Боздошти муовини раиси донишгоҳи Гулистон бо иттиҳоми ришвагирӣ
Хадамоти амнияи миллии Узбакистон аз боздошти муовини раиси донишгоҳи Гулистон бо иттиҳоми гирифтани ришва хабар додааст.
Ба иттилио манбаъ, Султон Норматови 35-сола, муовини раиси донишгоҳ оид ба таълим 5 сентябр дар утоқи кориаш дастгир шудааст. Ӯро дар гирифтани ришва аз довталабон гумонбар медонанд. “Имсол Султон Норматовро дар давраи дохилшавӣ ба донишгоҳ котиби масъули интихоб карданд. Ӯро ҳангоми гирифтани 500 доллар аз донишҷӯе, ки бо кӯмаки ӯ аз имтиҳон гузашт, боздошт карданд”,- хабар додаанд расонаҳои Узбакистон.
Ду моҳ қабл, Маъруф Қамбаров, ҷонишини декани факултаи филология низ ҳангоми гирифтани ришва ба ҳаҷми 1000 доллар боздошт шуда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |