Бино ба иттилои расида Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, ду номзади курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон дар ҳоли расидан ба як тавофуқоти сиёсиянд.
Гуфта мешавад, музокироти онҳо баъди зуҳри имрӯз оғоз шуда ва ҳоло идома дорад. Ду номзад ба натиҷаи ниҳоӣ нарасидаанд, ҳарчанд ба иттилои тими Аҳмадзай "қаламҳо барои имзои мувофиқатномаи сиёсӣ омодаанд".
Ситоди Абдуллоҳ ҳам гуфтааст, тарҳи тозаи тақсими қудрат умедворкунанда аст ва метавонад роҳро барои расидан ба тавофуқоти сиёсӣ ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳамвор кунад.
Ин дар ҳолест, ки Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури амалкунандаи Афғонистон ахиран гуфт, то расидани номзадҳо ба як тавофуқоти сиёсӣ натиҷаҳои овоздиҳӣ эълон нахоҳад шуд. Комиссияи мустақили интихоботӣ рӯзи гузашта гуфт, овозҳо бозшуморӣ шуда ва рӯзи якшанбе натиҷаи он эълон мешавад.
Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд 45 дар сад ва рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд. Аммо Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфт, дар даври дувум Аҳмадзай бо касби 56 дар сади овозҳо баранда шудааст. Ба дунбол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуб муттаҳам кард. Бо ташаннуҷи авзоъ, Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон барои бозшумории раъйи мардум бо ширкати нозирони байналмилалӣ розӣ шуд.
Мӯҳр