Бахшҳо

Муҳоҷирон дар занозании ронандаҳои таксӣ Каромат Шариповро муттаҳам мекунанд

Бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар низои миёни ронандаҳои таксии бозори “Садовод” Каромат Шарипов, раҳбари Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик”-ро айбдор мекунанд.

Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев, ки худро раҳбари муҳоҷирони кории тоҷик дар бозори “Садовод” муаррифӣ карданд, иддао доранд, маҳз Каромат Шарипов сабаб шуд, то як гуруҳ аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ихроҷ гардиданд. “Ин Каромат Шарифов чӣ касе аст, ки ҳамеша барои шаҳрвандони Тоҷикистон хизмати хирсона мекунад. Ӯ барои ҳаққи тоҷикон мубориза мебарад ва ё фармоиши касеро иҷро мекунад?”

6 август миёни ронандаҳои таксии бозори “Садовод”- шаҳрвандони Русия ва Тоҷикистон занозанӣ ба вуқӯъ пайваст. Бархе расонаҳо навиштаанд, сабаби аслии ин низоъ дар баҳси як ронандаи тоҷик бо таксиронҳои як ширкати таксии маҳаллӣ будааст.

Ислом Мирзоев ва Фахриддин Тошев мегӯянд, баъди суҳбат бо маъмурияти бозор ҷавонони тоҷик мехостанд пароканда шаванд, вале касе ногаҳ ба сангпартоӣ шурӯъ карду бетартибӣ авҷ гирифт ва баъдан муҳоҷиронро ба идораи пулис бурданд.

“Вақте одамон яке паси дигаре меомаданд, касе аз одамони Каромат гуфт, кори мо танҳо ҷамъ кардани одамон аст. Он нафар ба Каромат занг зад ва ӯ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд, ҷойи он ки ба таври сулҳомез муноқишаро ҳал кунад, фарёд зад, “мо бояд ғуломони худро аз ин бозор озод кунем”,-мегӯяд Ислом Мирзоев.

Ба гуфтаи ӯ, ҳеч кас ҳуқуқ ва озодии муҳоҷирони тоҷикро дар ин бозор нақз накардаасту касе ҳам онҳоро иҷборӣ кор намефармояд: “агар бо меҳнати ҳалол пайдо кардани пул ғуломӣ бошад, пас мардуми тамоми ҷаҳон ғуломанд. Инро намешавад ба таври дигар шарҳ дод”.

Ахиран, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар сомонаи Ютюб видеоеро аз бозори “Садовод” нашр кард, ки “Таджик не может вечно быть рабом” ном дошта ва саҳнаи баҳси Каромат Шарипову тоҷикони дигари ҷамъшуда бо масъулони бозор ва маъмурони пулиси Маскавро намоиш медиҳад.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар пайи ҷанҷоли ронандаҳои таксӣ, пулис даҳҳо нафарро боздошт кардааст, ки миёнашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам ҳастанд.
Мӯҳр
Чаро ашраф гуловро дар бахс даъват накардед, бояд уро даъват кард то судьяги бикунад.

мухочир
Каромат Шарипов кгб аст барои ду тараф кор мекунад, кадом тараф вазни пулаш зиёд щавар хамон тараф мечархад. ба кариби вакте дар маскав масъалаи митинг зидди хукумати Точикистон пайдо шуд, даррав Каромат масъалаи гуломии точик дар росияро пеш кашид ки ин фармоишро аз тарафи хочагонаш гирифтааст. акун дар оянда ин Росия аст ки инкилобро дар Точикистон ба рох медозад. на каси дигар ин бо хатои хукуматдорони точик шуда истодааст.

Ozod
Agar hami inson nameshud nisfi tojikora dar onjo rusho zada maib mekardand. Navori 1ro binen mefahmen. CHi guna rusho munosibat dorand, injo ta'rikhcha daroz ast ammo khud qazovat kuned!!! Karomatro gunahgor nakuned. Chunki u yagona insone bud onjo ki az huquqi muhojiron himoyat kard!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!! Ofarin barodar Karomat

Точир
Аз барои Худо Каромат Шарипов Шумо боз сабабгори харобшавии чанд оилаи точик шудед. Барои чи Шумо намегузоред ки хамон мухочироне ки дар ин бозор кор ва фаъолият мекунанд ба холи худашон гузоред. Шумо барои ки кор мекунед? Барои Ватан ё хочагоне ки ба шумо пули зиёд ваъда мекунанд?Агар дилатон ба ватану ба халки он месухт Шумо ин корхоро намекардед Баъди аз Фаъолият мондани базори Черкизовскии шахри Москва мухочирон рох суи бозори Садовод ва Люблино гирифтан то ин руз дар ин бозорхо хазорхо точикон кор мекунанд. Худ маълум мешавад ки онхо аз кори худ розиянду таи чан сол инчо омадаву кор мекунанд. Шумо Каромат Шарипов бехтар мешуд ба як проблеммае даст занед ки доги рузи мардуми точик бошад ин гуна проблемма гумон мекунам зиёдан. Бехтар мешуд ба сохтмонхое мерафтед ки дар он чо мухочирони точикро пас аз итмом расонидани кори сохтмони фиреб дода пулхояшонро наметиянд ё тарзи кор ва фаъолияти ФМС-ро дида бароед барои чи танхо шахрвандони Точикистонро депорту Видварение мекунанд холо он ки Дар шахри Москва тамоми миллату халкият кор мекунанд. Шумо ба проблеммае даст зада истодаед ки ба хеч кас дар кор нест танхо зарар оварда истодаед ба мухочирони точике ки дар бозорхо кор мекунанд Аз пушти ин Бозорхо садхо хазор точик сохиби як дахон нон шуд. Хаволатон Ба Худо Каромат Шарипов.

Ozod,
Акаи Озод ту худут буди дар хами мунокиша? Барои чи савсата менависи ? Охир Каромат дар холе омад ки хама тамом шуда буд, ва Сар кард чанг андозира ва паст задани миллати точика дар пеши русхо шумо хамат гуломен гуфта) ака ма як савдогар , кучои ма гуломай? Е аробакашуш !! Сума кор карда ай маву тура озодай. холи бачахомона мебинум дар хамича бахудо бехтарин аст коршон!) бас кунен гапхои дуруга!!

Икром
Каромат шарипов одами ҳукумати точикистон аст! Ҳукумат мехоҳад тариқи каромат шарипов чилави муҳочиринро дар даст дошта бошад!

Асалому алайкум ба озодагон, ман як сохибкори бозори "Садовод" мо вактхои охир як чиро мушохида мекунем, ки чаро Каромат Шарипов вактхои охир да хама суханхояш танхо бозорхоеро танкид мекунад ки аслан точикхои сахиву саховатманд дар он бозорхо кору фаьолият мекунанд. Ва хар бореки КАРОМАТ шарипов баромад мекунад факт бригадирхои бозори Садоводу Люблиноро зери танкид мегузорад, масалан шаби гузашта ки дар назди бозори Садовод мунокишае ки ба мийон омад байни таксистхои точику, таксистхои русс, ки ягон рабте ба бригадирхои бозор надошт, да хамон джойхам чаноби КАРОМАТ Шарипов бригадирхои бозорро гунахгор кард, дар холе ки аксаряти мухочирони кори аз ин бозор руску рузии худро мейобанд.Мо намефахмем шояд максад чизи дигаре бошад намилатдустиву милатпарасти. Ягона рохи хали ин мушкилотро мо дар он мебинем, ки КАРОМАТ Шарипов хамаи точикхои сохиб кору раисони бозорхову корхонахоро бо хам муттахид мекунад, ва албата ки дар он вакт мо ин мушкилотро зуд аз байн мебарем, ва агар КАРОМАТ Шарипов хаминхел бад гуйихоро зиди хамватанони худ давом додан гирад,мо асло аз ин "Гуломдоре, ки у мегуяд" рахо нахохем шуд.

:(
Сабаби Аслии баромади Каромат Шарипов ин аст ки бояд хамара бекор карда ба ватан баргардонад, то мининг ташкил кунанд. ма мардум хамара аз хукумат гираде ин шахсиятхоро ба хукумат нав пешниход кунад.

Кароммат Шарипов ин як бунтафшик аст...То ин дам дар бозор ягон тирпарониву чанг набуд..баъди омадани хамин ина дидестен чи гапо шидестай..барои чи барои манфияти худуш..

Каромат Шарипов, председатель всероссийское общество таджикистанцев?Что за чушь?Его очень мало количестве мигрантов знают ,в основном на территории Москвы и Подмосковье.В другие субъекты и областей России вообще не знают.кто он такой.Твёрдо могу сказать,что,от такие диаспоры,могут пострадать только сами таджикские мигранты.Для того,что,бы его ведомство как ООО-Таджикские Трудовые Мигранты,стало общероссийское,Шарипову пришлось бы очень и очень трудно.То есть,он должен был поехать по городам и областей других регионов России,создать,конференции,собрание и как учредитель не вставая согласно протоколы,и на основании принявшие требование уставы ООО,организовать данную организацию.Однако,получается,что,он самозванец и его ведомства не имеет полное юридическое основе...Он хочет взять под контроль труд и деятельности таджикских мигрантов,которые сегодня находятся на диапазонах рынков Люблино, ТЦ Москва и "Садовод".Таким образом,он и в дальнейшем, намеревается,через свои идеи и мышление,произвести давление и действие,что бы иметь финансовые доходные каналы для своего интересах.Якобы,для диаспора..,,Он приставал морально'что бы только а именно только таджикские мигранты,в основном молодежь не занимались работать как аробакашы.Для того,что,бы стать аробакашем,во первых надо быт молодым и здоровым,во вторых,надо более чем менее узнать русский язык,во третьих и знакомство и родство среди бригадиров итак называемые"смотрящих".У таджиков это традиция.Узнать,подходить,предлагать мзду и получить работу которую приносить хорошие доходы.Аробакаш на Садоводе это уже достижение.Надо купить тележку от бригадира,купить "маршрут"каждый месяц выполнит план выручки для касса торгового мегаполиса,отдать "долю" бригадира и "смотрящего"Тележка стоит порядке 15-тысяча рублей,первый месяц надо за "маршрут"платить" 30-тысяча рублей,На будущем,каждый день от выручки услуга надо давать ежедневно по 1000-рублей в кассу торгового центра и по500- рублей бригадира...В России сами русские работают как санитары,рабочие,дворники,на животноводческих фермы работают,так же сами москвичи на рынках грузчики и тележечники работают,что от этого плохого.? На рынках Душанбе и рынки райцентром Таджикистана,разве не видно аробакшов?

Ozod
Сорбон,
Sad dar sad gaput durustay. Ina Islomu Fakhara bin khudro reket metroshand vaqti jangi taksist sar shudanda ay duri nigoh doshtand. Yagontosh nazdik nashid badi spesnaz omadan hamash huy khurdand. Didi chgitari zadand. Bratishkai maram burdand. Holi guftestand ki pagai javobmetan Tu khudut ba fikrum hamujada nabudi i shohidi hamu hodisa nabudi. Sorbon jura biyo otdeli 8 tumda mebini bratishkai ma chi hol dorad hama josh snyak. Korsha mekni arobasha mekashi bo chumot meknand.

Dev
Karomat ba pesh ! Nest bod arobakashi, gulomi, musorgundori.Jo tojik shoista kor kunad, jo pas gardanda shavad ba Vatan, bas ast millatro sijoh kardan. Dar in 23 sol mo tojikon chunon nomi millatro r..em,ki buyash solhoi zijod ba dar nameshad Murdan behtar nisbati millatro ba pasti andohtan , ba hotiri yak buirida non...

Беспризорник
Каромат Шарипов мон хаму аробакашхои Садавод тенч бгардан Як ду се суме ки кор мекнан баъди ташрмфи хдут ба хаму бозорхо бо мачбуран ки ментода бтану ай отдело халос шаван. Митинги Шуморам хичкида дар кор нест на Россия да На Точикистонда ба ин ягон бехбуди намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)