Бахшҳо
08 сен 2011 08:06Фарҳангу адаб

Сардаргумӣ дар ТВ «Пойтахт»

Дар пойтахти Русия аз шаби 5-ум ба 6-уми сентябр шабакаи ҷадиди телевизионӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки "Москва-24" ном дорад.

Ин шабака иттилоотӣ буда, 24 соат дар шабонарӯз ба таври зинда хабару гузоришҳоро аз шаҳри Маскав ва атрофи он манзури бинанда хоҳад кард. Мақомоти шаҳрдории Маскав зимни ифтитоҳи ин шабака гуфтаанд, ки "Москва-24" бо тамоми таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз аст. Иллати таъсиси чунин як шабакаро масъулин дар зарурати пешниҳоди иттилои саривақтӣ ба сокинону меҳмонони пойтахти Русия арзёбӣ намуда, ҳамчунин изҳор доштаанд, дар ҳоле ки тамоми пойтахтҳо соҳиби шабакаи телевизионии худ ҳастанд, Маскав низ бояд ба ин иқдом даст мезад.

Вақте ин хабарро мехондам аз пойтахти кишварамон ёд кардам. Воқеан, пойтахти Тоҷикистон ҳам шабакаи телевизионии худро дорад, ки шояд дар ҳеч пойтахти дигари дунё намунаи онро ёфтан амри маҳол бошад.

"Пойтахт" шабакаи телевизиони ҷамъиятист, ки ҳукумати шаҳри Душанбе муассиси он маҳсуб мегардад. Ин телевизионро мешавад якбора аз рӯи чанд номгӯй ба китоби рекордҳои Гиннес пешниҳод кард. 1. Барои тими эҷодӣ; 2. Кӯҳнатарин телевизиони асри 21; 3. Филм-плагиат;

Барномаҳое, ки ҳайати эҷодии ин шабака таҳия мекунанд, ба меъёрҳои журналистикаи имрӯз мутобиқ нестанд. Қолаби барномасозияшон низ шабакаҳои шӯравиро ба хотир меорад. Гузашта аз ин эҳсос мешавад, ки на ҳамаи кормандони ин шабака идеяву диди тозаи барномасозӣ доранд. Шояд сифати пасти барномаҳо ба дастгоҳхои кӯҳнаи сохти шӯравӣ тааллуқ бигирад? Зимнан, "Пойтахт" шояд ягона шабакаи телевизионӣ дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ (ё ягона ТВ дар тамоми пойтахтҳо) бошад, ки бо дастгоҳхои кӯҳна фаъолият мекунад. Шояд дастгоҳҳои рақамӣ низ дошта бошанд, аммо вақте ин шабакаро тамошо мекунӣ аз микрофонҳову наворҳо ва кадрҳои он эҳсос мешавад, ки бӯи дастгоҳи ҷадид барнамеояд. Дар ин шабака дилхоҳ филмро мешавад тамошо кард. Ҳатто филмҳое, ки ҳанӯз дар кинотеатрҳои кишвари истеҳсолкунанда намоиш дода нашудаанд. Ба гумони ғолиб ба мазмуни ин филмҳо қабл аз ба эфир гузоштан касе таваҷҷӯҳ намекунад, зеро онҷо лаҳзаҳои фаҳшу таҳқирро низ баъзан вохӯрдан мумкин аст. Гузашта аз ин сифати бархе аз ин филмҳо ба ҳаде пастанд, ки дар як дақиқа чанд бор ист мекунанд. Пушти қутии ин филмҳо аслан "барои намоиши хонаводагӣ" (для домашнего прасмотра) навишта шудааст. "Пойтахт" барномаҳои мустақим низ дорад. "Занги телефон" яке аз чунин барномаҳост, ки ман онро муваффақнашуда меҳисобам. Микрофонҳо дар ин барнома ҳамеша мушкил доранд. Тарзи пешниҳоди он низ хоси як телевизион нест. Гузашта аз ин шаби 5-уми сентябр ин барнома гӯё рӯҳияи ҷашнӣ дошт. Онҷо якбора чанд сарояндаро даъват намуда буданд. Ва ровии барнома ҳар навбат бо ишораи даст якеро ба назди худ мехонд ва сипас мегуфт, ки "ҷои худро дар маркази саҳна бигиред". Гӯё агар он сароянда дар марказ неву дар лаби саҳна истад, фонограмма садо намедиҳад.

Воқеан, дар мавриди фонограмма. Зимни ба "маркази саҳна" баромадани чанд сароянда коргардон сурудҳоро иваз намуд, ки дар натиҷа ба ҷои фонограммаи суруди овозхоне, ки дар саҳна аст, оҳанги нафари дар навбатбуда баланд шуд…

Дар пешниҳоди иттилоъ низ ин шабака бо ду по мелангад. Барномаи "Пайём" ҳисоботро ба ёд меорад. Дар он фаврият, сареҳият ва муҳимият-се меъёри аслии барномаи иттилоотӣ дида намешавад. Дар мавриди сайти интернетӣ бошад, ҳоҷати гап нест.

Ман иддаои бар пояи ТВ "Москва-24" расидани ТВ "Пойтахт"-ро надорам, зеро дар шароити имрӯз ин чиз имконнопазир аст. Аммо ҳамчун як нафаре, ки дар пойтахти Тоҷикистон кору фаъолият дорам, намехоҳам, ки бо чунин шабакаи телевизионӣ назди хориҷиҳо хандахариш шавем. Бо умеди то маросимҳои навбатии ҷашнгирии истиқлолият симои пойтахт шудани ТВ "Пойтахт" ҳамаи кормандони ин шабакаро бо истиқлолият табрик мегӯям!{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)