Бахшҳо

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

Абдулазизи ВОСЕЪ

“Паймониҳо” исбот карданд, ки ҷавонон метавонанд;
“Паймониҳо” собит сохтанд, ба синамои тоҷик мешавад бовар кард;
“Паймониҳо” нишон доданд кинои хуб тамошогар дорад;
“Паймониҳо” тавонистанд филме бисозанд, ки одамони зиёд соатҳо зери таъсири он боқӣ бимонанд;
“Паймониҳо” ваъда доданд, пойбанди паймонанд (паймонашон талош барои ба сатҳи ҷаҳонӣ расондани синамои тоҷик аст);

Дар Душанбе нахустнамоиши филми “Паймон” баргузор шуд.
“Паймон”-е ки паймонаи умед ба ояндаи неки синаморо лабрез кард. Ба ҳадде ки ҳатто гуфта шуд, афзоиши филмҳое дар ин сатҳ бозори сериалҳои туркиро танг мекунад.

“Паймон” бори аввал бегоҳи 6 сентябр дар экрани калони Кохи Ҷомӣ ба намоиш баромад. Филмеро дар ин сатҳ дар жанри мелодрамма ва детектив, синамои баъди истиқлоли тоҷик шоҳид набудааст. Бо тамошои чанд лаҳзаи бештари филмҳои тоҷикӣ аллакай медонед, он чӣ гуна поён меёбад, аммо “пешгӯиҳо”-ятон дар “Паймон” ҳамеша ғалат хоҳанд буд. Бахтиёр Каримов сенарияи филмро он гуна навишта, ки гӯӣ маҳсули эҷоди кадом детективнависи маъруфи ҷаҳонист. Муҳиддини Музаффар ин сенарияро бо диди тозаи коргардонӣ таҳия ва Наврӯз Саидов бо маҳорати баланд наворбардорӣ кардаанд.

Сироҷиддин Ғафурӣ ва Таҳмина Раҷабоваро гӯиё модарҳошон барои нақшофарӣ дар ҳамин филм таваллуд кардаанд. Ҳунари Қурбони Собир ҷои гап надорад: чун ҳамеша дар кори худ устод аст. Хуршед Мустафоев қаҳрамонест, ки давоми ду соати филм аҳли толорро маҷбур кард, чанд маротиба каф бикубанду “офарин”-у аҳсант”-у “браво” садо бизананд. Умуман, ин се вожаро бо иловаи чандин калимаҳои хуби дигар метавон унвонии бозандагони дигари филм, наворбардору продюсер, рассом, басаҳнагузорандаи ҷангҳо, оҳангсоз, садобардор ва дигарон гуфт. Бинанда мавҷудияти як тими комилу фаъол дар сохтани ин филмро зуд эҳсос мекунад. Муҳиддини Музаффар ҳам қабл аз оғози намоиш пирӯзии мунтахаби Олмон дар Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразилияро ба тим будани онҳо бастагӣ дод. Ба гуфтаи ӯ, шахсиятҳои алоҳида ҳарчанд маҳорати хуб доранд, то дар як тими комил муттаҳид нашаванд, корашон таъсиргузору самаровар нест.

Филм дар мавриди азҳампошии як хонавода қисса мекунад. Оилае, ки ба назар мерасад аз хишти муҳаббати самимӣ ва андоваи паймони содиқ будан ба ҳамдигар бунёд шудааст. Ҷавон дар рӯзи тӯйи арусӣ ваъда медиҳад, барои беҳтар шудани зиндагӣ ва хушбахтии ҳамсараш тамоми корро анҷом медиҳад. Вақте чанголи бекорӣ ва нодорӣ аз гулӯяш мегирад, розӣ мешавад, ки занеро бикушад... Аммо ниҳояти кор, хиёнат, паймоншиканӣ...

Эҳсос мешуд, қарсакҳои задашуда барои филми мазкур самимӣ буданд, на барои “дастгирӣ”. Субҳон Ҷалилов, директори барномаҳои радиои “Ватан” баъди чанд соати анҷоми нахустнамоиш дар Фейсбук навишт, ҳанӯз натавониста аз зери таъсири амиқи “Паймон” раҳо бишавад. “Ташаккур барои Шумо! Чӣ хел ман дар толор хостам ба ҳама муроҷиат кунам: “Мардум, биёед, барои ин гуруҳи ҷавону боҳунару соҳибзавқ бархоста ва бардавом кафкубӣ кунем! Ҳамаатон беҳтарин будед ва дар толор ҳам касе ҳамин маъниро баён кард, ки “синамогарони тоҷик акнун бояд аз ҳамин сатҳ поин наоянд, фақат ба пеш!”

Чанд нафари дигар ҳам, ки киноро хуб мефаҳманд ва баъди анҷоми “Паймон” бо онҳо суҳбат кардем, мегуфтанд, аз ин баъд зинаи меъёр ҳамин бояд бошад ва филмҳои офаридашуда аз ин сатҳ поин таҳия нашаванд.

Қурбони Собир, ҳунарманди шинохтаи театру кино мегӯяд, кинои тоҷик, ки даврони Шӯравӣ дар қуллаи баланд менишаст, баъди истиқлол як замон рӯи сифр қарор гирифт. Ӯ афзуд, бо филмҳое назири “Паймон” мешавад гуфт, ки филми тоҷикӣ дигарбора қуллаи баландро нишон гирифта ва гомҳояш низ устуворанд. Дар ҳамин ҳол, ҳунарпешаи маъруфи театри ҷавонон гуфт, бовар дорад бо зиёд шудани филмҳое дар ин сатҳ, мардуми кишвар дигар пушти сериалҳои туркӣ намераванд. Ҳарфе ки бо кафкубии зиёд истиқбол шуд.

“Паймон” бо харҷи 225 ҳазор сомонӣ дар ҳамкорӣ бо телевизиони “Сафина” дар вилояти Суғд наворбардорӣ шудааст.

Коргардони филм: Муҳиддини Музаффар (Ҷӯраев);
Мушовир: Лутфулло Давлатзода - директори телевизиони “Сафина”;
Наворбардорон: Наврӯз Саидов ва Бахтовар Сафаров;
Пардозгар: Хуршед Мустафоев;
Ба саҳнагузорандаи ҷангҳо: Суҳроб Ҷанҷолов;
Ёвари коргардон: Далери Эмомалӣ;
Чароғмон: Фарҳод Тӯхташов;
Рассом: Абдуғаффор Умматқулов;
Оҳангсозон: Зайниддин Каримов ва Ҷовидон Рӯзиев;
Ёвари продюсер: Кароматуллои Нор;
Продюсер: Дилошӯб Орифзода;
Директори филм: Осими Орифпур.


АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ

АКС: “Паймон”, хиёнат, мунтахаби Олмон ва филмҳои туркӣ


Моро ҳамроҳӣ кунед:

Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Domullo
Kasbi ba sahnaguzorandai jangho ba ismatsh muvofiq ast! :)

Ман як шахрванди комилхукуки Точикисто пешниход мекунам ки филмхое ба навор гирифта шаванд, ки ба дарди чомеаи мо даво баахшад.Агар дар иттиход кардани мардуме ки имруз хеле парокандааст аз сабаби махалчиги филме ба навор гирифта шавад аз масулин хеле хурсанд мешавем.

suhrob
Хамшахри
Абдулазизи чон, барои хамин як филми дутина шаби дароз хоб накарда ин сафсатая навиштими? Бечораеее

.
Сатхи хамин филм хатто аз сатхи мардуми бесаводтарин пасттар аст. Профессионализм на дар кори режиссер, на наворбардор дида намешвад. Дар бораи актерхо бошад умуман чои гап нест. На ролро табии бози мекунанду на табии гап зада метавонанд. Короче, худро бо ин гуна филмхои пастсифат паст накунед. Хондан даркор, тачриба гирифтан даркор.

точик
Ягон филмхои чахони наметавонанд чои сериалхои Туркиро гиранд, кучо точикои мо. Ман ахсану офарин мегуям барои дубляжи филмхои турки ки ба мардуми мо пешниход мегардад. Дар хакикат истеъдоди хуби дубляж доранд санъаткорони мо. Филмхои турки ба дарди чомеъа дармон мешавад ва мардуми моро каме хам бошад тарбия мекунад. Кудаконро бо забони ноби точики харф заданро махз хамин филмхои туркии тарчумашуда ед медихад. Хунармандон ки маоши ночизе доранд, бо тарчума кардан сохиби ризку рузи мешаванд. Ин икдоми студияхои мо хеле оли хаст ва боиси дастгирист. Ман умед зиед дорам, ки мардуми мо пайрави аз бародарону хохарони турк кунанд ва барои пешрафти давлату ватанамон кушиш ба харч диханд.

Аслидин
Мухтарам кормандони сомонаи Озодагон барои чи дар бораи гайриконуни кор кардани хусурбачаи президен Мухибулло Саъдуллоев чизе наменависед ё метарсед? Хозир дар телевизионхо ё дар сахифахои фейсбук ягон муллоя танкид кунанд даррав мавзуъ руйи сомонаатон давр мезанад.Эхххх шумо хам метарсед ба фикрам.Хозир хамин навистаи маро хам чоп намекунед..............

рпвр
Чи гайр аз темаи ишку фахшу фучур ягон мавзуи дигар барои филм бардори нест? Ин ба ном режиссерчахои мо каллашон умуман кор намекунад.

Sugdi
Дар вилояти Сугд кай намоиш мешавад?

и бни ба бни шу дошта боша?

Ним чиддиву ним хазл
точик,
Дусти азизам номатонро точик нанависед, зеро шумои азиз пантуркист хастед. Аз навиштахоятон буи пантуркистон меояд. Агар хато накунам муассис ва ё корманди кадом студияе хастед, ки бо тарчумаи филмхои турки маблаг кор мекунед ва манофеи миллиро тамоман фаромуш кардаед. Пеши чашмони шуморо пул гирифтааст ва ба чуз ин дигар ягон чи бароятон мухим нест. Аз хама бад ин аст, ки шумо мукаддасот надоред, шояд замоне дошта бошед, аммо имруз онро аз даст додаед. Фикр мекунед, ки дигаргуна зиндаги кардан гайриимкон аст. Чашматонро боз кунед чандин роххои дигаре хаст.

Офарин
Абдулазиз а бача чи шуд ба ту? Бачахоро ба хушомадгуи ва маддохи муттахам мекнию худат барои ин кинои бемаъни касида хонди. Ягон суми гафс додан чи?

Вчера был в парке камоли хучанди...смотрю продоют диск этого фильма...думал фальшивка....но нет..оказывается чистый орегинал...цена по 3 сомони... Я видел трейлер этого фильма...думал будет самым лучшим фильмом в азии...ну и потом посмотрел..............В фильме много эмоциальных диалогов...слишком много....эмоции...нужно было сделать фильм немножко молодежным...очень большое спасибо Тахмине..которая не смотря на некоторые психологические орание сотрудников сделала свою рабоу на 100 %...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)