Бахшҳо

Иззат Амон: Ашраф Гулов аз ҳама консулҳои пешин гузаронд

Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз беҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ба раиси ҷумҳур шикоят кардааст.

Иззат Амон дар саҳифаи Фейсбукаш навиштааст, “дишаб (5 сентябр) пулиси ноҳияи Маскав дар деҳаи Немчиновка шаҳрванди Тоҷикистон Парвина Солиеваро бо кӯдаки 5-солааш бо иттиҳоми дуздӣ (албатта туҳмат) зиндонӣ кардааст. Модар бо фарзанди худ шабро дар маҳбаси шӯъбаи пулис дар миёни бадмастон рӯз кардааст”.

Ба гуфтаи раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав, шавҳари ин зан – Фарҳодҷон Солиев донишҷӯи Донишгоҳи байналмиллалии Маскав, барои кумак ба онҳо муроҷиат кардааст: “Аз субҳ то соати 16:00 дар пулисхона будем, ба мо гуфтанд, 1 соат баъд муфаттиш меояд, вале наомад. Ҳамин тавр рӯзро дар шӯъбаи пулис гузарондем, то бо муфаттиш вохӯрем. Баъдтар фаҳмидем, ки муфаттиш дар ҳамон ҷо будааст. Танҳо нахоста бо мо вохӯрад”.

Иззат Амон дар идома менависад, ки бегоҳи он рӯз (6 сентябр) муфаттиш ба шавҳари он зан телефон карда, маҷбур намудааст, ҳамсараш ба тамоми ҳуҷҷатҳо имзо гузорад, вагарна ӯро 7 сол зиндон мекунанд. “Дирӯз бояд мо ҷасади писарбачаи 19-соларо ба Ватан мефиристодем. Аз ҳамин сабаб натавонистем то бегоҳ он ҷо бошем”,-илова кардааст ӯ.

Раҳбари Иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Маскав аз фаъолияти консули Тоҷикистон дар Русия - Ашраф Гулов ҳам интиқод карда, бо муроҷиат ба президенти кишвар гуфтааст: “Чаро ман ҳама инро ба шумо мегӯям, дар ҳоле ки хуб медонам, ба шумо низ фарқе надорад, ки як зани тоҷик бо фарзандаш бо туҳмат шабро дар пулисхонаи рус рӯз мекунад. Зеро ки шумо домоди худатон - Ашраф Гуловро дар ин кишвар консул таъин кардед. Ӯ бошад аз ҳамаи консулҳои пешин гузаронд. Чаро мо бояд ба чунин ҷойҳо равему домоди шумо дар як кабинети гарм бо духтаракони гулрӯ чой нушида шинад? Магар ӯ аз ҳисоби хуни муҳоҷирон 5000 доллар маош намегирад?”
Мӯҳр
Дустдори хак
Оре дуруст гуфтааст бародар Амон,Худо чазои хайрат дихад. Вакте хондам ашк чори шуд!

Muhtaram Ashraf rast ki vazifara girifti mardakvori korkun az hudo tarsed to kaya inhel nayrangi mekunen obu ruya rezonden

Мухочир
Хакикат талх аст, вале онро бояд гуфт то мардум ба по хезад ва худро аз дасти мансабпарастони душмани миллат пок созад, то кай гуломи? то кай бадбахти? то кай тахкир? бояд точик бедор шавад. тамом. наход домоди раисичумхур кайф карда гардаду точикон руз то руз куштаву бадбахту бечора шаванд?

Мухамад
Барои ишголи вазифаи консули мутахассис бояд буд, академияи дипломатиро хатм карда забони руси ва англисиро хуб бояд донист, чандин сол дар макомоти вазорати умури хоричи собикаи кори бояд дошт, мутаассифона Ашраф домоди чаноб чунин сифатхоро надорад. дар гузашта коргари налог буд

Хондагй, одами босаводро бо хар бахона дар постхои давлатй мавкеашро танг менамоянд. Охир онхо босавод хастанд ку! Худихои бесавод бояд вазифа гиранд.

саидшох
Мухамад бародари азиз Ашраф Гулов худ корманди собикадори Вазорати корои Хоричии Чумхурии Точикистон мебошанд, солхои 2007 - 2008 котиби авали сафири Чумхурии Точикистон дар шохигарии Белгия адои вазифа намудаадн. Бо забонхои Точики Руси Англиси Хуб харф мезананд. Аз хамин хотир шумохам ранги Изат Амон бе факт гап назанед.

Ман аз бекадрии Хори сари девор донистам ки Изаат Амони нокас кас намегардад аз ин боло париданхо.
Изат Амон бародар чаро хамин кадар хубихои Консул кабули мухочиронро ва дастгирии мухочуронро намегуед танхо як хатогияшонро мегуед шумо афсус ки ба монанди асп ба як самт медавед ва мебинед чапу ростро намебинед. Як девори калони сафедба як нуктаи сиёх аст шумо хамон нуктаро мебинед, ва гап мезанед.

Салом хамватанони азиз,
Хамин Иззати Амон худ як хиёнаткори ватан мебошад. Чаро ин кадар бо овози баланд садо мезанад. Худ хатмкардаи он кишвар мебошад.Шахрвандии он кишварро дорад. Барои гирифтани шахрвандии Россия онхо ватани худро мефурушанд. Хамзамон вобаста ба фаъолияти хифзи хукукии шахси мазкур нофахмогихои зиёд аст. Мегуяд дар ин чо шахрвандро боздошт кардан, дар он чо куштанд. Вале барои чи оид ба ходисахои мазкур Сафоратро дар чараён намегузорад. Кадом донишчуйро ба ончо равон менамояд.
Шахси мазкур ба худ намоишдихи машгул буда, пиар намуда истодааст. Шарм кардан даркор Иззат Амон.

TojikbaCHa
Ба фикри шахсии ман ки Изат Амонро асабхояш хаста шудаанд. Вай кас ба табобат эхтиеч дорад

ИН АШРАФ ГУЛАТОН НА АНГЛИСИ МЕДОНАДУ НА РУСИ.

ин иззат амон хатмкардаи тахсилоти росия бошад шахси босавод будааст, он чоро хар кас хам хонда наметавонад. офарин Иззат Амон,.

Саид
Гушкн Сайдшох бародар воимара мезани кадом сардорони сафоратхонахои Точикистон дар русия барои мардуми мазлуми точик хизмаьд кардааст, ки ту аз думоди призидент пуштибони дори???!!! Факат як хизмати хирсона карда метавонед, ки хамон хам варакахое, ки мардум ба кавле разрашени работа мегуянд нархи давлатиш зиёди зиёд 200-рубли руси аст лекин шумо мардуми хизматрасон 1500 то 4-5 хазор ба мардуми бечораи точик мефурушенд аз чумла ман худам хаминро харидам!!!! Ва кай парвое доренд, ки киро мекушанду киро трма мекнанд!!! агар Ашраф Гулов дар кучое кор карда бошад он маънои онро надорад, ки вай босавод аст Рахмат ба шумо Амон, ки тавонистед хакикатро гуед.

Кавир
Кисми зиёди кормандони дастгохи ичроияи президент ва корхонаву вазоратхои хукумати Рахмон чандин солхо мешавад, ки шахрванди Россия хастанду ва аз он кишвар нафака мегиранд, ифтихор хам доранд ва мо онхоро мешиносем. Маълумот ба точик.

хучанди
Изат Амон худ як шантажник мебошад ба чои точики худро дастгири куни аз бахили танкид мекуни
Саид,


саидшох
Изат АМОН наход хамин хизматхои ки Ашраф Гулов барои шахрвандои мо карда истодааст нодида гири, агар кур боши майла лек афсус ки кур нести рафта бин консулгариро чихел Гулов мардумро кабул мекунад, худат агар мард боши баъдан бахо дех Дар кучое манфият бошад хамон тараф худатро мезани, як замоне аз кафои Атовуллоев медавиди , Атовулоевхам мурдакашак номат гузошта буд, рузе мебини бо нахзатихо забон як кард агар аз онхо манфият набинад боз ба дигар шахсхо забон миеби, Танхо ин сафсатахоят барои пияр асту халос хулоса ба монанди мор пуст иваз мекунад , фаромуш накун изат амон бузургонамон фармудаанд
Афсус ки кадри Илм нопайдо шуд
Аз кинаю бугз хама расво шуд
Хар кас ки дуруг гуфт ин дам шайх аст
Хар кас ки харом хурд , Мавлоно шуд.
Дустдори хак,

Bovar kunen ay hami tojikda dar saforati Tojikiston yahudira korda monen ba mardumi musalmoni tojik beshtar rahm mekuna.

Ин изат амонаш ки бошад?
Агар ту рахбари Иттиходи чавонони точик боши барои чи рафта кори он бечораро хал накарди. Пас ту худат КИСТИ????????? Ё ин ки худнишониро сар карди? Ту барин худнишонтеон, ки аз пули бечорагон калонгари карда истодаед ва дар россия бо авлодат зиндаги ба сар мебаред, боз мехохед гап занед????????????

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)