Бахшҳо

Парвандаи марбут ба дуздии манзили Сурайё Қосимова ба додситонӣ ирсол мешавад

Пулиси шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятии гурӯҳи 4 нафараеро, ки дар ғорати манзили сарояндаи маъруф - Сурайё Қосимова гумонбар ҳастанд, ба додситонӣ мефиристад.

Хуршед Намозов, масъули Шӯъбаи умури дохилии шаҳри Кӯлоб 8 сентябр дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, 4 нафаре, ки бо иттиҳоми дуздии манзили Сурайё Қосимова боздошт гардидаанд, “гуноҳи худро сад фоиз” иқрор шуданд. Номбурда илова кард, тафтишоти парвандаи гумонбарон дар дуздии манзили Сурайё Қосимова дар ҳоли анҷомёбист ва рӯзҳои наздик ба додситонии шаҳри Кӯлоб интиқол меёбад.

Қаблан Вазорати умури дохилӣ хабар дода буд, ки бо иттиҳоми дуздии манзили Сурайё Қосимова чор сокини ин шаҳри Кӯлоб - Қосимова Муҳайё, соли таваллудаш 1985, Аҳророва Матлюба, соли таваллудаш 1982, Аҳроров Ҷумахон соли таваллудаш 1987 ва Бегназарова Музаян, соли таваллудаш 1970 боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, аз манзили Қосимова дар Кӯлоб аз ҷевони оҳанин ҷавоҳироту планшет, ҷамъ ба арзиши 24 ҳазор доллари амрикоӣ дуздида шуда, барои пинҳон кардани иззи ҷиноят хона оташ зада шудааст. Тибқи иттилои мақомот, муттаҳамон дар ин дуздӣ наздикони Қосимова - Муҳайё Қосимова, духтари бародари марҳум ва сеи дигар ҳамсояҳояш мебошанд.

Дуздӣ дар хонаи Сурайё Қосимова шаби 24 ба 25-уми июл, замоне сурат гирифт, ки духтаронаш-Шабнам, Фарзона ва Бибирӯзигул дар зиёрати хонаи Худо қарор доштанд. Қосимова аз сарояндаҳои маъруфи Тоҷикистон буда, роҳбарии ансанбли Фалак дар вилояти Хатлонро ба уҳда дорад.
Мӯҳр
Ватандор
Хай хечгап не хони амаша зиёрат кардай да

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)