Рушди инфрасохтори нақлиёт-омили аслии пешрафти иқтисодиёти ин ё он кишвар унвон мегардад.
Таври маълум, 93 дарсади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳсор ташкил медиҳад, аз ин рӯ тайи даҳсолаҳо аз сабаби набудани роҳ ба се қисмат ҷудо буд ва ҳамасола қариб шаш моҳ рафтуомади одамон аз як қисмат ба қисмати дигари мамлакат имкон надошт. «Бо мақсади таъмини рафтуомади доимии мардуми ноҳияҳои гуногуни кишвар, мо дар даврони истиқлолият як қатор шоҳроҳҳо, нақбҳо, роҳҳои оҳан ва пулҳоро сохта, мавриди истифодаи умум қарор додем»,- иброз намуд, президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 20 – солагии Истиқлолият. Райисҷумҳур афзуд, тайи як муддати начандон тӯлонӣ 1700 километр роҳҳои мошингард, 17 километр нақб ва беш аз 100 пул бунёд ва барқарор карда шуд. «Мо минбаъд низ барои таъмиру таҷдиди роҳҳои байналмилалӣ ва дохилӣ талош хоҳем кард, зеро роҳҳо шоҳрагҳои асосии рушди иқтисоди ҳар як кишвар ва василаи ба ҳам наздик шудани одамон мебошанд.
«То имрўз мо қариб тамоми инфрасохтори нақлиёти автомобилиро таҷдид карда, Тоҷикистонро ба қаламрави воҳид табдил додем ва рафтуомади доимии нақлиётро ба тамоми манотиқи кишвар, инчунин ба давлатҳои ҳамсоя таъмин намудем. Ва ҳоло бо ифтихор гуфта метавонем, ки ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлат - раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ расидем»,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.{jathumbnail off}
Мӯҳр