Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 ноябр 2017, 10:38

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълони ҳукуматашро то фардо ба таъхир гузошт

8 сентябр 2014, 18:38

Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар нишасти хабарие дар Кобул суханронӣ мекард, бо интиқод аз фаъолияти Комиссияи мустақили интихботии Афғонистон гуфт, “барои як рӯз ҳам ҳукумати тақаллубӣ”-ро нахоҳад пазируфт.

Ҷаноби Абдуллоҳ дар ҷамъи ҳаводоронаш изҳор доштааст, то лаҳзаи охир ба хотири даст ёфтан ба як натиҷаи матлуб, ки мавриди қабули миллати Афғонистон бошад, роҳи гуфтушунидро тай кард. Пазириши ҳукумати ваҳдатии миллиро низ маҳз ба хотири дастёбӣ ба натиҷае донист, ки хостаи мардуми Афғонистон бошад. Ӯ дар идома гуфт, “мо ташкили ҳукумати ваҳдати миллиро як зарурат медонистем, аммо вақте вориди ин марҳила шудем, ба ин маънӣ набуд, ки мо тими бозанда ҳастем”.

Оқои Абдуллоҳ дар идома гуфт, ба хотири солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, то фардо эълони ҳукуматашро мавқуф мегузорад. Доктор Абдуллоҳ баъди он аз эълони ҳукуматаш хабар дод, ки мулоқоташ бо Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай бенатиҷа анҷом ёфт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Ноябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!