Бахшҳо
08 сен 2011 07:55Фарҳангу адаб

Сукути «Тоҷикфилм» ё андар боби он, ки синамо ба ҷомеаи тоҷик лозим аст ё на?

Истиқлолият ва кинои мо

Ҳамакнун ба таҷлили ҷашни 20-солагии истиқлолияти кишвар рӯзҳои хеле кам ва фосилаҳои башумор аз Вақту Замон мондааст. Чаҳор шабакаи телевизион мутассил аз зафару дастовардҳои мамлакат дар кулли соҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ барномаҳое пешкаши мардум месозад. Ман аз хусуси сифат ва маҳорати эҷодии таҳиягарони ин намоишҳо чизе гуфтан намехоҳам, бигузор худи тамошочӣ ба ин ҳама баҳо диҳад. Ва аммо ба як диди андаки мо дар басо соҳаҳои эҷодии кишвар, билхоса синамо ва умуман санъат бағоят масоили печидаву мушкилоти фаровоне мавҷуд аст, ки тӯли 20 сол ғун шудаасту ғун мешавад ва кайҳост, ки ба таври ҷиддиву густурда ҳалли мусбии худро интизор аст. Аслан суоле дар мағзи кас давр мезанаду давр мезанад: Мо солҳои мустақилият чӣ филмҳое рӯйи навор бардоштем? Ва оё он филмҳо арзандаи тамошо будаанд ё хайр?!

Ман шахсан дар посухи ин суол ба заҳмат дучор меоям. Ҳеч гуфта наметавонам, ки ин филмномаҳо (аслан бахши зиёди онҳо як навъ намоишҳои бадеъгунаи телевизиониро мемонанд) дархӯри завқи бинандаи муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Чаро? Дар шумору теъдод филмҳои фаровоне ба навор гирифта шуданд. Вале кӣ гуфта метавонад, ки он филмгунаҳо синамои тоҷикро солҳои соҳибистиқлолӣ ба мартабаи сифатан баланду олии санъат бардоштаанд? Ва ин филмҳо чӣ мавзӯи созгор бо мушкилоти ҳаёту рӯзгори ҳамзамонони моро ба риштаи тасвир гирифтаанд? Мӯҳтавою моҳият ва консепсияи ғоявию фалсафиашон аз чӣ иборат будааст? Ва оё ҳамин аҷзои муҳиму волоро, ки филми асилу муассирро ба майдон меоранд, дар худ ниҳон доранд ё на?!

Ғолибан, анқариб аксари филмҳои солҳои охир рӯйи навор омада аз ин ҳама банду бастҳои ҳатмии синамоӣ, воқеияти дардолуди замон ва падидаи ҷиддигароӣ дареғо ориянд ва берун ҳам мондаанд. Таҳияву омодасозии ҷамеи филмҳо ба назар дар ғояти шитобзадагӣ сурат гирифтаву мунтаҳо ба гунаи хеле соддаву беҳунарона ва ҳатто ғайриҳирфавӣ ба анҷом расида. Мисолаш ҳамчунон зиёд аст: чӣ "Дар орзуи падар", "Беҳуда хорам мекунӣ", "Сукут", "Ормонҳо", "Ширин" ва ғайраи дигар.

Чаро кинои тоҷик аслан номуваффақ аст?

Норасоиву камбуди ҷиддии синамои тоҷик дар таҳияву рӯйи навор овардани филмҳои ҷадид, ба андешаи мо ин қабл аз ҳама сохтакоронаву маснуъӣ будани қисмати бештари онҳо ба шумор меравад. Дар ин филмномаҳо, ки зиёдтар ба мавзӯоти иҷтимоӣ бахшида шудаанд, перомуни мураккабиҳову мушкилоти оилавӣ (драмаҳои хонадонҳо), муносиботи ину он аъзои як хонавода бо дигар оилаҳо, бозгӯйи ишқу муҳаббат, ки нокомтарину беҳадафтарин раванд дар синамои тоҷик ба назар мерасад, гӯё сухан меравад.

Аммо манзараҳое, ки мебинем, воқеӣ нестанд. Чун худи мавзӯъ ва матни пешниҳодшуда тақлидӣ будаву дарди замонро дар худ таҷассум накардаанд. Бархӯрди оилаву хонадонҳо бас тасодуфӣ ҷилва менамоянд (Мисолаш: дар филми "Ширин", "Беҳуда хорам мекунӣ"...).

Дигар камбуди филмҳо-қолабиву схематикӣ будани онҳост. Яъне коргардонҳои филмҳои мазкур аз думболи воқеияти матн ё асар намераванду худ филм месозанд. Қаҳрамонони филмро ба майлу хоҳиши дили худ ба куҷое, ки лозим шавад, кашола карда мебаранд. Ин сунъипардозӣ ҳатто дурӯғӣ воқеияти набударо ошкор месозад. Филмасал, дар роҳҳои мошингарди шаҳр мошинҳоро манъ бинмудану "ду-дувак" фурӯхтани яке аз қаҳрамонони филми "Беҳуда хорам мекунӣ" мисоли рӯшани ин гуфтаи мост.

Умуман, дигар ҷузъияти ин филмҳо, аз қабили ба бемористони маризиҳои рӯҳӣ афтидани қаҳрамони дигари асар - Анис, бар ивази Нозанин назди ӯ овардани духтари ба Нозанин монанд, бофтаву сохта ба чашм мерасанд. Аслан, мо ҳаргиз муаллифони филмномаҳоро ба он ваҷҳ мазаммат карданӣ нестем, ки аз дидани ҳақиқати воқеии зиндагӣ чашм пӯшидаанд. Вале чун матнеро баҳри офаридани филм омода ва пешниҳод менамоянд, он бояд ва ҳатман боварибахш ва реалӣ сурат бигирад.

Булаҷабии дигар, ки дар филмҳои тоҷик ба мушоҳида мерасад, ба навор омадани манзараҳои маросимҳое, чун тӯю сур ва мотаму ҷаноза мебошад. Гӯё муаллифони филмҳои тоҷикӣ дар намоиш додану ба маърази тамошогари имрӯзӣ вогузоштани анъаноти миллӣ-тӯю сур ва мотаму ҷаноза бо ҳам сабқат дошта бошанд, дар ҳар як филм фосилаи зиёди вақтро ба сабту намоиши манзараҳои дилбазани маросимҳои тӯй ва мотам сарф мекунанд.

Дуруст аст, ки маросимҳое, чун тӯю сур ва ҷанозаву мотам аз равандҳои анъанавию одатии мо, тоҷикон ба ҳисоб меравад. Аммо ба ҳадди ифрот расонидани ин падидаҳои зиндагӣ дар филмҳо дар зеҳну тасаввури кас, минҷумла як бинандаи дигар миллат, фикреро ба зуҳур меорад, ки зиндагии миллати тоҷик танҳо аз тӯю сур ва маргу мотам иборат будааст (ин ҳолатро чӣ дар филми "Ширин", чӣ "Беҳуда хорам мекунӣ" ва чӣ "Дар орзуи падар" (қисмати дуюм) баръало мушоҳида кардан мумкин аст).

Дар иддае аз филмҳо мантиқи ҳодисоту воқеаҳо хароб асту консепсияи ғоявии он яктарафа, якҷониба ва якпаҳлӯ ҳал гардидааст. Ба ин қисмати дуюми "Дар орзуи падар" мисол шуда метавонад, ки дар он танҳо бедодгариҳои як ҷониби силоҳбадастонро бинанда мутаваҷҷеҳ мегардад. Ҳам муаллифи филмнома, ҳам таҳиягару коргардон ба иштибоҳе роҳ додаанд, ки нависандаи асар роҳ додааст.

Умуман, дар дилхоҳ филми бадеӣ намоиши манзараву ҷузъиёти зиёдативу беҳадаф, суханрониву сӯҳбатҳои тӯлонии дилгиркунанда ҳусни онро яқинан коста мегардонад. Нуқси асливу муқаддами филмномаҳои муосири коргардонҳои тоҷик, бадбахтона, дар беҳунарии офарандагони нақшҳои он филмҳо хуфтааст. Чаро? Тайи солҳои охир филмофарӣ низ гӯё ба як тиҷорат ё "бизнес"-и тоифае аз ашхоси ҳангомаҷӯ мубаддал гардид. Нақши муҳимро, маъмулан, дар офаридани як филм пулу маблағи ҳангуфт мебозад.

Ва бад-ин низому тартиб, ҳар беҳунару чеҳрапардозе, ки ба гурӯҳи тоҷирон ҳамроҳ буд, "актёр", "актриса" ва "ҳунарманд" гардид. Вагарна, аз рӯи инсоф худ қоил шаванд, ки ба филмҳо сар даровардану таронасароии овозхонҳое амсоли Баҳроми Ғафурӣ, Олими Маҳмуд ва чанд тани дигар чӣ самаре ба бор оварда ё меорад?!

Ва боз: дар синамои тоҷик, бавижа дар филмҳое, ки солҳои истиқлолият рӯйи навор омадаанд, тафаккури баланди эҷодӣ ба нудрат дида мешавад. Як такону ҷунбиши навҷӯйӣ, офаридани нақшу симо ва характери қаҳрамони миллӣ дар заминаи рамзу ривоятҳо (мифологияи қадима) ба чашм намерасад. Филмҳои солҳои охир ба як нигоҳ бозгӯйи воқеоти рӯзмарраи ҳаёти мардум барои худи мардум аст, на чизи дигар. Аммо дар як чунин замону қарне, ки равандҳои мухталифу гуногунҳадаф, чӣ дар сиёсат ва чӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ шаклу ҷараён гирифтаанд, ба бинандаи муосири тоҷик, билхоса, ҷавонон бозтоби зиндагии пурмуаммову пурмоҷаро ва мушкилотзои ӯ кам аст, ҳамакнун бо ба навор гирифтани филмҳои ҷадиду пурғунҷоиши донишу ҷаҳонишиносии ӯро мебояд фарох гардониду вусъат бахшид. Валек ин паҳлӯи муҳими ҳаётро дар синамои тоҷик қариб, ки дучор намеоем (ба истинои якчанд филми Носир Саидов, Бахтиёр Худоназаров, қаблан Бақо Содиқов).

 

Носталгия ё зинда бод филмҳои замони Шӯравӣ?!

Аҷаб андешапардозие! Қисмати аъзами ҳунарварони синамо, таҷрибамандони соҳа, коргардонҳову таҳиягарони сермаҳсул ва иддае аз коршиносони ин бахши умдаи ҳаёти ҷомеа ҳамин ки сухан аз филмҳои номуваффақу нокоми солҳои пасошӯравию истиқлолият дар миён омад, бадарду ҳасрат аз кинои солҳои Шӯравӣ ёд меоранд, қатор андар қатор филмҳои мавзӯю мӯҳтавояшон бо ҳамон давру айём созгорро ситоишу васф мекунанд ва билохир ба натиҷае мерасанд, ки дар он замон "Тоҷикфилм" ҳароина дасти боло дошт.

Ва аммо гузаштаҳо гузашт, аз он ҳама сӯхтану пухтанҳо суду манфиате на ба синамо ва на ба ҷомеа заррае нахоҳад расид. Бояд зикр кард, ки дар ҳамон даврони "тиллоӣ" низ синамои тоҷик дар маҳдудаи мавзӯӣ филмҳо меофарид. На он айём ва на ҳоло як филми рағбатангезе на дар боби рӯзгори печидаву мураккаби муаллимон, донишҷӯён, табибон, олимон ва дигар намояндагони ақшори гуногуни ҷомеа офарида нашуда буданду ҳанӯз ҳам офарида нашудаанд.

Ёдам меояд, дар Русия ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ баъд аз фарҷоми кор ҷавонони музофоту деҳоти тоҷик филмҳои таваҷҷӯҳбарангези истеҳсоли синамогарони Русияро перомуни ҳаёту мактабиён, духтарони синфҳои болоӣ ва муҳассилини коллеҷу донишгоҳҳо ба шавқ тамошо мекарданд ва баъдан ғарқи ҳайрат аз банда мепурсиданд, ки чаро дар Тоҷикистон чунин филмҳо ба навор гирифта намешаванд? Чаро синамогарони тоҷик зиндагии пурдарду ҳасрат ва азобу мушкилоти муҳоҷири ватанро ба дараҷаи як проблемаи бузурги кайҳонию замонӣ намебардоранд, ки дар меҳвари он ҷавони ситамдидаи тоҷик қарор дорад? Чаро? Мушкил дар чист?

Шодӣ Малахзод{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)