Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 11:37

Оқил Оқилов: Роҳи пешгирифтаи Узбакистон созанда нест

18 сентябр 2014, 08:32

Оқил Оқилов, нахуствазири пешини Тоҷикистон мушкилии асосии имрӯзу дирӯзи кишварро ба вобастагии ҷумҳурӣ "ба омилҳои беруна" марбут донистааст.

Оқил Оқилов ин нуктаро аснои суҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорони торнамои "Pressa.tj" изҳор доштааст. Ба қавли ӯ, солҳои қабл, вақте кишвар бо Узбакистони ҳамсоя дар соҳаи расонидани захираҳои энергетикӣ ҳамкорӣ дошт, мушкил камтар буд ва ҳамаи масъалаҳои вобаста ба дастрас намудани захираҳои энергетикӣ бо роҳи гуфтушунид, бо назардошти манфиатҳои ҳарду ҷониб ҳаллу фасл мегардиданд. "Мутаассифона, ҳамсояи мо минбаъд роҳи дигарро пеш гирифт ва ин роҳ - роҳи созанда нест. Баромадани Тоҷикистон аз шабакаи ягонаи барқӣ, роҳбандиҳо ва надодани гази табиӣ ва ғайра хоҳ нохоҳ ба иқтисодиёти кишвар таъсири худро гузошт, ки ин ба манфиати ҳарду тараф нест. Вале кишвари мо, ки дар ин ҷо фарорасии гуруснагию қашшоқиро пешгӯйӣ мекарданд, аз ин вартаҳо наҷот ёфт ва ҳоло рушд карда истодааст",- таъкид кардааст ҷаноби Оқилов.

Нахуствазири собиқ ҳамчунин ба ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Қазоқистон ишора карда, гуфтааст, "вақте Тоҷикистон ҳанӯз дар ҳалқаи ягонаи энергетикӣ буд, Қазоқистон аз кишвари мо 10 миллион доллар аз ҳисоби барқ қарздор буд. Аммо дар он ҷо ташкилотҳое, ки ин барқро истифода бурда буданд, аз байн рафтанд. Вақте ки ман бо сарвазири ин кишвар дар тамос шуда, масъаларо фаҳмондам, мо якҷоя роҳи ҳалли онро ёфтем ва қазоқҳо ба ивази ин қарз сӯзишворӣ ва ғалладона доданд".

Оқил Оқилов, ки аз соли 1999 дар курсии нахуствазирӣ менишаст, авохири моҳи ноябри соли 2013 бознишаста шуд ва симматашро дар ихтиёри Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд гузошт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • арра

  • 18 сентябр 2014 09:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин собик-сарвазир дар умраш чор сухани бомаъниро нагуфтааст.
Посух додан
  • Анушервон

  • 18 сентябр 2014 11:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Узбакистон чи кор дори, Душанбе як кучаи Тошканд. Худо бигу ва тавба кун, ки аслан кор накарди.
Посух додан
  • Domullo

  • 18 сентябр 2014 12:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
koran jazir mekunanu marduma "omili beruna" megan. biyo moned mardumro gusfand khayel nakuned. agar dar umri khesh mayshu nush karda gired, nasli navras ro ham fikr kuned, ki chi oyanda tuhfa mekuned?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акои худам, хамин пенсиятона гирифта, тинчакак шинид акун.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин пенсионераш хам вазифа мехохад чй?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окилпур,
пропискаш рос наомаэстай, ГЕОГРАФИЯ балам!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
проблемаи асосии Точикистон чунин кадрхо хастанд, на Узбекистон.
Посух додан
  • Anonym

  • 20 сентябр 2014 15:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xaxaaxxxaxaxaa УЗБАКИСТОН
Посух додан
  • вароруд

  • 2 октябр 2014 23:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
15 сол дар вазифа буд як коре созанда накард ки созиш шавад бо хамсоя - акнун ру ба газету интернет овардааст?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!