Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 22 март 2019, 22:07

Нома аз Самарқанд: Дуздиҳои рӯи рост дар китобҳои илмӣ шармандагӣ аст

23 сентябр 2014, 07:55

Унвонии “Озодагон” тавассути манзили электронӣ мактубе расид. Муаллифи ин нома навишта, муаллим ва пажӯҳишгари таърих аз Самарқанд аст. Дар мактуб гуфта мешавад, барои мушкил эҷод нашудан дар ҷойи кораш ном ва насабашро тағйир додааст. Ҳоло ин нома, ки ба гуфтаи муаллиф “назари як муаллими таърих дар бораи вазъи илми таърихнигории Тоҷикистон аз шаҳри бостонии Самарқанд” аст пешниҳоди шумо мегардад. Агар назаре доред, зери матлаб бинависед.


“Мо тоҷикони Самарқанд ҳеҷ гоҳ худро аз бародарони тоҷикистонии худ ҷудо намепиндорем ва ба он чӣ ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузарад, бетафовут нестем. Ман ҳам, мисли бисёр дигар тоҷикони Самарқанд ҳафтаномаҳову сайтҳои марбут ба таъриху фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамеша мутолиа мекунам.

Соли гузашта ба баҳсҳое, ки дар бораи китоби “Таърихи халқи тоҷик” (Ҷ. 4, чопи Академияи илмҳои ҶТ, зери назари академик Р. Масов), ки дар ҳафтаномаҳои “Миллат”, “Озодагон”, “Фараж” ва сайтҳои мухталиф матраҳ шуда буд, ошно шудам. Баъд аз мутолиаи мақолаи муаррихи шинохтаи тоҷик Луқмон Бойматов (“Масовизм” дар Институти таърихи Академияи улум. // Миллат, 2013, 09 Январ, № 2 (384), мақсад гузоштам навиштаҳое, ки дар китоби академики “Таърихи халқи тоҷик” омадааст, бо навиштаҳои профессор М. А. Абдураимов - донишманди дар асл тоҷики Ӯзбекистони замони шӯравӣ, муқоиса кунам ва пас аз муқоиса дидам, ки нисбат ба ин муаррихи мо, ки инсони шариф буд, дар ҳақиқат ҷабр шудааст.

Муаллифи қисмати китоби академикӣ муҳаққиқи тоҷик профессор А. Саидов будааст. Ман эшонро намешиносам ва аз асарҳояшон хабар надорам. Мутассифона, ин муаллиф бе ин ки ҳатто як бор ба навиштаҳои профессор М. А. Абдураҳимов иқтибос кунад, сар то по ҳамаи матлабро аз номи худ навиштааст. Мумкин аст, муаллиф дар ҷойе хатоиҳои техникӣ намояд, вале айб аст, агар муҳаққиқи китоби илмӣ ва академикӣ ҳамаи таҳлилҳои муаллифони гузаштаро аз номи худ бигӯяд! Барои ин ки, гуфтаҳоям дурӯғ набошад, намунаҳоеро аз навиштаҳои ҳар ду олими Академия меорам ва хонандагонро барои дарки ҳақиқат даъват мекунам, ки ботваҷҷӯҳ назар андозанд.

Бинед дар саҳифаи 263-и китоби профессор М. А. Абдураҳимов омадааст: “В известных нам источниках XVI - XVIII вв.. за редким исключением, мы почты не встречаем сообщений о постройке новых ирригационных сооружений, если не считать ремонта старых каналов (нахр) и арыков (джуй). Исклюючение составляет деятельность шейхов Джуйбари, оводнивших много заброшенных земель.” (М. А. Абдураимов. Очерки агарарных отношений в Бухарском ханстве в XVI - первой половине XIX века. Т. 1. М., С. 263).

Акнун нигоҳ кунед, профессори тоҷик А. Саидов дар ин бора чӣ менависад: “В доступных нам источника XVI - XVIII вв.. за редким исключением, мы почты не встречаем сообщений о постройке новых ирригационных сооружений, если не считать ремонта старых каналов (нахр) и арыков (джуй). Исклюючение составляет деятельность шейхов Джуйбары, обводнивших много заброшенных земель.» (История таджикского народа, Т. 4. С. 204).

Чунон ки мебинем дар навиштаи профессори тоҷики мо фақат як истилоҳ ба истилоҳи дигар (вожаи “известных” ба “доступных”) таъвиз шудааст. М. А. Абдураҳимов дар ҷилди аввали китоби хеш сохтани сарбандро ин хел тавсиф кардааст: “Плотины типа шлюза сооружались также и для регулирования распределения воды. В русле устанавливали треноги из бревен (сепаи), на которых укреплялись горизонтальные балки. На этот каркас накладывались хворост и камни. Поступление воды в каналы регулировалось путем закрытия и открытия просвета между балками каркаса исключительно ручным способом. В низовьях Зарафшана сепаи существуют и по сей день.” (Т. 1. С. 275).

Профессор А. Саидов дар китоби академикии “Таърихи халқи тоҷик” овардааст: “Плотины типа шлюза сооружались также и для регулирования распределения воды. В русле устанавливали треноги из бревен (сепаи), на которых укреплялись горизонтальные балки. На этот каркас накладывались хворост и камни. Поступление воды в каналы регулировалось путем закрытия и открытия просвета между балками каркаса исключительно ручным способом. В низовьях Зарафшана сепаи существуют и по сей день.” (История таджикского нарола, Т. 4, С. 207).

Профессор М. А. Абдураҳимов роҳҳои васеъшавии заминҳои обёриро дар Мовароуннаҳр ин тавр тавсиф мекунад: “Расширение площади орошаемых земель производилось исключительно путем поднятия уровня воды в реке или протоке с помощью дамб, котрые издревле сооружались различными способами, в зависимости от характера течения, от возможности заготовки устойчивого строительного материала. На мельководных горных реках незаменимым материалом служили скатившиеся вниз камни, из которых с помощью редких рядов деревянных устоев воздвигали плотины. “ (История таджикского народа, Т. 1, С. 274 - 275).

Аммо профессор А. Саидов дар китоби “Таърихи халқи тоҷик” як калимаро иваз карда гуфтаҳои болоро такрор мегӯяд: “Распределение площадей орошаемых земель производилось путем поднятия уровня воды в реке или протоке с помощью дамб, которые сооружались различными способами, в зависимости от характера течения, от возможности заготовки устойчивого строительного материала. На мельководных горных реках незаменимым материалом служили скатившиеся вниз камни, из которых с помощью редких рядов деревянных устоев воздвигали плотины.“ (История таджикского народа, Т. 4, С. 207).

Профессор А. М. Абдураҳимов дар бораи ҷӯйборҳои Бухорои он аср навиштааст: “В Бухаре, на Зарафшане, для поддержания в исправности головных частей канала и предохранения от прорывов, кроме наварда и земеляных плотин, сушествовали сооружения, носившие название курбанд (или чавак), из хвороста, дерна и, если они имелись, - из валунов и булыжника. В отличие от наварда курбанд сооружался прямо в воде. Запруживание производилось от одного берега. Сначала в реку сбрасывали хворост, затем валуны, булыжники и дерн.” (Т. 1, С. 274).

Аммо профессор А. Саидов дар китоби “Таърихи халқи тоҷик”, ҳатто як ҳарфро ҳам тағйир надода менависад: “В Бухаре, на Зарафшане, для поддержания в исправности головных частей канала и предохранения от прорывов, кроме наварда и земеляных плотин, сушествовали сооружения, носившие название курбанд (или чавак), из хвороста, дерна и, если они имелись, из валунов и булыжника. В отличие от наварда курбанд сооружался прямо в воде. Запруживание производилось от одного берега. Сначала в реку сбрасывали хворост, затем валуны, булыжники и дерн.” (История таджикского народа. Т, 4., С.207).

Ё дар ҷои дигар шарҳи профессор М. А. Абдураҳимов ин гуна омадааст: “Бухарские ханы, подобно хорезмским, лишали воды районы, лежавшие в низовьях каналов и рек. Например, Каракулдарья в местности Азизабад (ниже селения Зармитан) разделялась на два канала. Годова канала носила название “Дуоб” (букв. две воды, два арыка). Отсюда один канал шел в Джандар, Пейкенд (ныне Сайат) и Каракуль, а другой - в Бухару и его пригороды под названием Шахруд. Нередки случаи, когда бухарские ханы по тем или иным причинам лишали воды земледельцев Джандара, Пейкенда и Каракуля, особенно в маловодные годы. Пейкенд и Каракуль служили для Бухары водосбросом во время многоводья. Сама Бухара по отношению к Самарканду и Миянкалю.”(Т. 1, С. 273).

Муқоиса кунед, ки шарҳи ин мавзӯъи таърихӣ аз забони профессор А. Саидов дар китоби “Таърихи халқи тоҷик” ин гуна ироа шудааст: “Бухарские ханы, иногда, лишали воды районы, лежавшие в низовьях каналов и рек. Например, Каракулдарья в местности Азизабад (ниже селения Зармитан) разделялась на два канала. Годова канала носила название “Дуоб” (букв. две воды, два арыка). Отсюда один канал шел в Джандар, Пейкенд (ныне Сайат) и Каракуль, а другой - в Бухару и его пригороды под названием Шахруд. Нередки случаи, когда бухарские ханы по тем или иным причинам лишали воды земледельцев Джандара, Пейкенда и Каракуля, особенно в маловодные годы. Пейкенд и Каракуль служили для Бухары водосбросом во время многоводья, как сама Бухара по отношению к Самарканду и Миянкалу.”(История таджикского народа. Т. 4, С. 206). Дар ин ҷо, ибораи “подобно хорезмским” ба калимаи “иногда” иваз шудаасту халос.

Профессор М. А. Абдураҳимов дар бораи хусусиятҳои хоси заминдории давлатии хонигарии Бухоро навиштааст: "Особенность государственной собственности на землю заключалась в том, что государство через своих финансовых чиновников... эксплуатрирует держатели земли - сельские общины. При этом налог и рента, как уже говорилось, совпадают, и собранные государством суммы ренты - налога в натуре или в денгах распределяются затем в среде правящего класса в виде жалованья, пособий (марсумат), субсидий, подарков и т. д.“ (Абдураимов М. А. Очерки аграрных отношений в Бухарском ханстве в XVI - первой половине XIX века. Т. 2. - Ташкент, 1970, С. 13 - 14).

Акнун муқоиса кунед, ки профессор А. Саидов дар китоби “Таърихи халқи тоҷик” дар ин бора чӣ менависад: “Особенность государственной собственности на землю заключалась в том, что государство через своих финансовых чиновников эксплуатрирует держатели земли - сельскую общину. При этом налог и рента, как уже говорилось, совпадают, и собранные государством суммы ренты - налога в натуре или в денгах распределяются затем в среде правящего класса в виде жалованья, пособий, субсидий, подарков и т. д.” (История таджикского народа, Т.4, С. 213).

Ё мисоли дигар меорам. Профессор М. А. Абдураҳимов моҳияти заминдории мулкро ин гуна маънӣ медиҳад: “Мульк хотя и составляет безусловную земельную собственность различных слоев населения, верховным собственником земли являлось государство. И оно в различных видах землевладения, в том числе в мульковом, выступает..., как совладелец.”(С. 34).

Аммо профессор А. Саидов, пас аз андешаҳои зиёд боз ҳам навиштаааст: “Несмторя, на то, что мульк хотя и составляет безусловную земельную собственность различных слоев населения, верховным собственником земли являлось государство. И оно в различных видах землевладения, в том числе в мульковом, выступает..., как совладелец.”(История таджикского народа, Т. 4, С. 215).

Ё матлаби дигар аз китоби профессор М. А. Абдураҳимов меорам: “...Во многих из этих районов находилась также прочая недвижимость Ходжи - дома, дворы, крытые базарные ряды... (тим, тимче) торговые бани, базары, мельницы и т. п. Часть домов была выстроена самим Тадж ад-дином, остальные унаследованы от отца.”(С. 45).

Акнун муқоиса мекунем, ки профессори тоҷики мо дар ин бора чӣ менависад. Вай мегӯяд: “...Во многих из этих районов находилась также прочая недвижимость Ходжи - дома, дворы, крытые базарные ряды торговые бани, базары, мельницы и т. п. Часть домов была выстроена самим Тадж ад-дином, остальные унаследованы от отца.”( История таджикског народа, Т, 4, С. 217).

Профессор М. А. Абдураҳимов хусусуятҳои хоси заминдориҳои аҳди аморати Бухороро ин гуна ҷамъбаст кардааст: “Завещанное (земли, сады, мельницы, каналы и ключевые воды, лавки, крытые сараи-тимче, ремесленные мастерсские, базарные ряды, бани и др.) считалось собственностью учреждения, которому назначен вакф, и, следовательно, оно пользовалось доходами, полученными от вакфа. Вакфное имущество не могло продано, заложено, подарено или передано в руки частного лица. Вакфодатели могли обусловить пользование завещанным имуществом и землями и ряде случаев сохранить за собой право назначать мутаваллиев и других должностных лиц этих вакфов, но не имели права аннулировать вакф-наме и обращенное в вакф имущество вновь считать своей собственностью.” (С. 65 - 66).

Дар ин навиштаҳо муаллифи тоҷик фақат калимаи “все”- ро бар навиштаҳи профессор И. П. Петрушевский изофа кардааст. Таваҷҷуҳ фармоед: “Все завещанное (земли, сады, мельницы, каналы и ключевые воды, лавки, крытые сараи-тимче, ремесленные мастерские, базарные ряды, бани и др.) считалось собственностью учреждения, которому назначен вакф, и, следовательно, оно пользовалось доходами, полученными от вакфа. Вакфное имущество не могло продано, заложено, подарено или передано в руки частного лица. Вакфодатели могли обусловить пользование завещанным имуществом и землями и ряде случаев сохранить за собой право назначать мутаваллиев и других должностных лиц этих вакфов, но не не имели права аннулировать вакф-наме и обращенное в вакф имущество вновь считать своей собственностью.”(История тавджикског народа, Т. 4, С. 219).

Профессор М. А. Абдураҳимов дар бораи хусусияти андози хироҷ навишта буд: “Харадж-и мукасама-поземельная подать, исчисленная из доли уражая. Была она различной в зависмиости от областей и земель; взималась также натурой и деньгами. Размер мукасама зависел от воли государя.”(С. 150).

Бубинед, ки муаллифи китоби академикии “Таърихи халқи тоҷик” дар ин мавзӯъ чӣ менависад: “Харадж мукассам-поземельная подать, начисленная из доли уражая. В зависмиости от областей и земель, она была она различной. Харадж взимался натурой и деньгами. Размер мукассама зависел от воли государя.” (История таджикскогог народа,Т. 4, С. 221).

Профессор М. А. Абдураҳимов дар бораи хироҷи хироҷи муаззаф навиштааст: “В изучаемый нами период взимался харадж двух видов: 1) харадж-и муаззаф или харадж-и вазифа, размер которого устанавливался на определенные земельные площади независимо от урожаев и вообще от наличия посевов: подать эта поставлялась обычно натурой, иногда деньгами, дважды в год - весной и осенью.”(С. 149).

Муҳаққиқи тоҷики мо аз Академияи Тоҷикистон менависад: “В рассматриваемый период взимался харадж двух видов: 1. харадж муаззаф, размер которого устанавливался на определенные земельные площади независимо от урожаев вообще и от наличия посевов; обычная подать эта поставлялась натурой, иногда деньгами, дважды в год весной и осенью.” (С. 221).

Ин гуна мисолҳои муқоисавиро аз китобе, ки аз номи Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидааст, метавон бисёр овард. Агар профессор Луқмон Бойматов ин гуна дуздиро дар китоби академикӣ беш аз 70-80 маврид гуфта бошад, ба назари банда боз ҳам кам кардааст! Аслан, ин маврид фақат барои муқоисаи навиштаҳои як олими тоҷиктабори Ӯзбекистон (проф. М. А. Абдураҳимов) аст! Дар ҳақиқат агар бо муаллифони дигар, ки А. Саидов бар онҳо иқтибос надодааст, муқоиса кунем, ҳисоби дуздиҳо гум мешавад.

Агар академик Р. Масов дар ҳақиқат гуфта бошад, ки навиштаҳои профессор А. Саидов “иқтибоси озод” дар илм (ба гуфтаи Л. Бойматов) аст, хато аст! Саволам ба академик Р. Масов ин аст, ки миёни “иқтибосҳои илмӣ” ва “дуздиҳои илмӣ”, ки ман дар китобе, зери масъулияти эшон чоп шудааст, пайдо кардам, чист?

Ба назарам ин ҷо академик Р. Масов бедалел аз кормандони илмии худ А. Саидов тарафдорӣ мекунад, ки дар асл маънои ҳимоя аз “палагиатство” - “асардуздӣ” аст. Агар ҳамин гуна дуздиҳои рӯи рост дар китобҳои илмӣ рух диҳад, шармандагӣ аст”.

Муродҷон Расулов, муаллими таърих аз шаҳри Самарқанд


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • .

  • 23 сентябр 2014 08:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон олимони хакики ангуштшуморанд. Кисмати зиедашон лжеученый ва самозванец хастанд.
Посух додан
  • Далер

  • 23 сентябр 2014 08:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эх Муродчон Расулов! Содда будед шумо да. Дар Точикистон дар мади аввал холо "натича" меистад. Барои расидан ба хадаф ё натича аз хеч чиз пархез намекунанд. Ба фикри ман, асардузди ин хамон дуздии молу анвол хаст! Дузди - як чумла дуздиди ё дах чумла, як сомони дуздиди ё дах сомони. Хамааш харом аст! Факат на барои профессорони дуругии мо, ки хаёл мекунанд, ки дуздии онхоро ягон кас ифшо намекунад. Ва дар ин замон ин гуна профессор-дуздон дар чомеаи мо хеле зиеданд.
Ба шумо барои дарефти ин дузди як чахон ташаккур!!!
Посух додан
  • Хукукшинос

  • 23 сентябр 2014 09:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шумо метавонед ба суд ва прокуратура мурочиат кунед.Аслан Масову хамтоёнаш он кадар саводнок нестанд.Инро хама медонанд.Инчо тибки нормахои КЧ-и Чумхурии Точикистон аломатхои чиноят баръало намоёнанд.
Посух додан
  • точик

  • 23 сентябр 2014 09:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар даврони бесарусомони дар точикистон дастаи хаваскорон хамаашон дар самтхои гуногун бо нарххои гуногун профессор шуданд . Хозир бошад, ахли илм бо хам даъво дорад,барои маколанависию кутохандешии онхо.
Посух додан
  • shaha

  • 23 сентябр 2014 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар гуфтахои Муродчон расулов дар хакикат рост бошад ... ба холи чунин профессор
Посух додан
  • Ростгуй

  • 23 сентябр 2014 09:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Хукукшинос,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Далер,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
.......Охир ин Масов фикр кард ки Бобочон Гафурови 2-юм шавад. Аммо он чи ки устод Гафуров тадкик кардаанд зурраси дигар олимони ин раванд нест!
Посух додан
  • Farhod

  • 23 сентябр 2014 09:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар аввал агар ягон кас нисбати китобхои илмии точикистониён ягон шубха дошта бошад метавонад расман ба Академияи илмхои Точикистон мурочиат кунад. Баъдан бар зидди олимони баруманди точикистони, ки "символи" давлатдории мо хастанд, гуё як муаллими самаркандиии гуё, точик макола навиштааст, ин "Озодагон" бощад дарав онро ба чоп баровардааст. Якумаш макола аз узбекистон баромадааст, пас макола узбекистонист. Дуюмаш хама муносибати Точикистону Узбекистонро медонанд. Мисоли одди ГЭС-и Рогун руирост душманона намегузоранд, ки Точикистон рушд кунад. Сеюмаш точикон бехил нестанд. Писарони точик миллионхо идеяву маколаву асархо эчод карда ба дунё тухфа намудаанд, ягон маротиба намегуянд ки инаш аз мо аст, онашро мо эчод кардем, ё ана шумо дуздидед. Олимони точикасл на танхо барои худ балки барои одамият хизмат кардаанду мекунанд. Барои хамин муаллифи ин макола ягон раги точики надорад.
Дигар масъала ин ки хакикат бисёр аст. Мохтоб дар гириди замин чарх мезанад, замин дар гирди офтоб чарх мезанад, гови хамсояи мо дируз мурд, пагох писарамаки ман туй дорад, хамаи ин хакикат аст. Аммо бояд як чизро дар ёд дошт ки чи гуна ин хакикатро ба мардум пешниход мекуни. Магзи сари одам мисли хафак (мочалка) аст, дар чигуна обе, ки гутони хамон гуна рангро мегирад. Агар Шумо "Озодагон" аз каврхову аз гурхо танхо чунин маколахоро, чамъ оварда ба чоп расонед, пас акидаи мардум ранге, ки ба Шумо маъкул аст хамон рангро мегирад. Ман намефахмам, магар Шумо душмани Точикистон хастед, ки танхо хакикатхоеро ба чоп мебароред, ки бар заррари Точикистони имруза аст??????????? Чунин рафтор аз кучо сарчашма мегирад?????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат олимони ба ном ОЛИМ-и Точикистон камшуморанд. Хозир хамаи чизро дар ЧТ бо пул мехаранд ва мефурушанд. Айб аст.
Посух додан
  • Iqbol

  • 23 сентябр 2014 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кучо рафтанд он бузургони точик (таърихнигорон). Он китобхое, ки С.Айниву Б.Гафуров навиштанд дар хазор солахо барои олимони точик намуна барои асархояшон мебошад, охир истифода намоеду савсата навиштанро бас кунед, то касе Шуморо танкид накунад................... Шукр гуед, ки хатои Шуморо точик ёфтааст на дигар миллат...........................
Посух додан
  • пажуҳишгар

  • 23 сентябр 2014 10:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Плагиат ё асардузди шармандагист, махсусан солхои охир рисолахои илмии баъзе аз мансабдорони авомфиреб сад фоиз плагиат, аз рузномаву маҷаллаҳои хориҷӣ, интернет дуздида бо кумаки чоплусон ба номи худ мекунанд. Ба хотири қадри илму олими заҳматкаши тоҷик бояд, ки чунин диссертатсияҳои дуздӣ ва намоишии вазифадорони бесавод, барҳам дода шавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Cалом Алейкум Муродҷон Расулов муалими таърихи аз шаҳри бостони Самарқанд агар Шумо Точикистон меомадед анализи кардагиятон кати як шохири машхур мешудет. Дар Точикистон Точикхо хама мигрант шуда рафтанд Шоиру нависанда китобнавис озра авлоди нави турк мебошанд. Як гурух Точикикон бечора аз паси зиндаги дар русияю эрону афгонисто.дигар гурух точикон дар точикистон овозу садо надоранд баройи хамин давлати мо аз чойи худ намечумбад
Посух додан
  • асСафох

  • 23 сентябр 2014 11:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фазои илмии Точикистон амсоли вазъи сиёси,иктисоди ва ичтимоияш кассод аст. Дар он рушде дида намешавад ва харчизе ки хаст ин кулли асархои таърихияш аз асари Точикон то кунун кучонида мешавад.Агар имруз дилхох китоби таърихи халки точикро мутолиа кунед ин хамон асари Гафуров аст муаррихе имруз чизе кушиши наваиштан накарда аст. Рисолахои номзадиву доктори дур аз мантик ва манофеи милливу илми нигориста мешавад.Устод Лукмон Бойматов аз вокеъбаёни канор намондаанд. Агар имруз ниходе мебуду рисолахои номзади ва докториро тафтиш мекард мутмаинам,ки донишгохо ва вазоратхо аз (ъолимон) холи мегашт
Посух додан
  • Зарафшони

  • 23 сентябр 2014 11:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Firuz az Panjakent,

Оиди китоби "Точикон"-и Б.Гафуров низ гапхо зиёд аст, мухтарам панчакенти.
Посух додан
  • .

  • 23 сентябр 2014 12:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Зарафшони,

Короче китобро на худи Гафуров, балки як олими яхуди навиштааст.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!