Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 июн 2017, 08:31

“Билайн” гуфт, сайти “Озодагон”-ро "министерство связи" бастааст

18 сентябр 2014, 12:51

Бархе аз муштариёни ширкати мобилии “Билайн” мегӯянд, тайи чанд ҳафта аст, ба бахши тоҷикии торнамои “Озодагон” дастрасӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки пас аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи ноябри соли 2013 то кунун тавассути хизматрасонии ин ширкат вуруд ба бахши русии хабаргузорӣ номумкин буд.

Як масъули ширкати “Билайн”, ки номашро ифшо накард, дар суҳбат бо хабарнигори “Озодагон” масдудияти бахши тоҷикии сомонаро таъйид карда, гуфт, ҳоло ҳеч муштарии онҳо ба ин торнамо дастрасӣ надорад, “шояд министерство связи маҳкам карда бошад”. Аммо ӯ, аз шарҳи бештар худдорӣ карда изҳор дошт, беҳтар аст бо бахши равобити оммаи ширкат тамос бигирем. Мария Веторази, масъули бахши равобити оммаи “Билайн” мегӯяд, дастрасӣ ба сайти "Озодагон"-ро ширкати онҳо маҳдуд накардааст: "Дар мо "Озодагон" боз мешавад".

Бархе муштариёни “Билайн” мегӯянд, аснои ворид шудан ба торнамои “Озодагон” эълонеро аз номи ширкат мехонанд, ки "Сомонаи мазкур бо сабабҳои аз "Билайн" новобаста муваққатан дастнорас аст. Мо кушиш ба ҳарҷ дода истодаем, ки дастнорасии мазкур ҳарчи зудтар бартараф карда шавад".

Дастнорас шудани бахши тоҷикии торнамои “Озодагон” дар ҳолест, ки як рӯз қабл аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон, ки шашуми ноябри соли 2013 сурат пазируфт, бархе аз ширкатҳои мухобиротӣ бо шумули “Билайн” дастрасӣ ба бахшҳои тоҷикӣ ва русии хабаргузориро маҳдуд карданд. Бо гузашти чанд вақт бахши тоҷикии сомона дубора дастрас шуд, аммо бахши русӣ ҳамчунон масдуд боқӣ монд.


“Билайн” гуфт, сайти “Озодагон”-ро "министерство связи" бастааст


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!