Бахшҳо

Раҳмон дар бораи интихобот, давлати исломӣ ва камбудиҳои ҳизби ҳоким

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ хостори пешниҳоди бештари номзадҳои ҷавон ва занон дар интихоботи ояндаи парлумонӣ шудааст.

Усмон Солеҳ, сухангӯи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 сентябр зимни суҳбатҳояш дар ҷаласаи Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ дар пайи таҳлили натиҷаҳои интихоботи парлумонии соли 2010 ва интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 ба масъулини ҳизби ҳоким дастур додааст, дар ҳавзаҳое, ки овози камтари мардумро гирифтаанд, корҳои ташвиқотию фаҳмондадиҳӣ пурзӯр гарданд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин хостааст, аъзои ҳизбаш дар Душанбе фаъолтар шаванд, чун маҳз дар Душанбе аҳзоб ва нерӯҳои алоҳидаи сиёсӣ талош доранд, нуфузро ба даст биёранд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин ба талошҳои ташкили давлати исломӣ, аз ҷумла Шому Ироқ дахл карда, таъкид намудааст, бояд фазои холии сиёсӣ дар кишвар пур гардад, то чунин гуруҳҳо роҳ наёбанд. Аз ҷумла иштироки беш аз 200 ҷангии тоҷик дар ҷангҳои хориҷӣ зикр шудааст, ки баъди баргаштан метавонанд, омили нооромкунандаи вазъ дар Тоҷикистон бошанд.

Дар ҷаласаи Кумитаи марказии иҷроияи ҲХДТ эълон шуда, ки Анҷумани ҳизб 13 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Интизор меравад, дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки охирҳои моҳи феврали соли оянда дар назар аст, ҳизби ҳоким 69 номзад пешниҳод намояд. Бино ба иттилои расмӣ, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ҳудуди 250 ҳазор аъзо дорад.
Мӯҳр
Darvesh
Aniq medonum ki i boz chi ast. Kadri javon va yo zanon. Qaroib omadesten ba sari maqsad. Tochno rangi Uzbekiston meshavad!!!!!!!!!

Рудаки
"Озодагон" шуморо хам хукумат аз худ кардагист магар, чаро дар бораи навори гасб кардани бозори Шахртус ва "Номард бошаму зинд бошам" сухани хусурбачаи президент чоп намекунед. Бе чоп кардани шумо хам мардум ин хабархоро мешунаванду мебинанд, аммо номи бузурги шумо моро хайрон мекунад...(медонам ки чоп намекунед) Амммо ин хамаги як пешниход аст.

Торпедо Кутаиси
Босаводхо зиёданд,махсусан аз минтакахои точикони тоза,лекин онхоро ба чурми оне,ки миллаташон тоза аст ва зидди суханхои "вовчик ва юрчик" хастанду дар маъракаи точиккуши ширкат наварзидаанд вазифа намедиханду интихоб хам намекунанд.

Рахим-46мкр
ОЗОДАГОН-шумо хам як олоти хукуматед,чи дагдага доред.Гапхои хакикиро чоп намекунед.Гапхое ки ба хукуматро хубанд хамонхоро факат чоп мекунед.Шумо хам як про........... хукуматед.Бас кунед ин бозихоро..

мо чавоно агар ба парлумон ворид шавем мусафедхо кучо мерафта бошанд онхо хечгох курсии хешро додан намехоханд

john cena
ээ ОЗОДАГОН чиба хакиката гап намезанен ? чун хаматон як чизен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)