Бахшҳо

Turajon.org: “Агар зан нахоҳад бо шавҳараш зиндагӣ кунад, пеши муфтӣ равад"

Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо ба ҳамсарони муҳоҷирони кории тоҷик, ки мудати тулонӣ дар хориҷанду нафақаи онҳоро таъмин намекунанд, иҷоза додааст, ақди никоҳи худро яктарафа бекор кунанд.

Ин торнамои исломии кишвар гуфтааст, агар зан намехоҳад, бо ингуна шавҳар зиндагӣ кунад, метавонад ба муфтиёт муроҷиат карда, ақди никоҳашро бекор ва оилаи нав барпо кунад. Ин фатвои торнамои хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо дар посух ба суоли корбаре дода шудааст, ки мепурсад: “агар зану шавҳари зинда бо ҳам шаш моҳ набошанду мард нафақаи ин занро таъмин накунад ва талоқ ҳам надиҳад, пас оё байни ин ду нафар талоқ ба вуқӯъ омадааст ё не?”

Turajon.org навиштааст, бо ҳам набудани зану шавҳар ба муҳлати 6 моҳ ва ё зиёда аз он, таъмин нашудани нафақаи ин зан аз сӯи шавҳараш сабаби ба миён омадани талоқ нахоҳад шуд: “Вале агар зан нахоҳад, дигар бо чунин шавҳар зиндагӣ кунад, метавонад ба муфтиёт муроҷиат кунад. Вақте муфтӣ фатвои ҷудоии ӯро аз шавҳараш баровард зан баъди тамом шудани идааш метавонад, шавҳар бикунад.”

Ин муроҷиат ва фатвои Тураҷонзодаҳо дар ҳолест, ки даҳҳо зани тоҷик ба далели дур будану солҳо бедарк шудани шавҳарони муҳоҷири худ ранҷ мекашанд ва намедонанд бо фарзанду хонаводаашон чӣ кор кунанд. Бисёре аз мардони тоҷик дар пайи муҳоҷираташон ба Русия бо духтарону занони рус издивоҷ карда, зоҳиран зану фарзандони тоҷики худро аз ёд мебароранд ва ҳамин тавр хонаводаашонро дар чорроҳа мегузоранд. Намунаи барҷастааш даҳҳо баҳси матбуотии муҳоҷирони тоҷик бо ҳамсари русу тоҷикашон аст, ки чандин бор тавассути телевизионҳои Русия ба намоиш гузошта шуданд.

Метавон, қиссаҳои саргузашти Саид Шарифов, як муҳоҷири тоҷик, дар Русияро мисол овард, ки тавассути барномаи “Пусть говорят” намоиш дода шуд. Бар асоси гуфтаҳои ин барнома, муҳоҷири тоҷик бо вуҷуди он ки ӯро дар Тоҷикистон чанд фарзанд ва занаш интизор аст, дар Русия бо Елена Кострикин, зани мутааҳҳили рус робитаи пинҳонӣ ба роҳ монда, ҳатто фарзандор ҳам мешавад. Ин мард хабарҳо дар мавриди оила, зану фарзанд ва волидайнашро, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранду дар бораи ҳаёти ӯ тӯли даҳ сол мешавад иттилоъ надоранд, аз зани рус пинҳон карда, ҳатто ба ӯ пешниҳоди издивоҷ низ мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Камар
а мулло бо занхомона дар хаму Точикистон проститутка накни. Бас кун илтимосссс

О Камарчон гапи нодуруст мезани, чаро гуфтанда ки хакикат аст меоянду пула мебинанд аз хама чиз фаромуш мекунанд, албатта ин на ба хама мухочирон дахл дорад. Лекин аник аст ки 50-60 фоизи мухочир хамин коро мекунад, хато падару модарашро фаромуш мекунад. Так что занотона сохиби кунед бародарони мухочир,ки гуфти Камарчонмон праститутка нашаванд........

абдуло
Камар,
занта сохиби кун хичкас проституткаш намекунад. Вакте сохиби накарди ва зан нахохад бо ту зиндаги кунад пас чи кор кунад? Ислом барои чунин зан ичоза додааст аз шавхараш чудо шавад.

Бахром,
Камар! Занора Турачонзодахо фохишаги даьват надоранд. Барои онхо рохи халоси аз шавхари дуюсро пешниход кардаанд. Бо таксичтё ё гургони зинокор дар вакти набудни шавхаршон зино кунанд праститутка нею, хакашона талаб када чудо шаваннду шавхар кунанд праститутка а?

Хуршед
Магар дар Точикистон конунхои мулки ва давлати амал намекунанд? Ё конунхои шариат чори шудаанду мо бехабар мондем. Чаро хукумат ичозат медихад, ки муллохо хар гуна фатво бароранд. Фардо онхо фатво мебароранд, ки муаллимхо кофиранд, онхоро сангсор кунед. Он вакт дер мешавад.

Муаллим
Хуршед,
Акаи Хуршед, худат ба фикрам дар асри 21 зиндаги дори на дар асрхои пешин. Куръон ва шариат барои хидоят ефтани мардум нозил шудааст ва рохи хама гуна мушкилоти чомеъаро баен намудааст. Ту мард хастию агар як хафта оилаат дар наздат набошад чи гуна хис мекуни? Ту фикр намекуни, ки занхои бечорае, ки шавхархояшон онхоро солхо сурог намекунанд ва дар хонаи шавхар мунтазиранд, чи ахвол доранд? Магар факат мардхо хакки хамхобаги доранду халос? На, бародар Худованд хакки зану шавхарро баробар гуфта таъкиди сахте кардааст, ки занхоро (бо хамхобаги) конеъ кунед, чунки онхо хам нафс доранд. Инчо оилаи Турачонзодахо халли мушкилиро пешниход кардаанд, ки занхо аз хукуки худ бохабар бошанду агар хоханд чудо шаванд ва оилаи нав бунед кунанд. Худат боши мавзуъро ба дигар су бурда ким чихо гуфта истодаи. Афсус бародар, ки холо хам дар гафлати...

Камар
абдуло,

ин муллохои шумо болиштро 7то мондаги дар хонаи гарм бо 4 ё 5 хонумча дам гирифта хар фатвое, ки аз даханашон баромад гуфтан мегиранд. акаллан ба Россия 1 руза омада ба чои мо каланду бел гиранд ва гуломи Русхо бошанд баъд мефахманд ки зиндаги чисту оиладори чист! барои хамин ситуатсияра нодида аз даханашон чизе баромад нагуянд. ай пушти хочахои арабашон нашаванд, чунки зиндагии онхо аз мо даххо маротиба фарк дорад

Маслихат барои бачахои точик, агар рафтани шуден Россия ба нияти гирифтани гирифтани зани урус, пешика занотона талок тиен бад равен, дар инча дарба дар гушна гаштана дигар шу кнан. Барои ки бисёрихо беномус шудиян. Боз якхелтон давлат меген, давлатба фаркуш нест, ягонтата занотона тамин намекуна давлат. ИН фатво дууст аст сад фоиз!

абдулох
Камар,
пас бояд зани бечора дар никохи чунин мрдаи даюси масьулият нашносе ки аз занаш солхо дураст ва бар зами ин нафакаи уро таьмин намекунад, бояд биистад? Яьне хамин рохи халро пешниход мекуни? Магар ин зулм нест? Магар ин поймол кунии хукуки зан нест мухтарам демакратхо?

Камар
абдулох,
Хандонди да лекин. сабаби аввали поймоли хукуки занхо ин мавчуд будани ин муллохо аст. То мо ин муллохоро решакан накунем дар хамон асри миёна боки мемонем

Бахром
ман дар холати масти занамро хафт талок додам ин хисоб аст ё не?

Сало ман як савол дорам хами оилаеки яксо зиндаги кард фарзандор шуд вале бад зан мехохад чудошавад фарзанда метавонад мардаг гирад Чи прав дорад зан дар хамин холат

Салом алекум савол чавоб

судья
сухроб,
Агар Шумо дар Точикистон зиндаги кунед кудаки ноболиг бо модараш мемонад. Ва баъди ба 14 солаги расидан метавонад ихтиёр кунад бо ки зистанро.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)