Бахшҳо
22 сен 2014 15:05Тоҷикистон / Сиёсат

Эътирози Зоиров аз тамдиди ҳабси Қудратов: Худашон нахостанд!

Раҳматилло Зоиров, вакили дифои Шуҳрат Қудратов аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ дар бораи тамдиди ҳабси зерҳимояаш шикояти кассатсионӣ бурда, талаб кардааст, Қудратов аз боздошт раҳо гардад.

Зоиров имрӯз, 22-юми сентябр дар шарҳи муҳтавои шикояти кассатсионияш ба “Озодагон” гуфт, аз додгоҳи Душанбе хост, Шуҳрат Қудратов бе иҷозаи баромадан аз ҷои истиқомат дар давоми баррасии парвандааш аз боздоштгоҳ озод карда шавад. Ин вакили дифоъ қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки 19-уми сентябр содир шуда, боздошти Қудратовро барои ду моҳи дигар, то 21-уми ноябр тамдид кардааст, беасос хонд: “Ҳеч асосе барои таъхиргузорӣ вуҷуд надорад. Худашон амалиёти тафтишотро аз аввал дуруст ба роҳ монда натавонистанд. Ҳама имконятҳоро барои анҷоми тафтишот доштанд, вале худашон анҷом додан нахостанд”.

Зоиров аз додгоҳи Душанбе талаб дорад, ки қарори баровардаи додгоҳи Фирдавсиро бекор кунад.

Қаблан Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон қазияи боздошти Шӯҳрат Қудратовро шарҳ дода, афзуд, ки Қудратов дар додани пора муттаҳам шуда, алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 36 қисми 4; 32 қисми 3 ва 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда оғоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол Турабек Охунов, бародари Ҷурабек Охунов, раиси ширкати “Мовароуннаҳр” низ ахиран алайҳи Қудратов ба мақомот шикоят бурда, иддао кардааст, ки ин вакили дифоъ 10 ҳазор доллари хонаводаашро аз худ кардааст.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, ки аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов дифоъ мекунад, ҳамаи ин иттиҳомотро беасос медонад.

Зоиров мегӯяд, "ҳоло мақомот бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қаллобӣ, алайҳи Шӯҳрат Қудратов айбнома эълон кардаанд, ки асос надорад". Дар ҳоле ки, ба қавли ӯ, ҳангоми рӯбарӯкунӣ Шӯҳрат Қудратов иддаои Тӯрабек Охуновро дар бораи гирифтани даҳ ҳазор доллар рад карда, гуфтааст, ҳамагӣ барои бист моҳи ҳимояташ аз Ҷӯрабек Охунов 7 ҳазор доллар ҳаққи корашро гирифта буд, на бештар аз он.
Мӯҳр
Шер
Зоиров зури бехуда миён мешиканад, бехуда зур назан.

инро касдан хамин хел мекунанд. ки психологияи Шухратро вайрон карда уро бишкананд,.

нимчаюрист
Мухтарам Зоиров амалиёти тафтишот ва дигар гапхо хамаш йерунда, мефахмеду худатонро ба нодони мезанед, бори дигар хотиррасон мекунем, ки боздошту хабси Шухрат Кудратов, Зайд Саид, Ёкуб Салим, Искандаров М. супориши буда онхо махбусони сиёси ё фахмотараш барои Шумо политзаклечнный мебошанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)