Бахшҳо
21 сен 2014 13:00Тоҷикистон / Сиёсат

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзайро барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълон кард. Аҳмадюсуфи Нуристонӣ, раҳбари ин ниҳод бидуни ифшои натиҷаи овоздиҳии даври дувум гуфт, натиҷаро дар ихтиёри ҳарду номзад - доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай гузоштааст. Ба қавли оқои Нуристонӣ натиҷаҳо баъдан нашр хоҳанд шуд.

Имзои тавофуқномаи чорсаҳифаӣ миёни Абдуллоҳ ва Аҳмадзай

Доктор Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 21 сентябр дар Арг ё Кохи раёсатҷумҳурии Афғонистон зери тавофуқномаи ташкили давлати ваҳдати миллӣ имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ки иборат аз чор саҳифа аст, оқои Аҳмадзай ба унвони райиси ҷумҳур эълон шуда, доктор Абдуллоҳ симмати раёсати иҷроиро дар ихтиёр хоҳад дошт. Ин тавофуқнома сиёсӣ аз ҳафт бахш иборат аст. Бар асоси бахши дувуми тавофуқнома, райиси ҷумҳур раёсати кобинаро бар уҳда хоҳад дошт. Тибқи таърифи ин санад, кобина аз райиси ҷумҳур, муовинони ӯ, садри аъзами иҷроӣ, муовинони садри аъзами иҷроӣ, мушовири аршади райиси ҷумҳур ва вазирон иборат аст. Ин бахш аз тавофуқнома, раёсати шӯрои вазиронро ба уҳдаи райиси иҷроӣ гузоштааст. Шӯрои вазирон шомили вазирон ва мутамоиз аз кабина аст. Райиси иҷроӣ маҷолиси фаръии кобинаро ба уҳда хоҳад дошт.

Аз ин тавофуқи сиёсӣ бисёре аз чеҳраҳои саршиноси Афғонистон, бо шумули Ато Муҳаммади Нур, волии Балх ва аз пуштибонҳои аслии Абдуллоҳ Абдуллоҳ истиқбол кардаанд. Намояндаҳои бархе кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳам аз ин тавофуқ изҳори хушнудӣ карданд. Ҳомид Карзай, райиси ҷумҳури феълии Афғонистон зимни суханронӣ дар расми имзои тавофуқнома гуфт, "Худованд ба шумо, ҳар ду бародар, комёбӣ насиб кунад, саодат насиб кунад, то шумо шабу рӯз дар хидмати миллати Афғонистон бошед ва корҳое, ки аз мо нашуд ва боқӣ монд, онҳоро шумо анҷом бидиҳед ва такмил кунед то мо орому хушҳол зиндагии худро пеш бибарем".

Дирӯз бархе расонаҳои Афғонистон навиштанд, ки доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ қабул кардааст, вазифаи раёсатҷумҳуриро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва вазифаи раёсати иҷроӣ (сарвазирӣ)-ро худи ӯ соҳиб шаванд. Рӯзномаи “Ҳашти субҳ”-и чопи Афғонистон аз забони мақоми баландпояи тими интихоботии доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин хабарро нашр кард. Дар ҳамин ҳол гуфта шуд, бархе ҷонибдорони доктор Абдуллоҳ иддао доранд ӯ мисли интихоботи гузаштаи раёсатҷумҳурӣ бар ивази дарёфти маблағ ба ин тавофуқ розӣ шудааст.

Доктор Абдуллоҳ дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки 5 апрел баргузор шуд 45 дар сад ва рақиби ӯ Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай 31 дар сади раъйи интихобкунандаҳоро соҳиб шуданд. Аммо Комиссияи мустақили интихоботии давлати исломӣ гуфт, дар даври дувум, ки моҳи июн сурат гирифт, Аҳмадзай бо касби 56 дар сади овозҳо баранда шудааст. Ба дунбол тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ комиссияи интихоботро дар тақаллуб муттаҳам кард. Бо ташаннуҷи авзоъ, Комиссияи мустақили интихоботии Афғонистон барои бозшумории раъйи мардум бо ширкати нозирони байналмилалӣ розӣ шуд.

НУСХАИ ТАВОФУҚНОМАИ СИЁСӢ

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)

АКС: Ашраф Ғанӣ барандаи интихобот эълон шуд (НАВШУДА)


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
саид
кори нодуруст кард ин абдулло
худованд инсофаш диҳад

Ашраф Ғанӣ ҳеч вақт дигар аз вазифааш поён намеояд
он хобатрр ба об бигӯ, ки афғонистон обод мешавад...

Абдуло мо фикр кардем ту гаюри аммо афсус тарсу будаи умеди точиконро барбод дои.

абдулло абдулло умеди точиконро барбод дод, мо бар он андеша будем, ки у гаюр аст аммо тарсу будааст.

8
Точик хеч вакт унча ба хоким шуданша намегузоранд пуштунхо.

Ин ҳаққи Абдyлло бyд ки ҳаргиз раиси ҷyмҳyрии Ашраф Ғаниро қабyл накyнад чyн дар асл Абдулло дар ҳар дy давраи интихоботи пирyз шyда бyд. Набyди ҷасоратy далери дар мо Тоҷикон монеи бyзyргест дар расидани мо ба қyлаҳои баланд. Доктор Абдyлло ормонҳои Аҳмад Шоҳ Масyд мабни бар адолат ва баробарири миёни қавмҳо дар Афғонистонро барбод дод ва дар оянда Паштyнҳо ва Yзбекҳо ҳаргиз намегузоранд Тоҷике дар ин кишвар соҳиби номy ҷое гардад.

Салим
Точик дар хама чо точик аст. Номусашро бо пул мефурушад.

gggg
Фикри ман хамин аст ки Афгонистон бо Карзай обд нашуд, бо Ашраф Гани хам обод намешавад.Худо ба миллати бо фарханги афгон сабр дихад.

Доктор Абдулло падвадит карди Точикора

асСафох
Доктор Абдуллох ягона рохе,ки имконияти дар садр (аслан солим ва зинда) мондан буд пеша кард.Ашрафи пашту имконияти бештар ва чонибдорони хоричихам доад

Tojik
Offarin, dar sharoiti kishvari Afghoniston, ki nisfi ziyodash mardumi pashtun tabor hastand, boyad chunin hukumat sari qudrat boshad, ki namoyandagii pashtunhoro dar hokimiyat kafolat dihad. Boyad sozish kunand yin behtar az jangu muqovimatu, hushunat.

Бо дустон мурувват, бо душманон мадоро...
Ахсан Абдуллох, кори начиб кардед. Дар интихоботи оянда ман бовари дорам шумо пируз хохед шуд.

Коршинос
50% кудрат барои точикхо дар Афгонистон пешравии хуб аст. Абдуллох бояд назорат кунад, ки ин 50% хакики бошад ва барои ин у бояд аз пулу неруи бузурги точикхо истифода кунад. Точикхои Афгонистон хеле часуру неруманд хастанд, мисли точикхои Узбакистон нестанд. Дар Афгонистон точикхо медонанд, ки душман (паштун) факат забони зуриро медонад ва бо у факат бояд бо ин забон гап зад. Ва Точикистон бояд ба точикхои ин кишвар пинхони ва рушод кумак кунад.

Антигузбак
Хама корро кунанд аммо нагузоранд ки Дустуми узбак дар атрофи давлат каллааш пайдо шавад.. аслан ба узбакхо набояд ход дод..

in afgonho kafomondaand yak intixobotro 6 7 moh mezanan bad hal meknan ina morabin sahar intixobotay ba abeta prizdenta elon meknan mardma gam nametan request winked laughing smile wink

Огох
Ба кулли мардуми точиктабори Афгонистон ин пирузиро табрикат мегуям худо инсоф дод вагарна хеч чоро намедоданд ба чонибдорони Доктор Абдуллох. Чорзону задану пак пак кардан осон АСТ. Такдири интохобот дар дасти дигарон буд. Худо нигахбонат Абдулло Абдулло аз хамсафони шери панчшер Ахмадшохи далер.

Точик
ба хамин Абдулло бовари доштам, ки аз ухам дилам монд,,,,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)