Бахшҳо

Тақсими 50/50 қудрат миёни Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ояндадор аст? Нигоҳи коршиносони тоҷик

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Дар ниҳоят баъди кашмакашҳои зиёд номзадҳои интихоботии Афғонистон ба ин натиҷа расидаанд, ки бо тақсими 50 ба 50 қудрат миёни тимҳои интихоботӣ ҳукумати ваҳдати миллиро ташкил кунанд.

Рӯзи 21 сентябр доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз тими Ислоҳоту ҳамгироӣ ва Ашараф Ғанӣ Аҳмадзай, аз тими Таҳаввулу тадовум дар ҳузури Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури феълии Афғонистон санади чорсаҳифаии тавофуқномаро имзо карданд. Тибқи ин тавофуқ, Ашараф Ғанӣ раиси ҷумҳур ва доктор Абдуллоҳ, мақоми раёсати иҷроиро ба душ хоҳанд дошт.

Ба гузориши расонаҳои Афғонистон тавофуқномаи имзошуда аз ҷониби ду номзади интихоботӣ бо миёнҷигарии дипломатҳои хориҷӣ ва Ҳомид Карзай ба имзо расидааст. Бо имзои ин санад сару садои зиёде расонаҳои Афғонистонро фаро гирифт ва бархе ҷонибдорони доктор Абуллоҳ ӯро ба вафо накардан ба аҳдаш интиқод карданд. Ба гунае, ки гуфта шуд, доктор Абдуллоҳ бо имзои ин санад ба ҳукумати тақаллубии доктор Ашраф Ғанӣ ҷомаи машруъият пӯшонд.

Таҷрибаи нодири тақсими қудрат

Бархе коршиносони тоҷик тавофуқи суратгирифта миёни Абдуллоҳ ва Ашраф Ғаниро барои суботи Афғонистон муҳим арзёбӣ мекунанд, вале дар мавриди давом овардани ҳукумат тардид доранд. Гуруҳе ба ин боваранд, тақсими 50 ба 50 қудрат миёни ду номзад таҷрибаи нодир аст ва агар ин ҳукумат муваффақ бишавад, саҳифаи наве дар таърихи Афғонистон боз хоҳад шуд. Саъдӣ Юсуфӣ аз ҳамин қабил аст, ки мегӯяд: “Чунин таҷриба дар зоти худ нодир аст ва табиъист, чуну чароҳои фаровонеро дар пай хоҳад дошт. Ояндааш рабт мегирад ба ин ки то чӣ ҳад дастандаркорони ин созиш ва муҳандисони ин мувофиқат дар кори худ содиқанд”.

"Дар Афғонистон низоми демократӣ ҳеч вақт вуҷуд надошт"

Бобоҷони Шафеъ, коршиноси масоили минтақавӣ бар ин назар аст, ки чунин тавофуқот дар давроне, ки фазои сиёсии кишварҳо буҳронӣ мебошад, аз ноилоҷӣ ба имзо мерасанд. Инчунин, ин коршинос бовар дорад, тавофуқи суратгирифта бо тарси оғоз нашудани ҷанг дар Афғонистон ниҳоӣ шуд: “Ин гуна тавофуқҳо ба хотири кам кардани танишанд, вале ҳаргиз роҳи ҳалли мушкил шуда наметавонанд. Муддати се моҳ сари як масъалае баҳс карданд, ки Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико, дар як рӯз дар миён гузошта буд. Ин ба он маъност, ки мушкил зиёд аст ва харчанд тавофуқ сурат гирифтааст, танҳо ба он хотир, ки ду ҷониб аз ҷанг тарсидаанд ва агар ҷанг мешуд, ҳатман нерӯи сеюм ғолиб меомад. Мо хостори суботи Афғонистонем ва аз ҳар тавофуқе, ки садди роҳи хунрезӣ мешавад, пуштибонӣ мекунем”.

Сиёсатшиноси тоҷик Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ба тавофуқ расидани номзадҳои интихоботӣ барои суботи Афғонистон хеле муҳим буд ва ин санад пеши роҳи эҳтимоли оғози як ҷанги дохилӣ барои қудратро гирифт: “Дар сурати ба тавофуқ нарасидан эҳтимоли шурӯъи ҷанг дар миён буд. Барои ин тавофуқи номзадҳо барои суботи Афғонистон муфид аст ва бовар дорам, ин буҳрон то андозае ҳал шуд”.

Ба назари коршиносон ба бунбаст кашидани интихоботи Афғонистон пеши роҳи ба таври демократӣ вогузории қудратро хадшадор кард. Ин бундаст дар давроне ба вуҷуд омад, ки Афғонистон ба системаи демократии интиқоли қудрат ниёз дошт. Аз ҷониби дигар, интиқоли мусолиҳатомез метавонист ҷавобе бар ифротгароёни тунрав дар Афғонистон бошад, ки ба демократия ва системаи идории давлатдории демократӣ бовар надоранд. Ба иддаои Парвиз Муллоҷонов, дар Афғонистон ҳеч вақт низоми демократӣ набудааст ва бунёди чунин низом ҳамеша зери суол қарор мегирад. Ӯ таъкид мекунад, васила ва роҳҳое, ки барои ҳалли низоъ истифода мешавад, ҳеҷ вақт бо меъёри демократия созгор нест: “Он васила ва роҳҳое, ки барои ҳалли низоъ ҳоло истифода мешавад, аз меъёрҳои демократия хеле дур мебошад”.

Ҳукумати ваҳдати миллӣ бо ду раҳбар

Коршиносон давом ёфтани ҳукумати ҷадид дар Афғонистонро ба омилҳои иқтисодиву сиёсӣ ва амниятӣ вобаста медонанд. Бархе соҳибназарон бар ин фикранд, ки ҳузури тими доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар қурат агар ба манзури он набошад, ки тими муқобилро бо ин роҳ шикаст диҳад, ин ҳукумат давом хоҳад кард. Ба қавли Парвиз Муллоҷонов, ояндаи ҳукумати ҷадид ба вазъияти сиёсиву иқтисодии Афғонистон марбут аст: “Давом кардани ҳукумати ваҳдати миллӣ ба вазъияти сиёсиву иқтисодии Афғонистон бастагӣ дорад. Захираҳои молӣ, инчунин вобаста ба ягонагии ҳукумат ва чанд омилҳои дигар вуҷуд дорад, ки ба давом кардани ин ҳукумат таъсир хоҳад гузошт”.

Дар иртибот ба ин Бобоҷони Шафеъ таъкид мекунад: “Ба гумонам, агар ин ду солро таҳаммул кунанд, шояд дар марҳилаи баъдӣ вазъ дигар шавад. Тоҷикистон аллакай мавқеи худро расман изҳор доштааст. Барои Душанбе муҳим нест, кӣ сари қудрат меояд, муҳим Афғонистони якпорча ва босубот аст”.

Бо ин далел, ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки шомили ду тими интихоботӣ мебошад, бояд 5 сол Афғонистонро раҳбарӣ кунад. Тибқи тавофуқҳо муҳимтарин коре, ки ин ҳукумат бояд анҷом диҳад, ташкили низоми ҷадид дар Афғонистон аст. Ин низом шомили он аст, ки дар сохтори қудрат баъди ду сол вазифаи сарвазирӣ бояд эҷод шавад, ки роҳро аз кишвари раёсатҷумҳурӣ ба парлумонӣ ҳамвор мекунад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ризо
Ба фикри ман на он кадар ояндадор аст, аз тачрибаи мо ин маълум аст.Мирзо Зиёев ва Сангаку Файзаливу Гафору Искандарро то наберахошона ва Зайд Саидовро то адвокатхояшу сагбачаи дари хонааш нест карданд. Чи чои бахсу 50/50 ва 30/70? ОЗОДОНА илтимос чоп кунед.!

Трабзонспорн
Шояд ин кор дихад.Дар Точикистон низ опозиция имконияти хукумати 50 дар 50 ва ташкили хукумати муросои миллиро дошт,лекин онхоро фиреб карда ва баъдан нест карданд,ки баъди он муддати зиёда аз 10 сол боз шуру ошубхо ва кушторхо давом карда,вахдату ягонагии зоимаро ба вучуд наовард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)