солхо худ бевосита чангро дидаанд, ба кадри сулху субот мерасанд, чавонон низ барои тинчиву ороми кушиш ба харч диханд.

Амри маруфи нав дар минбари масчит чаро аз саидабдуллохи нури гап намезани охир сулхро бо ки кард агар сад дусад хазор одама овардабоша 2ним милион одами дига гуломи русошидай ээ хайр ба хама малум аст ки муфти чигуна одам аст

Исфара
Ақалан якбор номи марҳум нуриро ба забон гири

Саттор
Агар Сайидукарам аз Нури гап занад аз вазифааш мепарад!!! Дар дар холе, ки сулху вахдат дар миёни ду тараф мешавад агар як чониб мухолиф барояд пас бо ки сулх мекард ин чанобашон?! Охир ин муфти вокеан хам хакбин бошад ингуна бахо намедихад!!! Дар масчид шукри худо нею шукри Рахмон кунед?!!!

сарсон
охир бигузор рахмон 200 хазор аз авгонистон мухочир овард локин 2000000 расияба гулом усел кард бо инаш чи мегуи муфти

мусулмон
МА БАХУДО ШУМОРА НАМЕДОНМ БАРОДАРО НАКЕ ГАПИ ХАМИ ШАХС МАНЕ НАДОРАД ИН ШАХС ГУНОХЕКИ ДАР ХАКИ ИСЛОМ КАРДААСТ ХУДО НАМЕБАЗШАШ.ВАКТЕКИ СУХАН МЕКУНАД ДАРЁДАМ МУТФИЛМИ МАВГЛИ МЕРАСАД.ПАЛАНГ ВА ШОГИРДАШ.

Darvesh
Domulloi aziz! Ku hami Rahmon 1 mln muhojirro ba Tojikiston bargardonad???? Nametavonad chunki davlati u az hisboi mo muhojirro zindagi dorad!!!!!!! Hami Domulllo kam kam mansab parastay chi balo!! I mullo dindoray yo ki MALOMATGU!!!

саид каротегин
Бади чанд сол дар точикистон мазхаби мукарами пайдо мешавад ва вазфашон тарифи шох мешавад

боби муЛЛо, як бор як савоби точики гир. Як бор ба хаки бародароне ки дар роССия кору бору фаолият доранд як дуои аз тахти дил бо чамоат кун

Хай дар ича хама мардуми часуру рохдону ватандустон навиштаянд...О нестай ки бо президент биеяду барои мову шумо кор кунаду зиндагии шумо танбалхои интернет-шерхоро обод кунад...Сулх бехтарин дастоварди точикистони истиклол аст....
"Шерои нар" гучо бден имруз???О пешвотон(Умарали)- гирдихамои эьлон кард ку???Пас аз ин номи часорату мардигарира нагирен дар дахантон...ГИЕЕНА-ен шумохо...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)